Додари ман-Бахтибек шухи мекунад, ки ман мардуми Файзободро дар Душанбе тез мешиносам- онхо аксаран хатто дар тобистони бешамол хам инчо вакти гирондани сигор онро бо дастхо пушида, руйро мукобили «шамол» мегардонанд.:))
Дар кучое хонда будам, ки марде гуфта буд- «хар нафар бояд ягон одати нохуб дошта бошад, то вакти ягон хел бемори он одатхоро партояд :))» Ин гумонам шухие буд, ки чиддият хам дорад. Ман чанд муддат сигор кашидам… Аммо акнун ин одатамро партофтам.
Фикр мекунам, ки мо метавонем хама одатхои нохуби худро партоем, вокеан хам агар хохиш дошта бошем. Ягон сабаб хам инчо метавонад, накш дошта бошад. Масалан, мисли андешаи дар огози ин матлаб омада, бемори имкони хуби тарки чанд одат аст. Вале интизор шудан, ки ман кай бемор шаваму баъд чанд одати нохуби худро партоям, ин хам беаклист. Мо хамин руз ва хамин лахза метавонем тарки хама одату шугли бад кунем. Барои ин ирода, хохиш ва мухити солим лозим аст. Ман як вакт чанд муддат дар шахри Павлодари Казокистон будам ва аз руи семинаре, ки он чо мегузашт, хар руз ба маркази наркологи мерафтам. Аз сухбату омухтанхо дарк кардам, ки хатто аз вобастагии нашъа ва хероин хам мардуми кавиирода ва боакл халос мешаванд. Ман он гунахоро хамон чо дидам…Акнун ин сигору нос ва шаробхориро бе гуфтугу тарк кардан ё бас кардан мумкин аст. Аммо дар мавриди ирода ва хохиш хаминро хохам гуфт,ки то замоне, ки нафари сигоркаш худаш хохиши тарки он одатро пайдо накунад, мачбуркуни ва хавасмандкунихо фоида намеорад. Баъди пайдо шудани хохиши тарки он одат акнун у бояд иродаи худро мустахкам кунад. Бо иродаи мустахкам, гумонам хам тавлид мешаванд ва хам онро мустахкам кардан мумкин аст. Чаро не? Омили сеюм инчо мухити атрофро гуфтам, ки таъсири андак надорад. Кас дар доираи дустони «номутаносиб» афтода, гумон мекунад, ки хама коре, ки ончо мешавад, барои як марди комилхукук ва озод меъёр аст. Яъне, бояд хамин гуна шавад, агар нашавад, касе хафа мегардад, меранчад, дусти «халалдор» мешавад… Иродаи мустахкам инчо хам шуморо начот медихад. Ман имруз он чизеро худам хис мекунам, ки замони сигоркашиам агар хатто духтур мегуфт, ман бовар намекардам. Ман акнун хис мекунам, ки шабона вакти хоб «чизе» синаи маро фишор намедихад, ман шабу сахару хар вакти дигар, хеле дагалу бардавом намесулфам, аз бадани ман накхати норохаткунандаи тамоку намеояд, дар як мох ман хатто 80-100 сомониро сарфа мекунам..(Бовар кунед, ки он вакт инро хис намекардам, боз аз кучое гуё пайдо мегашт, ки ман барои сигор пул меёфтам..:))). Сабабхои сигоркаширо даст гирифтани мардум зиёд аст-яке мегуяд, ки асбам ором мешавад, дигари мушкилие дорад ва харчанд медонад, ки бо сигоркаши он хал намешавад, вале бозам худро тасалло медихад, сеюми ин корро барои ба касе нишон додани «замонави» буданаш мекунад, дигареро факат бояд миёни ангуштонаш холи набошанд, тамом….Вале новобаста ба хама гуна сабабу далелу мачбурихо аз бахри ин одат гузаштан мумкин будааст. Чанд тавсияро барои Шумо хохам гуфт, ки аллакай санчидашудаанд:
- рузи душанбе, сешанбе, аввали мох, туйи фалони….ро интизор нашуда хамин хозир сигорхои киссатонро партоед ва ба худ кавл бидихед, ки дигар сигор намекашам;
- баъди ба худ кавл додан ба волидон, хамсар дустонатон гуед, ки шумо тарки сигоркаши кардед. Хар кадар ба мардуми бештар мегуед, хамон кадар таъсираш бештар ва хубтар мешавад;
агар сигоркаширо якбора партофта наметавонед, ин корро ба тадрич, охиста-охиста кунед-аввал шумораи сигорхоро кам карда, баъд онро бас кунед; - хама чизеро, ки сигоркаширо ба ёдатон меорад, аз пеши назаратон гиред-хокистардон, сигорхои кадом вакте харидаатон ва имсоли ин..;
- тангахои майдаро аз киссаатон дур кунед, зеро бо он шояд сигор харидани мешавед. Шумо холо хамин корро мекунед-ку?;
Аз суи дигар ваъдаи катъи пеши худатон бояд пуртаъсиртар бошад. (Хамин холатро ман имруз эхсос мекунам!) Яъне, бо наздатон будани кутти сигори хуб хам шумо, ки ваъда кардед, дигар сигор намекашам, бояд ба он даст нарасонед. Ман бо навиштани ин матлаб гуфтани нестам, ки бояд хатман гапи маро бигиред ва тарки сигоркаши кунед. Шумо аз ман дида бехтар харчиро медонед. Ман факат тачрибаи худамро навиштам. Баъзехо аслан ягон зарари ин одатро холо надидаанд, барои баъзехо дигар ин одатест, ки таркаш амри мухол аст….ё шояд сабабхои дигар хам бошад. Ёдам хаст, ки марде дар як туй гуфт, ки ман 35 сол аст, ки сигор мекашам, як вакт бас кардаму ба чанд касали дигар гирифтор шудам….:)) Яъне, у холо андешаи тамоман дигар дорад дар ин мавзуъ. Ба хар сурат донишмандон ва табибон барои хамин гурухи мардум хам чанд тавсияро пешниход мекунанд:
- сигори камникотинро кашед ва ё хамин сигорхои оддиро гирифта, нимашро шиканед ва факат ними онро кашед;
- дар шиками гурусна набояд сигор кашид;
- хама хели сигорро то «баромадани буи нохуни сухта» накашед:));
- вакте ки саросема хастед, асаби хастед, бо зинапояхо боло меравед…бехтараш сигор накашед;
- якчо бо нушидани чой ва ё кавха сигорро тавсия намедиханд;
- пеш аз хобидан сигор кашидан нодуруст аст;
Ин факат дар мавриди сигор буд, аммо ба руйхати одатхои нохуб, ки баъзеяш аз сигор ва буи он сад бор бадтар таъсир дошта метавонад, одатхои дигарро хам ворид кардан мумкин аст. Як вакт равоншиносони инглис пурсиш гузаронида мехоханд, муайян кунанд, ки кадом одатхо ба мардум писанд нест ва онхоро асаби ва норохат мекунад? Натича хамин мешавад, ки 59% пурсидашудагонро «кофтани бини», 55% «хурроккаши дар вакти хоб», 50% бо дандонхо садо баровардан, 49% ро бошад, садо баровардан аз узвхои бадан-мисли гардану дасту пой ва ангуштон норохат мекардааст. Хамчунин мардуми инглис бо даст ба мизу курси «доира задан», бод сар додан, аз хад зиёд шароб нушидану гап задан, чумбонидани пойхоро хангоми ншастан дар курси, нохун хоиданро ба руйхати одатхои хеле бад ворид кардаанд.
Ба хар сурат гумон мекунам, ки мо факат ба руи якдигарамон одатхои бад ва нохуби доштаи хамдигарро гуфта метавонем. Зеро кас дар аксари маврид норасоихои худашро ё тамоман намебинад ва ё агар аз забони дигаре фахмад хам, эътироф намекунад. Маълум аст, ки инсонхо гайр аз сигор кашидан одатхои дигаре хам доранд, ки онхоро бояд тарк кунанд. Факат вакт нишон медихад, ки Ки пештару Ки баъдтар, Ки мачбури ва Ки ихтиёри, Ки барои сихатиаш ва Ки бо сабаби кадом ходисае онхоро тарк мекунад.
Марк Твен гуфта будааст, ки «худованд аввал мардро офарид ва баъд занро. Чун дид, ки ахволи мард вазнин шуд, баъд у сигорро офарид..»
Вале ки мегуяд, ки мардумони шинохта, донишманд ва бузург хато намекунанд? 
Filed under: Uncategorized |











Салом…!
Ман холо гуфта наметавонам, ки кадом «донишманд» аст, ки хато накардааст, вале хаминкадар гуфта метавонам ки: Шумо исбот карда тавонистед, ки марди хакики хастед…!
НравитсяНравится
Салом! Дуруст аст, ки агар ирода мустахкам бошад, одам ба ичрои хама кор кодир аст. Барои мисол хамсабаке доштем, ки надонам чаро аммо якбора сигоркаши одаташ шуд. Аниктараш мо баъди се мох донистем, ки у сигор мекашад. Вай аз хама пинхони сигор мекашид ва иттифокан рузе ман нахустин шуда огах шудам ва ба хамин тартиб дигарон низ фахмиданд, ки нафаре, ки хеч тасаввур намерафт тамокукаш аст. Аммо рузе гуфт, ки у аз хамин лахза сигор намекашад. Бовараш накардем, аммо сигоркаширо тарк гуфт. Боирода бошед васалом!
НравитсяНравится