Яке аз сарватмандтарин шахсони дунё асосгузор ва директори кулли Amazon — Джефф Безос барои дастгирӣ ва кӯмак ба Австралия 690 хазор доллар додааст. Ёдрас мешавам, ки дар натиҷаи сухторҳо дар ҷангалзорҳои Австралия, ки аз моҳи сентябр идома доранд, ҳадди камтарин 27 кас қурбон шуда, бештар аз 2000 хона сӯхтаву нобуд шуд. Ҳудуде, ки ба коми оташ рафт, калонтар аз иолоти Индианаи Амрико аст. Ҳамин тасмими худро Безос дар Твитераш навишта буд ва ҳудуди 92 хазор лайк ҳам гирифта буд. Аммо бештари мардум суол кардааст, ки наход бойтарин шахси сайёра фақат 690 ҳазор доллар бидихад? Мардум, ки шояд худашон фақат интернет доранду тамом, капитализатсияи ширкати ӯро мисол оварда, бо пули хайр кардаи вай муқоиса кардаанд. Касе ҳатто навиштааст, ки Безос ҳоло дар як дақиқа қариб 150 ҳазор доллар кор мекунад. Аз ин нуктаи назар ӯ фақат пули 4,6 дақиқагии худро ба бунёди дастгирии Австралия гузаронидааст. Каси дигар бошад, навиштааст, ки агар ӯ лоақал пули як рӯзаи худро хайр мекард, бештар аз 215 миллион доллар мебуд…. Читать далее
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Австралия, бой, миллиард, миллионер, пул, сарватмандон, сӯхтор, тазод, хасис, Қорӣ Исмат | Leave a comment »









