Чаро?-6. Команда.

        Мавзуи шиносбози дар хама давру замонхо будааст. Дар замони Шурави хам.  Баъзе сирру асрор хамон вакт берун меомад,  баъзеаш имруз ифшо мешавад.  Хулоса, хама медонанд,  ки шиносу чурабози буд ва холо хам хаст. Бо иваз шудани рохбар чанд чизи дигар иваз мешавад,  хатто ронанда дигар мешавад,  кабинети кории раис боло ва ё поин меравад,  муовину мухосиб дигар мешаванд ва амсоли инхо. Биёед як фикр кунем, ки чаро?  Ман  андешаамро дигар кардам ва хамин командабозиро акнун дастгири мекунам. 

Команда

Барои он, ки командаи каси дигар ба Шумо содик намемонад. Шояд холатхои чудогоне хаст, ки   ин андешаро инкор кунанд, вале аксаран сабаби чамъи кардани командаро аз чониби рохбари нав мо бояд дуруст фахмем, ки  ин аввалтар аз хама барои пешрафти кор аст (агар хамзамон  ин  як рохи  чои кор додани чанд хешу табор хам бошад!).  Бубинед, ки андешаи хамин гуна як командаи мукаммал ва вафодор доштан  ба назари ман, худаш нигохи дурбин доштани хамон нафар сохибкоманда аст. Яъне, у кайхо фахмидааст, дидааст, эхсос кардааст,  ки  «сагро мачбури ба шикор намебаранд».  Мо ин холатро дар бештари вакт ба чурабози,  махалбози ва порагири омехта мекунем. Вале зиндагии харруза нишон медихад, ки миёни дустони хар кадоми мо хам мутахасисони хубу кордон,  нафарони  ояндадор ва босавод кам нестанд.  Пас, барои чи ман онхоро ба кор нагирам?  Бо будани онхо дар коргох дили ман  пур хохад буд,  ки онхо максади  маро пиёда мекунанд,  маро дастгири мекунанд, гапамро «дуто» намекунанд … Кор пеш меравад хамин вакт? МЕРАВАД!  Дар коргоххои калон шояд ин гуна командадори душвор бошад.  Ончо акнун тартибу низоми оханин бояд чори шавад,  ки бад он васила бокимондаи командаи дигаре ба суи Шумо майл кунад,  химоя бинад, худро корманди  зарури эхсос кунад. Тачриба нишон медиханд, ки зердастони гарданшах ва бадният садхо бор рохбарони худро дар холати ногувор монондаанд, хатто боиси холатхои дахшатбортаре хам будаанд. Илоч ин- хамон командаест, ки ман  акнун онро бори дигар дастгири мекунам. Факат бо онхо-бо аъзоёни вафодор ва босаводи командаи худ,  Шумо метавонед, коргохро, нуфуз  ва мавкеъи онрову худатонро  нигох доред.  Бовар кунед,  ки дошта тавонистани командаи тавоно,  ки эхтимол дорад, дар холатхои чудогона бо шумо ситезад ва бегона гардад, кори осон нест!  Худи ёфтани аъзоёни командаро намегуед!?

           Команда дар чанд шакл дар хама чо хаст-мудири богча хам командаи худро меорад  ва Сарвазири нав хам. Максад бояд ободи ва созандаги бошад, дигар хама  чи, хама гапу калоча ва тахмину фолбинихои дигарон мухим нест ва арзиш хам надоранд. Командаи хубу тавоно кобед,  аз холо барои рохбарии он команда ва пайравони он омадаги бигиред, ё бо командахои тавоно пайванди чуед.  Шумо намедонед, ки фардо чи ходиса рух медихад, ман хам,  аммо (гох пинхону гох ошкоро!) хуб медонем, ки дар хама холат факат нафарони вафодор, содик, шиносу  масъулиятшинос дастгир ва ёвари  мо буда метавонанд.

          Ман факат дар мавриди командаи худихо дар коргох  гуфтам ва бовари дорам, ки он  барои пешрафти кор мусоидат мекунад. Аммо ба маколи   «Ман аз бегонахо дигар нанолам,  Ки бо ман харчи кард, он ошно кард…», чун тарафи дигари ин мавзуъ, ягон вакти дигар бармегардем. ТО он вакт, ба гумонам,  бояд  бегонахоро он кадар аз худ дур накунем ва худихоро аз андоза зиёд эрка ва  ба худ наздик.

===================================================

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти