Ман аввал дар мавриди зебои ва шахомати гуворои фасли тирамох фикр намекардам. Намедонам, барои чи буд, ки дар замони кудакии мо хама фасли бахорро дуст медошту хама мехост, ки ронанда шавад. Ва аксарияти мо на дар бахор ихтирои гайриоддие кардем ва на ронанда шудем. Аммо ман тирамохи хеле зебо ва фаромушнашавандаро чанд сол пештар дар шахри Павлодар дида будам. Аз ёдам хамон оромии канори Иртыш, хамон курсичахои хуби ду чониби рохрав, дарахтони пур аз баргхои ранга намеравад…
Имруз дар мавриди эхтимоли рузи хамдилии мардхои дузана, аввалин мошини сирф точики, бахсхои бачо ва бечо, мучассамаи як корманди сирк ва баландиву пастии зиндаги навиштаам.
-
Рузи хамдили дар мубориза бар зидди терроризм
-Яъне , маълум мешавад, ки намояндахои самтхои гуногун дар чомеа, ки аслан як вазифаро бояд ичро кунанд, баъзан он вазифаро ичро намекунанд. Ва хамин гуна пайдо мешаванд санахо ва чашну рузхои дигар. Шояд як вакт рузи хамдилии хаткашонхо, мардхои дузана ва онхое ки номзад ба макоми депутати буданду интихоб нашуданад, пайдо мешавад.
- Фердинанд Порше таваллуд шудааст-асосгузори ширкати мошинсозии Порше
-Ширкати ин мард як вакт орзуи Гитлерро хам дар мавриди сохтани як мошини мардуми амали карда буд. Volkswagen Beetle-хамон мошин аст. Агар дар Точикистон хамин гуна фармон бидиханд, ки лоихаи мошини сирф точики ва миллиро пешниход кунед, чи ходиса рух медода бошад?
- Никита Хрущев ба макоми котиби аввали КМ ХКИШ расидааст (1953)
-Ин хамон нафарест, ки «пойафзол»-ро барои амали шудани баъзе накшахо ва эътирозхо ба муд ворид карда буд.
- Сатхи Марсро бори аввал сурати ранга мегиранд (1976)
-Бубинед, ки 34 сол пештар мардуми дигар сатхи сайёраи МАРСро ранга аксбардори карда буданд. Аммо мо бошем, холо хам бахс мекунем, ки баъди азон гуфтан имом чанд дакика мунтазири кадом дермонда шаваду барои чи дар баъзе чойхо таровех 1 соат тул мекашаду дар чойхои дигар ним соат?
- Дар «Цветной бульвар» (Маскав) мучассамаи Юрий Никулин гузошта шудааст (2000)
-Аммо дар дунё кишвархое хастанд ки намояндагони сиркаш бояд дар дусад соли охир тамоман дар бораи хайкал баъди вафоташон фикр хам накунанд.
- Маротибаи аввал кухнавардон ба куллаи «Коммунизм» баромадаанд. Баландии 7495 метрро аввалин шуда кухнаварди 26 сола Евгений АБАЛАКОВ фатх мекунад (1933)
-Ба баландихо баромадан осон аст. Мухим ва аз хама асоси дар он баланди истода тавонистан ва ба руи дар поён будахо туф накардан аст. Зеро дар хар ду сурат хам дар баланди будахо дер ё зуд бо мардуми дар поён буда вомехуранд!
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Никулин, Павлодар, Хрущев, кухнавард, пойафзол, тирамох, хазон |











Добавить комментарий