Биё, са-аааросема!

Вокеан хам шояд факат дар Душанбе (Точикистон) хамин гуна бошад, ки ронандахои наклиёти мусофирбар ба чои он, ки мусофиронро  бо саломат бурда расонидан чалб бикунанд, «саросема.. «гуфта » метарсонанд.

Албатта бо ин таблиг на хамаро тарс фаро мегирад. Баъзехо фикр мекунанд, ки наклиёти мусофирбар аслан бояд хамин гуна тезхаракат бошад. Вале биёед, як бор фикр мекунем,  ки оё такси ва ронандаи такси бояд хамин гуна бошад, ки дар Душанбе хаст?  Ба назари ман, ки имруз   «кому не лень»  таксист мешавад. Ё баъди аз чои кор баромадан,  «по пути»  се чор нафари дигарро гирифта то хона меояд. Ин шояд бад нест.  Вале хамин чиз намегузорад, ки такси ва хадамоти такси дар Душанбе пешрафт кунад. Яъне, имруз ончо аксаран онхое кор мекунанд,  ки касби дигар ба чонашон задааст,  ё бекор мондаанд ва ё то расидани мавсими  корхои дигар «кам-кам чунбидан»  мехоханд. Шумо хам шояд хис карда бошед, ки вакти нишастан ба аксари таксихо онхо хамон ишораи таксиро аз боли мошинашон мегиранд. Аз хамин чо маълум мешавад, ки он такси аслан бидуни ичозат ва якин, ки бидуни дарки масъулияти ронандаи такси ба рох баромадаст.Ронандахои таксиро дар Душанбе ба чанд гурух чудо кардан мумкин аст:

1. Факат дар нуктахои алохида интизори мардум мешаванд. Агар то бегох касе ба назди онхо наояд хам, онхо мешинанд сканворду кросворд пур карда.

2. Ин гурух дуст медоранд,  ки дар шахр чарх бизананд. Хам онхо медонанд, ки дар кадом куча эхтимол мусофирон хастанд ва хам аксар вакт мошини онхо бо газ харакат мекунад.

3. Ин гурух шахрро хуб намедонанд. Роххои кутохтарро намеёбанд, аз мусофир пурсидан мегиранд. Гузашта аз ин накл кардани киссахои хаёташонро хеле дуст медоранд.

4. Гурухи 4-ум факат мусофирони хоричи кофта,  «центр» -ро бо ягон кучаи дигари шахр иваз намекунанд.

5. Онхо рузона хоб мераванд ва ё машгулияти дигаре доранд. Шабона  факат кор мекунанд. Бештар назди тарабхонахо ва фарогатгоххо меистанд.

    Гайр аз ин гуруххо боз ронандахое  хастанд,  ки дар салон озодона сигор мекашанд, мехоханд раками телефони духтарону занхои мусофирашонро  «як илоч»   карда бигиранд,  рахорах сергап, асаби ва г. хастанд. Дар мавриди накхати ногувори дохили баъзе мошинхо инчо намегуем.

        Дар Маскав соли 1972 ронандахои такси дар як сол ба 200 миллион нафар хизмат расонида будаанд. Имруз ман   хисоби дурусти  солонаи мусофиронро дар таксихои Душанбе пайдо накардам. Вале маълум аст, ки ширкатхое, ки хизмати таксиро пешниход мекунанд, тамоми шахрро фаро гирифта наметавонанд. Рузхои борони, барф, набудани газ дар нуктахои фуруш, иду чашнхо барои ронандахои такси дар Душанбе  «иду чашн» аст. Нархи муайян нест.  Хато намекунам, агар гуям, ки ронандахо аз руи омилхо ва мавкеи бино ва кучахое, ки меистанд,  ё бояд ба ончо бираванд, нархро муайян мекунанд. Дар баробари ин аксарияти онхо дар мавриди сарфи сузишвори хеле сарфакор хастанд. Бо зарфхои 1.5 ва 2 литра бензин гирифта, ба мошин мерезанд ва километри харакаташонро пайваста тахкик мекунанд. Борхо мушохида мекунем, ки хангоме ки Шумо ба мошин нишастед, баъд хамон вакт у бо дари ягон нуктаи фуруши сузишвори меравад. Хамаи ин нишон медихад, ки таксихо имруз кариб мачбури, аз зарурат ва  аз наёфтани кори дигар хастанд. Баъзе ронандахо доим бояд шикоят кунанд-ё аз кормандони БДА, ё аз сифати сузишвори ё аз рох, ё аз нарх ва пули кам ёфтанашон  ва ё аз чизхои дигар. Ин барои як кисми ронандахои такси одат шудааст. Ман мехохам, ки ронандаи такси нархи худро гуфта,  дар холе ки аз суи мусофир нархи у паст карда мешавад, яъне вакте ки савдо сурат мегирад,  хама мушкили зиндаги ва кори такси буданро ба гуши мусофир нахонад. Чи лозим аст ин? Чанд тавсия ва чанд коидаро инчо барои хонандаи гироми (ки эхтимол таксист бошад!)  меорам, ки бофтаи ман нест. Ва онро дар хама шахрхои сернуфуз ва пешрафта риоя мекунад:

-Муносибати ронанда бо мусофир бояд дустона, бо мехрубони ва дар сатхи эхтироми баланд бошад.

-Ронада бояд бе ичозати мусофираш сигор накашад, тирезаро поёну боло накунад, ба корхои худаш машгул нашавад. Масалан мусофирро интизор накунад.

-Рохро хуб донад, коидахои характро донад, харитаи хурди шахру  чумхуриро дошта бошад.

— Бакияи мусофирро бояд пардохт карда уро мунтазир накунад.

-Либоси ронандаи такси мисли мошини у бояд тоза ва озодаву хушбу бошад. (Буи равган ва бензин хеч гох хостани нест!)

-Вазъи техникии мошин бояд чавобгу ба талабот бошад. Хуччату ичозатномахои дигари ронанда бояд ба низом дароварда шуда бошанд.

-Хангоми рондани мошин гизохурии ронанда хуб нест.

— Ронанда ба хар чизе, ки дар дасти мусофир аст, ва ё дар борхалтаи у кунчковона бояд назар накунад.

-Ронандаи такси нисбат ба хомиладорон, маъюбон, кудакон  ва амсоли онхо бояд мехрубон бошад.

-Дар Рими кадим мегуфтанд ки  «касе ки хар чиро дагалона исбот кардани мешавад, номуваффак мегардад». Яъне хама гуна бахсро ронанда бояд бе дагали хал кунад.

-Маълумот доштани ронадаи такси аз хар боб, масалан дар бораи бинохо, кучахо ва таърихи онхо боиси он мегардад, ки як мехмони шахрро назараш нисбат  ба мардуми мо-дар мисоли як ронандаи такси,  дигар шавад. 

-Дафтарча ва калам барои кайдхо дошта бошад.

-Мусикиро баъди ризоияти мусофир пахш кунад.

-Ба мусофирон хангоми бор доштан кумак кунад.

-Саволхои ночо ва шахси надихад…

            Бо ин тартиб ин руйхатро давом додан хам мумкин аст. Дар кишвархои алохидаи дунё ронандагони такси коидахои хоси худро доранд, масалан дар Чопон ронандаи такси доимо бо дастпуши сафед аст, у бо мусофир кариб ки гап намезанад, дар Стокгольм таксихоро като-ооор дар кучаву пасткучахо намебинед, онхо факат бо телефон даъват мешаванд, дар Исроил ронандаи такси вазифадор аст, ки мусофирро бо рохи кутохтарин ба манзил расонад, ва хукук надорад ба тарафи у нигох кунад,  дар Дубай барои «НЕ» гуфтан ба мусофир ронандаро чазо хаханд дод.

Хулоса, ронандаи такси будан аввалтар аз хама бояд шугли дустдошта бошад,  на барои  «муд». Гузашта аз ин коре бояд кард, ки дубора ба мошини Шумо нишастанро мусофирон интизор шаванд ва хоханд.                

                                      «Садбарг-Аэропорт, саросема, хадахарав….Биё…» 

         То сухбати ру ба ру дар дохили ягон такси!  Саломат бошед!

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти