Душанбе-Дубай (1)

Ман баъди бозгаштам аз Амрико дар мохи ноябр ба худ мегуфтам, ки «тамом, дигар ба ягон чо намеравам…». Сафархои бештар аз 4-5 руза хатто ба хоричи кишвар ва давлату шахрхое хам,  ки бисёрихо орзуи диданашро мекунанд,  касро монда мекунад. Боз махсусан барои ман ки рузона хар кучое, ки чарх занам, шабона мехохам дар бари кудаконам бошам ё дурусттараш наметавонам, ки дар бари онхо набошам! Сафари навбатии ман бо даъвати ширкати «Qi» ба воситаи шахри Дубай ба шахри Куала Лумпури Малайзия аст. Фурудгохи Душанбе шохиди омаду рафти миллион нафар мешавад, хазор точир, хазор варзишгару корафтода ва хазор мухочири кори махз бо истифодаи  ин фурудгох ва ба воситаи тайёра макони зисти муваккати ва доимии худро дигар мекунад.  Дар беруни фурудгох чамъ- шудахо, ки миёни онхо шиносу рафикони мо хам буданд, аксаран зоирин буданд, ки нияти Хаччи Умраро доштанд. Читать далее →

Душанбе-Вашингтон-Ноксвил-Нэшвил-Портленд (11)

        Шаб хавои Нэшвил хеле нарму рохат буд. Ё шояд ман, ки хеле хаставу бехоб будам, аз хамин сабаб хеле рохат хобида будам? Субхи барвакт  берун рафтам. Дарахтони атрофи мехмонхона гуё нав аз назди ороишгари муйю руй омада бошанд –хамаги зарду сурху зардчаву сурхчаву сабзу норинчи….зебо ва аз шамоли гуворои сахари чумбон-чумбон…

        Шабона ман кариб ки сумкаамро накушодаму чизеро берун наовардам. Мо инчо факат як шабем! Моро парвоз ба Портленд интизор аст.

Ба фурудгохи Нэшвил расидем. Он хеле ачоиб аст. Миёни фурудгох бо симдевор чудо шуда пури мехмонхона аст. Аз он чумла мехмонхонаи мо низ дар наздикии фурудгох буд. Тайёрахо баъзан аз руйи купруке мегузаранд, ки поёни он рохи мошингузар аст. Анна хамин гуна «наздиксозии тайёраву одамхову мошинхо» -ро дар фурудгохи Нэшвил дидан мумкин аст. Читать далее →

Зери хакикати абрпеч!

        Дунё баъди марги Президенти Польша, хамсари у  ва хайати баландмакоми он  чанд руз дар мавриди таёрахо ва хаводиси вобаста ба он сухбат мекард. Чанд руз пештар боз харгуше ба таёраи як хайати воломакоми итолиёи бармехурад ва хатто хавф то дарачае буд, ки он хайатро ба таёраи дигар менишонанд. Хама дар мавриди президентони худ ва таёрахои онхо фикр мекарду тахмин мезад ва чизе мегуфт. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти