Пешниход (2)

Чанд соли охир ба номгузори таваччухи хоссае зохир мешавад ва раванди точики кардани номи кучаву деха ва чамоатхо хануз идома дорад. Факат дар мохи июли соли равон беш аз 52 дехаи Точикистон тагири ном кардааст. Дар ин раванд хатто баъзе номхо хам, ки точики буданд, дубора ба кавле точикитар мешаванд. Мисли кучаи Муродуллох Шерализода (дар шахри Душанбе), ки акнун номи Асадулло Гуломовро дорад ё Донишгохи омузгори, ки каблан ба номи Кандил Чураев буду имруз номи Садриддин Айниро дорад. Ин мавзуъи тамоман дигар аст……

Аммо он чизе, ки ман мехостам ба он таваччух шавад, ин такрори номхои точики дар шахру нохия ва хатто чамоату вилоятхо аст. Барои мисол, хатто дар нохияву шахрхо чанд номи «Навобод», «Шаршар», «Лолаги»….. ва мисли инхоро вохурдан мумкин аст. Шояд ин тартиб зиён надошта бошад, аммо мо, ки дар мавриди гановати забони точики зиёд мегуем, наход ду номи гуногун ёфта ба дехаву чамоат ва хочагиамон гузошта натавонем!?  Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти