Мо дар замонае зиндаги мекунем, ки чараёнхои гуногун, хаводис ва тагироти зиёд бо иловаи ташвишу мушкил ва махдудиятхое, ки дар зиндаги ва рузгори мо хаст, амалан имкон намедихад, ки мо тамоми протседурахои зарури ва мухимро гузарем, амали созем ва ба низом дарорем. Мо хамаги мухим будани хуччатхо ва кадом варакаву маълумоту далелро медонем, аммо кам нест холатхое, ки дониста кори худро ба маротиб мушкил месозем, амалеро, ки имруз бояд анчом дод ба вакти номуайяне мегузорем ва хамин тарик харочоти вакту пул ва неруи чисмониву рухиро бештар мекунем. Ин навбат ман мехостам вобаста ба хучатгузори, танзими дурусти хучатхо ва ба даст овардану нигохдории онхо нависам. Биёед, аввалтар аз хама дар мавриди худи мафхуми хуччат ва чараёни хуччатгузори аз манбаъхои кушод маводеро бихонем.
Хуччатгузори – ин мачмуъи маълумот, иттилоъ ва хуччатхо аст, ки ба он тартиби истифода ва татбикашон хам ворид мешавад. Шояд бо назардошти мухимияти ин самт бошад, ки дар муассисоти олии кишвари мо хамин гуна ихтисос мавчуд аст ва муттахасисони хамин соха тайёр карда мешаванд.
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: МПТИ, Субхон чалилов, документ, замин, нотариус, пешниход, хуччат | 1 Comment »









