Эчодкор будан ва хаёлбофии рангин доштан факат шарти асоси барои хунармандони театру кино ва овозхонхо нест. Дар хама самтхо хамонхое муваффак мешаванд, ки медонанд, «хар касе пеш намеравад, вай ба кафо меравад, зеро дар табиат холати дар як чой истодан нест». Эчодкорон дар самти истехсолот бо факат як идея ё хаёлоти худ хатто миллиондор мешаванд.
Ба ёд биёред, ки аксари ихтироъоту навгонихо дар истехсоли ин ё чиз ё тасодуфан буд ва ё факат барои санчиш. Вале натичаи хуб дод ва он мол ё махсулот тамоми бозори дунёро гирифт. Вале имруз мо оид ба бозори дохилиамон хохем гуфт. Чандест, ки масъалаи сохтмони НОБ-и Рогун ба як идеяи ягона ва милли табдил ёфтааст. Хама (хатто намояндахои миллати дигар-хамзабонони хамсояхои кариб бесояи мо хам!) дар ин маврид назари некбинонаи худро дар ТВ ва Радио баён мекунанд. Вокеан хам худи ташкил кардани хамин фазо, бадастовардани вахдати андешахои мардум кори осон нест. Имруз хамин гуна як гурур дар ниходи хар точики асил бедортар мешавад. Мо дар инчо ба тартиби бархурд бо ин масъала дар васоити ахбори оммаи дохили ва хоричи дахл намекунем, зеро ин мавзуи алохида аст. Пешниходи ман ин аст, ки дар ин самт дар баробари таргиб ва нигохдории хамин фазои гуруру бедори ва талошхо барои ояндаи дурахшон дар ВАО аз роххои дигар ва идеяхои дигар хам истифода барем. Масалан, агар ман дар як семинари кадом созмони хоричи ширкат кунам, ба ман дафтару каламу ручка ва маводи дигар медиханд, ки бо ин восита ман хамон ким кадом созмонро моххо ва хатто солхо таргиб мекунам. Чаро мо хамин корро дар масъалахои таргиби миллату давлати худамон карда натавонем? Сохтмони НОБ-и Рогун вокеан хам сазовори хама гуна таргибу дастгири аст ва аз ин хотир барои амали шудани хамин максад пулро, ки якин аст боз пули бештаре меорад, бояд сарф кард. Масалан, чаро ручка, покетхо, либосхои варзиши, таквимхо, истаконхо ва гайраву гайрахо бо навишта ва рамзи Рогун нашру истехсол нагарданд? Рогун факат як мисол буд. Мо дар Точикистон хар чизе, ки ба таргибу ба васф ниёз доранд кам надорем. Аз суи дигар максад факат таргиб ва васф нест. Ин то чое ифодаи ирода ва вахдати андеша ва амали мо хохад буд. Яъне, ман ки дар забону дар амал чонибдори бунёдкори ва созандаги хастам, омодаам, либосе бипушам, ки хамин максад ва нигохи маро ифода кунад. Хамин аст вазифаи истехсолкунандаи ватани, ки бо ин тартиб хам дар икдомоти бузурги Точикистон сахм бигирад ва хам албатта аз ин даромад ба даст орад. Бубинед, ки руссхо хатто замоне, ки шахри олимпи будани Сочи холо маълум набуд, аллакай ба таргиби ин чиз огоз карда буданд. Дар Душанбе хам либосхои варзишии дорои навиштаи СОЧИ 2014 ро дидан мумкин аст. Ин факат дуюмин мисол буд. Хамин гуна номи Варзоб, Балчувон, Хоча-Обигарм, Бадахшон, мавзеъхои мукаддаси Точикистон-дар Кулобу Хамадониву Шахритус….. ва шахру навохии дигар метавонанд барои тарбияи миллатпарстии насли наврас кумак кунад. Факат рассом ва ё дизайнери хуб лозим аст, ки тархи хубе барои хамаи ин фикр кунад ва он дар истехсолот пиёда гардад. Гузашта аз ин бархурд бо ин чиз низ бояд хеле окилона бошад. Ин кор ба назари аввал содда намояд хам, вале бовар кунед, хам душвор нест ва хам натичаи хуб медихад. Дар хама самтхо, дар хама кунчу канори Точикистон ва хар кучои дигари ин ватан назар афканед, як мояи ифтихору эхтиром пайдо кардан мумкин аст. Дар мавриди аввал шояд шумо фикр кунед, ки ин амал боиси боз хам чудоиандози миёни махаллу шахру нохияхо гардад. Мисли он, ки аксаран мучассамахои мардуми шухратдор ва бузург, гайр аз маркази давлат, дигар факат дар зодгохаш гузошта мешавад. Гуё онро дар чои дигар эхтиром намекарда бошанд!? (Аз «СССР») Яъне агар ручка, кепка ва либоси дигар бо нишони Рогун ё Бадахшон ё чои дигару чизи дигари ба милати точик вобаста истехсол гардад, онро факат сокинону Рогуну Бадахшону хамон шахру нохияи алохида мехаранд? Бовари дорам, ки НЕ!! Пас, ин василаи таргибу шинохт ва баланд бардоштани хисси миллии наврасони точик –ояндагони Точикон хохад буд. Аз суи дигар, бо ин рох хатто идеяи ягонаи хуби дигар — «дастгирии истехсолкунандаи ватани»-ро хам таргибу амали кардан мумкин аст. Боз хам агар точирони мо ин молу махсулотро дар Хитой фармоиш надиханд! (Харчанд дар мавриди аввал хамин хам фикри он кадар баде нест!) Анна барои чи ман дар огози хамин матлаб аз эчодкори ва хаёлбофи сар кардам. Бовари дорам, ки агар холо хамин гуна супориш дода шавад, тамоми истехсолгарони мо ба ин кор даст мезанад ва хар руз дар хамин бора хам мегуянд. Биёед, акнун дигар андешахои солимро худамон ба накша ва амал табдил дихем. Мухим аксаран огоз кардани хама кор аст, идомааш бо талошу захматхои точикона хуб хохад буд. Иншооллох!
Filed under: Uncategorized | Tagged: Истехсолкунанда, Рогун |











Добавить комментарий