Имруз дар толори Иттифоки журналистони Точикистон Мизи гирд дар мавзуи «Хузури занхо дар интихобот» баргузор гашт. Ончо як сухбати хуби хонум Ойнихол Бобоназароваро гуш кардам. Вокеан хам имруз макоми зан дар кадом сатх аст? Боло меравад ё поён? Он чо дуруст хам кайд шуд, ки сабаби асосии дар зинахои дуюм ва сеюм мондани занхо ва духтаронро бояд дар акида ва тарзи зиндагии мо чуст. Чинси латиф дар хама кор ва хамеша латифу нарму заиф нест охир. У метавонад сиёсатмадори хуб бошад, у метавонад депутат бошад ва хазор карору конуни барои мардуми одди заруриро пешниход кунад, такмил дихад ва гайра.
Аммо мо аз руи одату акида ва боварихои худ аз хурди асло намегузорем, ки духтарони мо дар бахси мо ва мехмонони мо ширкат кунанд, акидахои мухталифро бишунавад, ки ин боиси пайдо шудани акидаи шахсии онхо хохад гашт. Харчанд дар кишвархои пешрафтаи дигар ин тавр набудааст. Ончо дар мавриди депутатзанхои Афгонистон сухан рафт, ки гайри интизори намояндагони точик, бедор ва часур будани худро нишон додаанд. Вале имруз дар Точикистоне, ки шукронаи Худо, тинчи ва ороми аст, имконоти хазор бор хубтар дорем, тибки назарпурсии хафтаномахо аксари мардум ё номи як- ду депутатзанро медонанд ва ё касе аз онхоро намешинохтаанд. Аз суи дигар то хануз аксар фикр мекунанд, ки чои зан аслан сахнаи сиёсату идораи давлати ва рохбари нест. Вале ба назар мерасад, ки дар мавридхои баракс хам мардхо хамон кореро анчом додаанд, ки онро занхо хам метавонистанд анчом бидиханд. Дар он нишаст як омор вобаста ба мавкеи идоракунии занхо пешниход шуд. Факат хаминаш ба ёдам монд, ки дар Точикистон холо ягон зан вазир нест!! Акнун замони вазирии у чи тахаввулоту дигаргунихоро метавон интизор шуд, ин аллакай мавзуи дигар аст.Чизи дигар хамин буд, ки барои занхо бояд шароити хубтари фаъолият фарохам оварда шавад. Масалан, хамон захмати дасти уро давлат харидори карда ба бозор барорад, худи он зан бошад, дар хона ба тарбияи фарзандонаш машгул шавад. (Лоакал то замоне, ки онхо бузург шаванд). Масъалаи дигар ин ба тичорат машгул будани занхо буд. Инчо низ хонум Бобоназарова пешниход дорад, ки хуб мебуд агар занхои точирро барои ягон 5 сол аз супоридани андозхои гарон озод мекарданд. Бар ивази ин онхо боз гурухи калони занхои дигарро бо чои кор таъмин менамуданд. Ва хам барои ба дасти занхо додани як кисми коргоху нуктахои каблан арзон харидашуда, ки акнун бозпас ба давлат гардонида мешаванд, ишора рафт.
Ман тахмин мекунам, ки аксари мо- мардхо, нобаста ба чои корамон дар мавриди занхо дар хона нигохи дигар дорем ва дар берун нигохи дигаргуна. Аксари онхое, ки дар мавриди макоми зан, озодии занхо сухбат мекунанд, аслан барои хатто аз хона бурун омадани хамсаронашон зид хастанд. Чизи дигар ин аст, ки мо мардхо бо хама занхо як хел нигох надорем- барои мо модари худамону хамсарамону хохару духтарамон дар дигар мавкеъ хастанд, модару духтару хохари хамсари каси дигар дар мавки дигар, ки албатта пасттар аз мавкеи касони болои аст. Чаро? Мо ку хам аз руи одати мардони хакики ва хам аз руи фармудахои Куръон бояд эхтироми баробар ба хамаи онхо дошта бошем!? Пушида нест, ки бо такя ба баъзе аз одату хурофот мо дар тарбияи духтарони худ сахв мекунем. Часур бошад, уро сарзаниш мекунем, ки «духтарам, ту бачча нести ку, ин кора накун, ё ин хел нагу…» ва гайрахо. Баъди хамаи ин ва дигар монеахо ва сохтакорихо онхо хатто дар интихоби хамсар хам азият мекашанд. Масалан, маълум аст, ки барои баъзе духтарон кабл аз туй дидани домод, сухбат бо у хатто фочиа аст.. Медонед, мардум чи мегуянд? Харчанд фардо дар зиндагии онхо аз хамон мардуми гапзану эродгир ва суханчин, мумкин ягон кас пайдо нашавад, ки кумак кунад ва ё рохи дурустро нишон дихад. Яъне, Шумо духтаронатонро бояд аввалтар аз хама дар рухияи часорату озоди ва дарки дурусти хама пахлухои хаёт тарбия кунед. (Барои чи «Шумо» гуфтам, барои он ки ман духтар надорам:))). Бовар кунед, хамон духтарони дар хона занчирбанд ва хонаги хам , ки падаронашон гуё онхоро хуб тарбия мекунад, на як бору ду бор даст ба корхое задаанд, ки ногуфтани. Яъне, дониш ва тарбияи дуруст, мухимтар аз хама чизи дигар аст. Ман бояд факат барои худнамоишдихи аз падарам натарсам, ман бояд хатто дар набудани у хам он кореро, ки дуруст нест ва у намехохад, накунам. Тамом. Аммо он ки духтарони мо аксаран аз сухбатхои ошкоро дар хама маврид ва аксари мавзуъхо бо падарашон метарсанд, фикр намекунам, ки хуб бошад. Ин хам гумонам давоми натичаи хамон одат ва андешахои мост. Ба хар сурат духтарону занхои мо имруз сазовори хама гуна дастгири ва кумак хастанд. Миёни онхо донишмандони хуб, сиёсатмадорон, рохбарони сермахсул хастанд ва ман ба ин шубха надорам. Дар поён чанд далел ва назарро меорам, ки ба нигохи ман шавковар аст ва шояд барои мукоиса ба Шумо кумак мекунад:
- занхои рохбар чанд хел мешаванд, якеашон бо доштани доман рафтори мардона доранд. БО онхо кор кардан душвор хам бошад, имконпазир аст.
- занхое, ки хангоми рохбари аз мехрубони ва хушгуфтории ба худашон хос истифода мебаранд, мисли «бачачон, духтарчон, чонум шави….ва гайра..»
- Гурухи дигари занхои рохбар эчодкор ва нисбат ба худашон берахм мешаванд. Яъне, барвакт ба кор омада аз хама дер мераванд, факат барои коргоху обуруи коргох ва хамкорон кушиш мекунанд… Оила он вакт баъди кори у меистад.
- Гурухи дигар бо он ки аз вазъи оилавии хама кормандон хабардоранд, бурд мекунанд. Чунки он вакт онхо наздик мешаванд, асрор миёни онхо кариб намемонад. Пинхонкори миёни рохбарон ва зердастон гумони ман, ки натичаи хуби кор нест ва хам натичаи хуб хам намедихад.
- Имрузхо дар хама чо ба вазифахои рохбари он занхо ва духтаронеро мегиранд, ки хатмкардахои факултахои хукук, иктисод …хастанд. Дар холе, ки аксари занхо ва духтарон дар самтхои дигар кору тахсил мекунанд.
- Аз руи тадкикоте, ки Бонки Бритониё гузаронида буд, аз се як хиссаи ширкатхое, ки дар соли 1996 ташкил ёфта будааст, аз чониби занхо таъсис дода шуда будааст. Аммо аз руи хисобхо имруз дар хусусигардони дар Точикистон ягон зан ширкат накардааст, яъне, ягон коргоху муассисаву хар чизи дигарро нахаридааст (!)
- Имрузхо дар самти реклама ва чалби рекламадихандахо нашки занхо намоёнтар аст. Дилхох коргох ё Радио ва ТВ кушиш мекунад, ки намояндахои тичоратиаш, аз кабили менечерхо ва агентхои реклама духтарон ва занхои зебо бошанд. Тачрибахо нишон медихад, ки кори онхо самараи бештар медихад.
- Рохбари ва идоракуни аксар мардхоро аз хар чихат дигаргун мекунад, аммо маълум шудааст, ки занхо чанд карат бештар дар ин мухит дигар мешудаанд…
Ман шояд натавонистам, инчо сухани нав ё пешниходи нав кунам, вале ба хар сурат хомуш наистодам, ки ин хам гумони худам мухим аст. Акнун боз Шумо гуед.
==================================================
Filed under: Uncategorized | Tagged: Занхои рохбар. |











Салом!
Чун сухан дар мавриди «дар кадом сатх будани макоми зан» меравад, албатта баъди хондани ин маро бетараф нагузошт ва мехохам фикру андешаи худамро кам хам бошад баён созам.
Кам нестанд занхое (ва кариб ба хамагон хам маълум аст), ки онхо (дар баробари тарбияи фарзандон) дар идораву муассисахои гуногун кору фаъолият мекунанд, ки ин хам фикр намекунам, ки барои зан кори сахлу осон бошад. Масалан, нафаре директор шуда кор мекунад, дигаре бошад рохбарии гимназияро ба ухда дорад … ва г.
Ман фикр мекунам, ки барои рохбари кадом корхона будану кадом масъулиятеро ба души худ гирифтан аввалтар аз аз хама дониши хуб (мухимтар аз хама дар хамон сохае, ки у кор мекунад) дошта бошад ва адлу инсофро ба кор бурдан лозим…
Ва чанд нуктае ки инчо дар бораи занхо гуфта шудааст ва мавриди писанди ман хам буд такрор хам шавад айнан меорам , ки:
— Мо ку хам аз руи одати мардони хакики ва хам аз руи фармудахои Куръон бояд эхтироми баробар ба хамаи онхо дошта бошем!?
— Яъне, Шумо духтаронатонро бояд аввалтар аз хама дар рухияи часорату озоди ва дарки дурусти хама пахлухои хаёт тарбия кунед.
А, кариб фаромуш кардам: Хохони онам, ки Худованд Шуморо сохиби як духтарчаи зебояк гардонад. ))) Тамом!
НравитсяНравится
Аслан, дар мавриди чинсхои латифу сари вазифа будани онхо бисёр мешавад сухан гуфт. Аммо мухимтар аз хама ин аст, ки МО-чинсхои дурушт бояд мусоидат намоем, ки бонувони кашангамон (хамаи занхои точик кашанганд) тавонанд имкониятхои акливу фитриву чисмонии худро ба кадри имкон истифода баранд.
НравитсяНравится