Макбултар аз сухан!

   Ба назар чунин мерасад, ки  имруз хама корро як чизи ба чашм  ноаёну камарзише ичро мекунад-когаз! Когаз мардумро асири худ кардааст, когаз онхоро начот медихад, когаз онхоро мекушад, месузад. Факат хамин мондааст, ки моро бо когаз кафан кунанд.  Мо мактабхон будем ва хар вакте ки кадом амали нохуб ва хилофи кавоиди мактаби анчом медодем, моро мачбур мекарданд, ки баёнот бинависем. Хамсинфони ман борхо он варакхои аз миёни дафтархои мактаби кандашударо, ки дар он мо баёнот навишта будем, дар атрофи курсихои хавлии мактаб дидаанд, ки дар он нос туф карда буданд.  Хаёлам, ки ончо муаллимон нос туф карда буданд! Когаз хамин кадар накш дошт, ки моро бо он метарсониданд. Мо он вакт албатта метарсидем. Ва холо хам сад кас аз когаз метарсад, сахт метарсад! Холо бароям хандаовар аст, ки он вакт аз хонандаи синфи панч ё шаш имзоро  дар хамин гуна баёнот талаб мекарданд, дар холе ки ягон устоди мо хатто дар Донишгох хам нагуфтааст, ки хамин имзо худаш чи хикмату сирру мавкеъро сохиб аст ва чи гуна бояд бошаду чи зарурат дорад? Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти