Ҳайронӣ (3)

Мавзӯи замин, истифодаи он, тақсимоти он ва масъалаҳои дигари ба замин вобаста инак, чанд даҳсола аст, ки дар маркази таваҷҷӯҳ аст. Се сол пештар Прокурори генералӣ гуфта буд, ки «соли 2018 дар Тоҷикистон беш аз ҳазор парвандаи ҷиноӣ вобаста ба вайрон кардани қонунгузории замин боз гардид». Дар доираи ҳеҷ қонуни дигаре шояд ин миқдор парвандаи ҷиноӣ боз нашуда бошад. ​  Ҳамон сол аз рӯйи ҳамин гуна ҳаракатҳои ҷиноии ба замину тақсимоти он вобаста кариб 3,5 ҳазор кас ҷалб шудаву пурсуҷӯ шудаву ҷарима, боздошт ва ҳабс шуда будаанд. Дигар маълум аст, ки ин зуҳурот ҳоло пурра аз миён нарафтааст. Ва мардум ҳам ҳоло низ вақти ҷудокунии қитъаи замин, харидани ҳавлӣ ва иншооти сохтмонаш нотамом, харидани манзил дар баландошёнаҳо, ҳуҷҷатугзориҳои замину ҳавлӣ ба саду як камбудиву ҷинояту қоидавайронкунӣ роҳ медиҳад. Ҳоло ҳам як хонаро қаллобон метавонанд ба якчанд кас фурӯшанд, ҳоло ҳам соҳибмулк дар фурӯши хонааш ба ширкати сохтмонӣ фақат барои масоҳати хонаҳои истиқоматӣ пул мегираду дар харидани ҳамин гуна манзил аз баландошёнаҳо ба ширкати сохтмонӣ пули тамоми масоҳати хонаро медиҳад, ҳоло ҳам ширкати сохтмонӣ метавонад дар муҳлати пешбинишуда хонаро насупорад, комиссияи давлатиро нагузашта, ба соҳибони манзил иҷозати дар онҷо зистанро бидиҳад…Иловатан дар ин самт саду як сирру  камбудиву кору бори дигаре ҳаст. Мутаасифона, ки дониши ҳуқуқии аксарият ҳам дар сатҳи кофиву зарурӣ нест ва бояд болотару беҳтар шавад. Худи ҳамин гуна эълоннависии бархе аз мардумон, ки “замини фурушӣ дар фалон маҳалла, иборат аз фалон садяк …” худаш нишони камдонишии ҳуқуқӣ аст, зеро дар Сарқонуни кишвар аст, ки замин моликияти истисноии давлат аст ва мавриди хариду фурӯш қарор намегирад… Аммо мавзуйи мо ҳоло чизи дигар аст, чизе, ки баъди ин раванд (яъне, замингириву хонасозӣ) пеш меояд ва баъзан чанд панҷсолаву даҳсола сифати зиндагии мардуми кампулро (ки ҳоло мутаасифона аксариятанд!) поинтар мебараду коста месозад.

Табиист, ки барои зиндагии мардум дар маҳаллаву деҳаҳои навбунёд ташкили инфрасохтор хеле муҳим аст. Деҳаҳои нав ҳатман бояд бунгоҳи тиббӣ, партовгоҳ, варзишгоҳ, мактаб, хати обу барқ, роҳи мошингард, ҷӯйбору обпартойи техникӣ ва мисли инҳоро дошта бошанд. Аммо мушоҳида мекунам, ки дар аксарияти ин гуна деҳаҳову маҳаллаҳои навбунёд аз ин гуна нуқтаҳо ё тамоман нест ва ё агар ҳаст онро мардум худаш сохтааст. Албатта хуб аст, ки мардум бо пули худу кадом гранту кӯмаки соҳибкору шахси саховатпешае мактабу майдончаи варзишиву бунгоҳи тиббӣ месозад, аммо он инфрасохторе ки барои коргоҳу мақомот ва идораҳои мушахаасе пул меорад, чаро бояд аз ҷониби худи мардум-сокинони он маҳал кофтаву пайдо кардаву харида шудаву сохта шавад? Манзурам, агар мо пули барқро бояд пардохт кунем, чаро симчубҳо ва симҳои барқиро ҳам бояд худамон пул ҷамъ кардаву ҳашар кардаву насб кунему пайваст созем? Дар ҳоле ки мо ҳар моҳ пули на каме  барои истифодаи барқ ба хазинаи коргоҳи фуруши барқ ворез мекунем? Чаро ин корро барои мо чун истеъмолкунанда  коргоҳи интиқоли неруи барқ намекунад? Ё чаро пули симчубҳои харидаи мо, меҳнати мо, васлаку симу боз чанд ашёи дигари барои интиқолу дастраскунии барқ муҳимро он сохтор ё идораи фуруши барқ ба мардум барнамегардонад? Дар мисоли об ҳам ҳамин гуна вазъ аст. Зиёданд деҳаву маҳаллаҳое, ки ҳоло хати оби нӯшокӣ надоранд, обро мехаранд, дар хонаи худ дар асри 21 чоҳҳои захиракунии об сохтаанд ва моҳе як бор ба он оби дарёро харида пур мекунанду сӣ рузи дигар оби дар як ҷо захирашударо менӯшанд. Боз ҳам дар ҳоле, ки ин корро бояд идораи таъминоти оби нӯшокии ҳамон шаҳр ё ноҳия анҷом дода, хати обро то хонаи мардум оварда, ҳар моҳ бо сари баланд омада, пули дастраскунии оби нӯшокиро аз мардум ҷамъоварӣ кунад?! Аммо ҳоло бошад, ин коргоҳу идораҳо аввал хомӯширо ихтиёр мекунанд ва баъди он ки мардум як илоҷ карда “времянка” сохту ба он даромад, дари хонаи ӯро банд карда, пули барқ ё хизматрасонии дигареро мепурсад. (Ҳамин ҷо бояд гуфт, ки мо ҳолатҳоеро, ки баъди кадом офати табиӣ ин ҳам корро мақомоти дахлдор дар деҳоти навбунёд анҷом медиҳанд, дар назар надорем)  

Агар шумо ҳам як аҳамият бидиҳед, дар аксарияти ҳамин гуна маҳаллаҳои навбунёд ки сокинонаш мардумони одӣ ва кампуланд (ба ҷуз маҳаллаҳое, ки мардум онро Рублёвка унвон кардаааст), мардум ҳама кореро ки бояд мақомоти маҳаллии ҳокимият, идораҳои ҷамоат, муассисоти истифодаи роҳ, раёсати тандурустӣ, идораҳои дастраскунӣ ва фуруши барқу оби нӯшокӣ анҷом бидиҳанд, худашон, бо ҳашару пулҷамъкунӣ ва бо саду як азобу меҳнату машаққат анҷом медиҳанд ва дар баъзе ҳолатҳо ҳатто анҷом дода ҳам наметавонанд. Ин ҳама дар ҳолест, ки пули истифодаи замин, пули чарогоҳ (агар каси гаронвазне онро соҳиб нашуда бошад!), пули обу барқ ва мисли инро ҳатман бояд пардохт кард. Мардум аз ин масъулият албатта саркашӣ намекунад, аммо интизор аст, ки мақомоту коргоҳу идораҳои масъул аввалтар аз ҳама кори худрову уҳдадориву вазифаи ҷонии худро содиқона иҷро кунанд, шароити заруриро таъмин кунанд ва баъд ҳаққи истифодаи он чӣ ё хизматрасониро талаб кунанд.

Ин ҳолат ҳоло ба ростӣ ки маро ҲАЙРОН мекунад….

Акси маҳаллаи навбунёде дар шаҳри Турсунзода

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти