Содиқ тамоми роҳу пайроҳа ва боғу гулгашти ҳамин минтақаи шаҳрро дар чор фасли сол дидааст ва ёд дорад. Ӯ медонад, ки дар танаи чинорҳои бузурги канори роҳи мошин номи кӣ гӯё кандакорӣ шудаасту ҷамъи кадом ҳарфҳо дар ҷуссаи он дарахтҳо баробари ЛЮБОВЬ аст…
Тулӯъ ва ғуруби офтоб, ки ӯ баъзан ину баъзан онро дар ҳошияи андешаҳои бесару нӯг тамошо мекард, шояд зеботарин ҳодисае бошад, ки аз ӯ ва атрофиён новобаста рух медод. Дар миёни фосилаи аз омадан то рафтани офтоб дар рӯзгору зиндагии ӯ даҳҳо рӯйдоди хубу на он қадар хуб ҳам ба вуқӯъ мепайваст, ки ҳар кадом таъсири ҷудогона ба рӯҳу равони ӯву хонаводааш дошт…
Читать далееFiled under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Лида, СМС, Содиқ, бекорӣ, ишқварзӣ, мардикор, пинҳон, саг, сарватманд, сарватмандон, хонавода, эълон, ҳамсари дуюм, ҳамсоязан, ҳикоя, ҷойи кор | Leave a comment »








