Чаро?-4

        Дар тамоми дунё новобаста аз вазъияти он кишвар тадбирхои амнияти доимо андешида мешаванд. Аз фурудгох сар карда то оддитарин муассиса ва ё коргох ва хатто магозахои тичоратии хурд низ бо камерахо ва дигар олоти назорат ва химоякунанда мучаххаз хастанд.Ин аз хар чихат кобили кабул ва дастгири аст. Вале мушохида мешавад, ки на дар хама нукоти муассиса ва идорахои Точикистон ба ин чиз таваччух доранд. Имруз ман дар семинаре ширкат кардам, ки дар он нафарони масъул -хам аз хукумат, хам аз макомоти кудрати ва хам намояндагони дасгохи ичроияи Президенти Точикистон ширкат доштанд. Вале тафтиши либосу сумкахои ширкаткунандагон сурат нагирифт. Ман хеч гох гуфтани нестам, ки ин кор бояд мисли «ба чои салла овардани калла» бошад. Ман факат мехостам, ки илочи хар вокеаро пеш аз вукуъ ёбем. Ин кор шояд харочоте хам талаб кунад. Вале ба хар сурате, ки набошад, аз манфиат холи нест. Тасаввур кунед, ки як сухторе, ки дар кадом коргохи давлати рух медихад, аз чониби баъзе воситахои ахбори омма бо хангомаву бо тобишхои сиёси ва гайрахо пешниход мегардад. Харчанд, ки масъулон асли вокеахоро гуянд, хам миёни мардум овозахо ва тахминхои нодуруст то чанд муддат пахн мегардад. Имруз,  ки мо хам дар арафаи чорабинихои мухими сиёси ва хам дар даврони бедорихо ва азхуддаракдихихо меистем, риояи ин гуна талабот, ки шояд ба назари Шумо хеле ночиз намуд, факат ба манфиати кор аст. Ман то хануз хайронам, ки барои чи дарбону посбонхои бештари идораву муассисахо пирони дар нафакабуда ва нафарони солхурда хастанд? Дуруст аст, ки барои онхо ин бехтарин кор аст, миёншикан нест.  Ва хам рохбарони он коргоххо фикр мекунанд, ки коргохи онхо он кадар мухиму стротеги  нест. Зиёд хам мешунавем, ки мегуянд, «чи дорад,инчо?» Ман фикр мекунам, ки вакти дигар кардани хамин андешахо кайхо расидааст. Хама коргоху муассисахо дар чои худашон мухим ва стротеги хастанд. Масалан, барои волидон хеле мухим аст, ки кудаконашон дар богча орому дар хифозат бошанд. Пас, метавон гуфт, ки богча муассисаи мухим нест?? Хамин гуна дар бештари коргоххо тартиби вуруд шудани одамон,  тафтиши либосу халтаву сумкахои онхо вучуд надорад. Дар матбуоти даври кадом вакте дар бораи бо панчарахо махкам будани бинохои хукумати ва дигар идорахо гуфта буданд. Агар дар вурудшави тартиби хуби кайду тафтиш чори шавад, панчарахои гирди ин ё он бино он кадар мухим нестанд. Хам ман гумон мекунам, ки як замон онхоро худи масъулон мекананд.  Вале хамон замон хам масъалаи амнияти он муассиса зарури ва  хатми бояд боки монад. Чаро як клуби шабона  бо дастгохи металкоби мучаххаз бошаду идорахои мухим не?  Фикр мекунам, ки мо-точикон, ки худ дилсофу покният хастем, хамаро мисли худамон гумон мекунем. Аммо зиндаги нишон медихад, ки ин хел нест. Бояд хар касе,  ки нияти  нопок дорад,  дар банди тадбирхои окилона андешидашудаи сохибони коргоху муассисот дарбимонад. Хангоми баргузории чорабинихои оммави, бояд ин масъала махсус ва чидди гузошта шавад. Тартиби гузарномахо, кайди мардуме, ки ба ин ё он бино ворид мешаванд,  вакти иловагиро хам бигирад, ба манфиати кор хохад буд. Аз суи дигар гузоштани стансияхои телефонии хурд дар идорахо барои мукотибахои дохили аз талаботи замони нав аст. Агар рохбарони  бинохо окилона фикр кунанд, вариантхои гуногуни содда,  вале наву мухимро фикр карда чори карда метавонанд. Ёфтани як муйсафеди дар нафакабуда ва дар назди давоза мондани у ин  на факат, ки рохи хал нест, балки хандаовар хам хаст. Барои баъзе рохбарон, ки дар андеша ва эчодкори дар кор баробари хамон муйсафеди дарбонашон  хастанд, пайдо кардани тартиби нави хифзу тартибот шояд душвор ва гайриимкон бошад. Харчанд, ки дастовардхои техника имруз имкон медихад, ки хатто нафари аз масофаи дур  суи даромадгохи Шумо омада истодаро хам,  «ташхис»  кунед. Факат кушиши навсози ва хаёлбофи барои бехтар шудани кор ва босифат шудани он намерасад.  Ман мехохам, ки аввалтар аз хама худамон хушёру бедор бошем, пеш аз рух додани кадом вокеае тадбирчуи кунем. Аммо ба хеч вачх гуфтани нестам, ки дар симои хар нафар корафтодае, ки ба дари кадом идора ва когох меояд, душману бадниятро бичуем. Забони ширин, гуфтори нарму хуш хамеша барои хамдигарфахмии инсонхо мусоидат мекунад. Масалан, ман зид нестам, ки дар дари кадом биное сумкаи дасти ман тафтиш шавад, вале мехостам, ки он вакт он мардум дагал ва …бо дахони пурнос набошанд. Шумо  чи мегуед?

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти