14 сентябри соли 2010

    Мох ва рузхои тамоман рангину зебо фаро расидаанд. Агар ба назар нагирем,ки баъзе рохрубу чорубкашхои шахри мо хазонрезахоро ба оташ мекашанд, агар ба назар нагирем, ки баъзе рохравхо дурудароз руи чорубро намебинанд…ин фасл гуворо ва хостани аст. Хостанитар  аз бахори пуробу тобистони тафсон ва зимистони сафеду сарду торик…

Имруз дар мавриди озмуни зебои ва шартхои он, мавлуди президенти Руссия ва созмони кишвархои хамтакдир ва аз ягон чихат монанд навиштаам. Читать далее →

3 сентябри соли 2010

    Ман аввал дар мавриди зебои ва шахомати гуворои фасли тирамох фикр намекардам. Намедонам, барои чи буд, ки дар замони кудакии мо хама фасли бахорро дуст медошту хама мехост, ки ронанда шавад. Ва аксарияти мо на дар бахор ихтирои гайриоддие кардем ва на ронанда шудем. Аммо ман тирамохи хеле зебо ва фаромушнашавандаро чанд сол пештар дар шахри Павлодар дида будам. Аз ёдам хамон оромии канори Иртыш, хамон курсичахои хуби ду чониби рохрав, дарахтони пур аз баргхои ранга намеравад…

Имруз дар мавриди эхтимоли рузи хамдилии мардхои дузана, аввалин мошини сирф точики, бахсхои бачо ва бечо, мучассамаи  як корманди сирк  ва баландиву пастии зиндаги навиштаам. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти