Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»
Тоҷикистон ба ҳамзистии осоишта бо ҳамсояҳояш арҷ мегузорад ва пайваста кӯшиш менамояд, ки дилхоҳ мушкили байнидавлатӣ бо роҳи дипломатӣ ҳал шавад. Аммо ин ба ҳамсояҳо ҳақ намедиҳад, ки ба марзу буми аҷдодии мо дастдарозӣ кунанд. Хоса, ба сокинони ноҳияҳои наздимарзии Қирғизистон. Ҳодисаҳое, ки охири моҳи апрел дар сарҳад бо Ҷумҳурии Қирғизистон рух доданд, ба ҳамсояҳои шарқии мо ҳушдор буд, ки Тоҷикистон ба ҳама гуна дастдарозӣ посухи сазовор дода метавонад. Низоъ ду рӯзи пурра ҳам давом накард, аммо доду войи қирғизҳо аз тариқи расонаҳояшон ҳанӯз ҳам идома дорад. Онҳо ҳатто рӯзноманигорони хориҷиро ба минтақаи низоъ оварда, кӯшиш доранд, ки худро бегуноҳ ва ҷабрдида нишон диҳанд, вале шояд ақлашон намегирад, ки дар асри XXI, агар таҳрифи воқеият осон бошад, исботаш ҳам душвор нест. Онҳо бо ҳазор баҳона, фитнаву дасиса ҳамзистии осоиштаи сокинони наздимарзиро халалдор карда, боз мехоҳанд ҷониби Тоҷикистонро гунаҳкор нишон диҳанд.
Читать далееFiled under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Сайфулло Сафаров | Leave a comment »











