26 сентябри соли 2010

      Хар руз агар сад чиз моро рухафтода ва хотирпарешон мекунад, як чизи дигаре пайдо мешавад, ки  моро ба зиндаги ва зистан дилгарм месозад. Ман омода нестам, ки он сад чизи норохаткунандаро барои дигарон ошкор кунам, аммо хар лахза мехостам, ки хамон як чизи рохатбору хостаниро бо дигарон, махсусан бо наздиконам кисмат кунам. Холо хамин гуна вакт аст: як чизи рохатфизо ва хуб бояд ба чандин нафар хуши ва сурур биёрад, табассумро бояд ба руи лоакал  наздиктарин нафарон арзони дошт…Факат як харфи хуш ва факат як табассуми самими ва на сохтае!

Имруз дар мавриди тори анкабуд, дебатхои телевизиони, газетахо барои печонидани себу нок, маоши нозирони рох ва курсихои сехрнок навиштаам. Читать далее →

Гап байни худамон!

        Як вакт дар маълумотномаи Асосиатсияи давлатии бехатари дар роххои Амрико омада буд, ки дар 10 сол- аз соли 1998 то 2008- шумораи занхое, ки мошинро дар холати масти идора карда, ба даст афтидаанд ва чазо дода шудаанд, 20% зиёд шудааст. Ин дар холе буд, ки дар хамин фосила шумораи мардхои бадмасту ронанда 7% кам шуда буд. Он вакт хатто коршиносони хамин самт хам дар тахлилу баррасии ин мавзуъ ва гуфтани сабаби ин холат душвори кашида буданд. Имруз дар Точикистон занхои мошинсавор кам нестанд, балки сафи онхо хар руз зиёд мешавад. Ин хуб аст! Хафтаи гузашта хабар ёфтам, ки аллакай кормандони бозрасии автомобили занхои точикро хам, ки  хангоми идораи мошин масту махмур буданд, ба кайд гирифта истодаанд. Оп-па!

Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти