Чаро шуморо ба кор нагирифтанд? Чанд сабаб.

Аксар вакт хамин гуна холат рух медихад, ки шумо аз сухбат бо мутахасиси кадрхо мегузаред, аллакай худро корманди он коргох тасаввур мекунед, ба хама дустонатон мегуед, ки шуморо ба кор кабул карданд, аммо….баъдтар шуморо даъват мекунанд ва ё зангатон зада мегуянд, ки «узр, шуморо ба кор гирифта наметавонем….»

Сабаби асосии ин холат хамин аст, ки нафари бехтар аз шуморо пайдо карданд, аммо инчо сабабхои дигаре хам чой дошта метавонад. Гайр аз тачрибаву диплому сифатхои кориатон боз омилхои дигаре хам хаст, ки барои  ба кор кабул нашуданатон сабаб мешавад. Чанд сабабро инчо барои мисол пешниход мекунем: Читать далее →

Вакте хамсарам хамкорам мешавад!

 Дар мавриди ин ки «кор кадани зану шавхар дар як коргох хуб аст ё не?», назархо гуногунанд. Яке мегуяд ки хуб аст, дигаре ба ин назар аст, ки якчо кор кардани зану шавхар дар як корхона ин хуб нест, савуми бошад, мегуяд ки: «Чизе гуфта наметавонам, зани ман кор намекунад, барои хамин ман намедонам, зеро ман уро намегузорам, ки кор кунад. Ба назарам, ки хеч хуби хам надорад! Боз хаминаш намерасид, ки якчо кор кунад!»…    Читать далее →

Бахона!

 Махфилу иду чашн  хамеша хостани ва гуворо аст. Боз махсусан агар мисли махфили кормандони мо бахшида ба Иди Модар ташкилкунанда ва сарпарасташ номаълум бошад. Яъне барои ин махфил мардхо дар радио пул чамъ накардаанд ва хам аз маоши онхо хам дираме кам намешавад. Хулоса, ки хаёлам кадом баракате дар будани бонувон ва духтарони Радиои мо буд, ки ин махфил бо хама рукнхояш осон ташкил шуд. Душвор албатта мисли хама махфилхои дигар ба хона гусел кардани «мехмонон» аст. То он чо холо вакт хаст. Акнун мархамат, ба махфили идонаи кормандони  Радиои «Ватан», ки бахшида ба 8 март ташкил шуда буд!!! Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти