Ба назар чунин мерасад, ки имруз хама корро як чизи ба чашм ноаёну камарзише ичро мекунад-когаз! Когаз мардумро асири худ кардааст, когаз онхоро начот медихад, когаз онхоро мекушад, месузад. Факат хамин мондааст, ки моро бо когаз кафан кунанд. Мо мактабхон будем ва хар вакте ки кадом амали нохуб ва хилофи кавоиди мактаби анчом медодем, моро мачбур мекарданд, ки баёнот бинависем. Хамсинфони ман борхо он варакхои аз миёни дафтархои мактаби кандашударо, ки дар он мо баёнот навишта будем, дар атрофи курсихои хавлии мактаб дидаанд, ки дар он нос туф карда буданд. Хаёлам, ки ончо муаллимон нос туф карда буданд! Когаз хамин кадар накш дошт, ки моро бо он метарсониданд. Мо он вакт албатта метарсидем. Ва холо хам сад кас аз когаз метарсад, сахт метарсад! Холо бароям хандаовар аст, ки он вакт аз хонандаи синфи панч ё шаш имзоро дар хамин гуна баёнот талаб мекарданд, дар холе ки ягон устоди мо хатто дар Донишгох хам нагуфтааст, ки хамин имзо худаш чи хикмату сирру мавкеъро сохиб аст ва чи гуна бояд бошаду чи зарурат дорад?
Холо хам хамон когазхо дар зндагии мо мавкеъи устувор доранд. Мо хатто хангоми дар Искандаркул
истирохат карданамон хам, ба коргох когазпорае меорем, ки ончо дар бораи касал буданамон навишта шудааст. Когаз моро начот медихад! Мо дар когазпорае менависем, ки «омодагии мо ба зимистон ба дарачаи оли аст…» ва онро ба ким кучое мефиристем. Ончо ба он ва хам ба мо бовар мекунанд, зеро бо мухру имзо рангин шудааст. Когаз барои зимистонгузарони хам «кумак» мекунад! Когаз болои худаш бори вазнини як дунё коидаву конунхоро мебардорад. Бори масъулияти ким кадом нафари бемасъулиятро хам! Факат ончо, яъне руи когаз омадаст, ки «аскарбачахо метавонанд баъди адои хизмат ба як чанд муассисаи олии таълими ба воситаи сухбат дохил шаванд», ончо навишта шудааст, ки «донишчу барои хар мох гирифтани стипендия хукук дорад», он чо навишта шудааст, ки «дар пойтахт баъди соати 23 халалдор кардани оромии мардум бо садои дискоклубу гавгои мехмонони он манъ аст», дар когаз навишта шудааст, ки ман чун-рохбар бояд ба хешу пайванди худам имкону ба дигарон зиндон надихам …
Когаз тахаммул мекунад хама чиро, сабраш сар намеояд, токаташ ток намешавад. Мардумро баъзехо мисли когаз дидан мехоханд, хомуш, ором…
Когаз имруз руи чакка ва болои бастахои тухми бозор хоб аст ва мо ба он бовар мекунем, когаз кафолат аст ончо! Аммо когаз кафолат аст? Хаёли ман, ки хамон мухру имзохо дар аксари он когазпорахо аз бекадрии худашону ба холи инсонхо мегирянду механданд!
Когазпораро аз мактабхо чун баёнгари саводу дониш медиханд, дар когазпорае мо имзо мекунем, ки агар моро барк заду мо мурдем, айби мухандисе, ки моро комилан аз сири нокилу симхо бохабар намекунад набуда, аз беэхтиётии мо аст, дар когазпорае дар шуъбахои танзим худи масъули он аз номи шумо менависад, ки шумо дар хамин туятон 2000 ё 3000 сомони сарф кардед (хатто он вакте хам ки шумо факат як сарояндаро бо $2000 ба туятон овардани хастед!), ронандае як баста когазпораи каблан мухр задашуда дорад, ки онро худаш хар руз пур карда аз пушти кору бораш мегардад ва дар холи зарурат ба корманди БДА нишон медихад, ман дар дасти корманди идораи манзиливу хочаги як баста когазпораро мебинам, ки мухр дораду онро ба ивази сомонихои ман барои кадом хизматгузорихои будаву набудаашон ба ман медиханд, барои як кори ночизе як дарза когазро бояд гирд овард, имзо кунонд, ку ба ку бурд…
Аз хама аламовар хамин аст, ки ба як когазпораи дуругин чандин нафар аз поён то боло бовар мекунад, хатто он нафаре хам, ки дуруг будани онро медонад. Холо сухан хамин гуна пазируфта ва макбул нест, ки когаз аст!
Дар когазпорахо маблагхое сабт мешаванд, ки гуё барои кадом хочате сарф шудаанд, дар когаз эълону тартибе навишта мешавад, ки риоя намешавад, ё ба назар мерасад, ки риоя кардани он шарт нест, мисли «Автобусро тоза нигох доред», «Кабули духтур бепул аст», «ХОУП ба шумо маводи дорувории зеринро РОЙГОН медихад » ва «Дар канал оббози кардан манъ аст»… 
То расидани замони таъмини пурраи адолат ва низом, ки ба андешаву тафаккури баланд ва дониш пайванд аст, накши когаз хамин гуна «халкунанда» хохад буд ва хеле беадолатонаву бенизом халкунанда хохад монд…
Когазро аз пахта бори авввал дар соли 105-и карни мо дар Чин Цай Лун ихтироъ кардааст. Аммо кабл аз у хам когазро аз маводи дигар, масалан аз шохи тайёр мекардаанд!
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: бумага, дуруг, когаз, мактаб, эълон |











Добавить комментарий