Боре ҳам напурсидамаш…
Дилат замоне, ки зиндагӣ бо хости дили дигарон шакл мегирифт, чӣ гувоҳӣ медод? Ва дар муқоисаи пешбиниву гувоҳиву хостаҳои дилат рӯзи аввал ва ҳар чизе, ки тӯли чиҳил сол ба вуқуъ пайваст, оё собит шуд, ки «дил гувоҳи ҳақ аст?»
Напурсидамаш, ки вақте ба мошини Волгаи кӯҳнаи лентадор менишаст, ин қадар сабру таҳаммул, аз худ гузаштагӣ, вафо, умед ва тоқат дар кадомин бухча буд ё даруни кадомин сатили сирдор буд, ки даст ба даст аз анҷомхонаи мӯйсафеди Қаландар — аз ин кунҷи Дарагиён ба кунҷи дигараш кучид?!
Напурсидамаш, ки чӣ сир дар миён буд, ки дар ҳоли баҳсу доварӣ ҳам чашмони дар сурмаи одӣ ва ашк тари ӯ ва мислаш садҳои дигар роҳи судхонаву шикоятхонаро намедид ва аз ин дар ниҳоят чӣ суд доштанд? Сурмаҳо фарқ доштанд ё гиряҳо? Ё чашмҳо ё дилҳо ё андешаҳо…
Читать далееFiled under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: 61 алами бемодарӣ, 8 март, Аз қалъаи дил то Қалъаи Сангин, Дарагиён, Рӯзи Модар, Файзобод, дугонаҳо, китобҳои Субҳон Ҷалилов, модар, оча, пурсиш | Leave a comment »









