Пешниход (2)

Чанд соли охир ба номгузори таваччухи хоссае зохир мешавад ва раванди точики кардани номи кучаву деха ва чамоатхо хануз идома дорад. Факат дар мохи июли соли равон беш аз 52 дехаи Точикистон тагири ном кардааст. Дар ин раванд хатто баъзе номхо хам, ки точики буданд, дубора ба кавле точикитар мешаванд. Мисли кучаи Муродуллох Шерализода (дар шахри Душанбе), ки акнун номи Асадулло Гуломовро дорад ё Донишгохи омузгори, ки каблан ба номи Кандил Чураев буду имруз номи Садриддин Айниро дорад. Ин мавзуъи тамоман дигар аст……

Аммо он чизе, ки ман мехостам ба он таваччух шавад, ин такрори номхои точики дар шахру нохия ва хатто чамоату вилоятхо аст. Барои мисол, хатто дар нохияву шахрхо чанд номи «Навобод», «Шаршар», «Лолаги»….. ва мисли инхоро вохурдан мумкин аст. Шояд ин тартиб зиён надошта бошад, аммо мо, ки дар мавриди гановати забони точики зиёд мегуем, наход ду номи гуногун ёфта ба дехаву чамоат ва хочагиамон гузошта натавонем!? 

Фикр мекунам, ки ин тартиб холо хам барои сабти шахсони хукуки дар вазорати адлия хаст, ки пештар аз сабти шахси нави хукуки  сабти ном шудани ширкату коргохеро бо хамон ном месанчанд. Ман як вакте шохиди хамин хол будам. Мешавад, ки хамин гуна дар базаи алохида номи тамоми шахру навохи,деха ва чамоатхоро ворид карду то хадди имкон такроршавии онхоро пешгири кард. Агар шумо хам як бор бо мошин аз роххои кишвар, аз канори деху чамоат ва хочагихо гузар кунед, хатман шохиди такроршавии номхо мешавед.Наход ёфтани ном барои деха ва ё чамоату хочаги хамин кадар душвор бошад? Ман боварии комил дорам, ки номхои Мехробод, Навобод, Чашмасор, Дусти, Гулдара,  3,4,5 ва хатто 8 бародарон, Лангар, Гулистон, Ватан, Яккатут, Себистон, Чормагзак (он) ва даххо номи дигар дар чандин шахру нохияи кишвар ва хатто худуди як вилоят хам чанд бор такрор мешавад. Суоли ман  ин аст, ки дар холи бой будани бунёди лугавии мо, дар холе, ки мо саду як вожаи рехтаву суфтаву гушнавоз дорем, чаро бояд ба такрори номхо одат кунему чашм пушему рози шавем?

Пешниход ин аст, ки базаи номи дехаву чамоату хочагихо ташкил шаваду дар холи зарурати тагири ном кардани кадом махаллаву дехаву чамоат  аввалтар аз хама ба он база ру оварда шавад. Агар номи нав дар он база бошад, пас дуруст ва бехтар мебуд, ки барои махалли наву дехаи нав ё худ чое, ки номашро иваз карданианд, номи дигареро фикр кунанд. Мешавад, ки он база кушода бошад  (мисли як сомонаи интернети) ва хар нафаре, ки хохад ба он ворид шаваду он руйхатро бубинад.

КОНЕЦ

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти