Мавзӯи замин, истифодаи он, тақсимоти он ва масъалаҳои дигари ба замин вобаста инак, чанд даҳсола аст, ки дар маркази таваҷҷӯҳ аст. Се сол пештар Прокурори генералӣ гуфта буд, ки «соли 2018 дар Тоҷикистон беш аз ҳазор парвандаи ҷиноӣ вобаста ба вайрон кардани қонунгузории замин боз гардид». Дар доираи ҳеҷ қонуни дигаре шояд ин миқдор парвандаи ҷиноӣ боз нашуда бошад. Ҳамон сол аз рӯйи ҳамин гуна ҳаракатҳои ҷиноии ба замину тақсимоти он вобаста кариб 3,5 ҳазор кас ҷалб шудаву пурсуҷӯ шудаву ҷарима, боздошт ва ҳабс шуда будаанд. Дигар маълум аст, ки ин зуҳурот ҳоло пурра аз миён нарафтааст. Ва мардум ҳам ҳоло низ вақти ҷудокунии қитъаи замин, харидани ҳавлӣ ва иншооти сохтмонаш нотамом, харидани манзил дар баландошёнаҳо, ҳуҷҷатугзориҳои замину ҳавлӣ ба саду як камбудиву ҷинояту қоидавайронкунӣ роҳ медиҳад. Ҳоло ҳам як хонаро қаллобон метавонанд ба якчанд кас фурӯшанд, ҳоло ҳам соҳибмулк дар фурӯши хонааш ба ширкати сохтмонӣ фақат барои масоҳати хонаҳои истиқоматӣ пул мегираду дар харидани ҳамин гуна манзил аз баландошёнаҳо ба ширкати сохтмонӣ пули тамоми масоҳати хонаро медиҳад, ҳоло ҳам ширкати сохтмонӣ метавонад дар муҳлати пешбинишуда хонаро насупорад, комиссияи давлатиро нагузашта, ба соҳибони манзил иҷозати дар онҷо зистанро бидиҳад…Иловатан дар ин самт саду як сирру камбудиву кору бори дигаре ҳаст. Мутаасифона, ки дониши ҳуқуқии аксарият ҳам дар сатҳи кофиву зарурӣ нест ва бояд болотару беҳтар шавад. Худи ҳамин гуна эълоннависии бархе аз мардумон, ки “замини фурушӣ дар фалон маҳалла, иборат аз фалон садяк …” худаш нишони камдонишии ҳуқуқӣ аст, зеро дар Сарқонуни кишвар аст, ки замин моликияти истисноии давлат аст ва мавриди хариду фурӯш қарор намегирад… Аммо мавзуйи мо ҳоло чизи дигар аст, чизе, ки баъди ин раванд (яъне, замингириву хонасозӣ) пеш меояд ва баъзан чанд панҷсолаву даҳсола сифати зиндагии мардуми кампулро (ки ҳоло мутаасифона аксариятанд!) поинтар мебараду коста месозад.
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: деҳот, замин тақсимоти замин, маҳаллаи навбунёд, оби нӯшокӣ, обу барқ, фуруши замин, хона, хонасозӣ | Leave a comment »











