Душанбе-Дубай (1)

Ман баъди бозгаштам аз Амрико дар мохи ноябр ба худ мегуфтам, ки «тамом, дигар ба ягон чо намеравам…». Сафархои бештар аз 4-5 руза хатто ба хоричи кишвар ва давлату шахрхое хам,  ки бисёрихо орзуи диданашро мекунанд,  касро монда мекунад. Боз махсусан барои ман ки рузона хар кучое, ки чарх занам, шабона мехохам дар бари кудаконам бошам ё дурусттараш наметавонам, ки дар бари онхо набошам! Сафари навбатии ман бо даъвати ширкати «Qi» ба воситаи шахри Дубай ба шахри Куала Лумпури Малайзия аст. Фурудгохи Душанбе шохиди омаду рафти миллион нафар мешавад, хазор точир, хазор варзишгару корафтода ва хазор мухочири кори махз бо истифодаи  ин фурудгох ва ба воситаи тайёра макони зисти муваккати ва доимии худро дигар мекунад.  Дар беруни фурудгох чамъ- шудахо, ки миёни онхо шиносу рафикони мо хам буданд, аксаран зоирин буданд, ки нияти Хаччи Умраро доштанд. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти