4 марти соли 2011

  Мо ду гурух актёронро дорем — як гурух дар театрхо кор мекунад, гурухи дигар кору машгулияти дигар доранд. Гурухи аввал дар киса дипломи актёри доранд, гурухи дуюми он гуна диплом надоранд, гурухи аввал дар мавсимхо ва намоишномахои  театри  фаъолият мекунанд ва накшофари мекунанд, гурухи дуюм хар руз дар миёни мардум накши касеро бози мекунанд, гурухи аввал мардумро тарбия мекунанд, гурухи дуюм мардумро ба шуру нифок меоранд, гурухи аввал факат дар сахнаи театр никоб дорад, гурухи дуюм доимо никоб доранд ва бо никоб хатто хоб мераванд…

Имруз вобаста ба  маъракаи «дарахтрангкуни»,  дар мавриди микрофони озод ва имконияти «чазодихи» -и шоирон навишта,  мисраи шеъриеро бароятон пешкаш кардам, ки  даромадгохи толори чаласаи депутатхо овезон нест. Читать далее →

29 сентябри соли 2010

Холо, ки ин маводро мехохам ба блог гузорам, навореро тамошо мекунам  дар мавриди саволхои бечавоби мардум. Аз рохгузарон пурсидаанд —  » чи савол доред, ки ба он то хол чавоб наёфтаед?»  Вокеан хам саволхои зиёде будааст, ки одамон бо доштани заковат ва хатто донишу тачрибаи гани хам ба он чавоб ёфта наметавонистаанд. Дар зиндагии имруза маро бештар чавобхо ба хайрат меорад, на саволхо. Шумо дарк мекунед, ки имруз аксарияти чавобхо дар мавзуъхои аз хам мухим ва рузмарра шубхаовар, хайратовар, осмони, забонзада…..ва гайраву  ва хоказо хастанд???

Аммо имруз ман дар мавриди иштихо, шаблон ва колабхо, муи дароз, хакки калам,  рохат аз нимта нон, никобу  чехрахои асли ва аклу давлат навиштаам. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти