Абдухалил Холиқзода: Пандемӣ, воксан ва штами Делта

Дӯстони гиромӣ, аз сабаби он ки суолҳои зиёде ба паёмрасонҳои мо ворид мешаванд ва дар фазои расонаӣ иттилоъ хеле маҳдуд аст, мо тасмим гирифтем, ки ба онҳо дар ин ёддошт ҷавоб гӯем. Ин ёддоштро ман, раиси Ҳайати мудирони Бемористони Ибни Сино дар ҳамкорӣ бо пизишкони ин бемористон менависам. Бояд арз шавад, ки банда мутахассиси соҳа нестам. Иттилоъе ки арз мекунам аз чанд сарчашма об мехӯранд. Пеш аз ҳама мо бо ҳамкоронам дар ин бемористон иттилоъи вобаста ба вируси SARS COV-2 ва бемории Covid-19-ро пайваста дунбол мекунем. Бо бемористонҳои тахассусии табобати ин беморӣ дар тамос ҳастем, ва ҳамкорӣ мекунем. Ғайр аз ин устодони эронии риштаҳои тахассусии бемористон низ пайваста аз таҷриба ва навгониҳои табобати ин беморӣ моро мутталеъ месозанд. Дар ниҳоят шабакаи интернет имкон медиҳад ба сайтҳои тахассусӣ ба забони русӣ дастрасӣ дошта бошем. Иттилоъе, ки имрӯз арз мешавад, ҳосили фишурдаи заҳмати ҳамкорони гиромии ман ва мутолеъоти ҳамин сарчашмаҳост.

Читать далее →
Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти