Абдухалил Холиқзода: Пандемӣ, воксан ва штами Делта

Дӯстони гиромӣ, аз сабаби он ки суолҳои зиёде ба паёмрасонҳои мо ворид мешаванд ва дар фазои расонаӣ иттилоъ хеле маҳдуд аст, мо тасмим гирифтем, ки ба онҳо дар ин ёддошт ҷавоб гӯем. Ин ёддоштро ман, раиси Ҳайати мудирони Бемористони Ибни Сино дар ҳамкорӣ бо пизишкони ин бемористон менависам. Бояд арз шавад, ки банда мутахассиси соҳа нестам. Иттилоъе ки арз мекунам аз чанд сарчашма об мехӯранд. Пеш аз ҳама мо бо ҳамкоронам дар ин бемористон иттилоъи вобаста ба вируси SARS COV-2 ва бемории Covid-19-ро пайваста дунбол мекунем. Бо бемористонҳои тахассусии табобати ин беморӣ дар тамос ҳастем, ва ҳамкорӣ мекунем. Ғайр аз ин устодони эронии риштаҳои тахассусии бемористон низ пайваста аз таҷриба ва навгониҳои табобати ин беморӣ моро мутталеъ месозанд. Дар ниҳоят шабакаи интернет имкон медиҳад ба сайтҳои тахассусӣ ба забони русӣ дастрасӣ дошта бошем. Иттилоъе, ки имрӯз арз мешавад, ҳосили фишурдаи заҳмати ҳамкорони гиромии ман ва мутолеъоти ҳамин сарчашмаҳост.

Читать далее →

Чаро барф сафед аст?

        Барф сафед нест. Барф аз кристалхои ях дуруст шуда ва анбухи онхо сафед ба назар мерасад, дуруст монанди резаи шишахое, ки анбухи онхо сафед ба назар меояд.

Нур боз хам монанди шиша, аз бахше аз сутухи яхи донаи барф мунъакис мешавад ва ранги хосеро бозтоб медихад. Хангоме, ки микдори зиёде барф анбошта шуда бошад ва аз руи хар вачхи хар донаи барф бахше аз нур мунъакис шавад, ин нур ба нукоти атроф бозтоб ёфта ва дубора бармегардад. Аз он чо ки хамаи рангхо такрибан ба мизони мусови пароканда хастанд, анбухи барф сафедранг ба назар мерасад. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти