Чаро?-8 «Шов-Шов»

      Як вакт дар кадом сахифаи Интернет хонда будам, ки як устои итолиёии  ороишгари муи сар дар дуконаш навиштааст, ки   «дар инчо дар мавзуъхои сиёсату чангу чанчолу гапу хабари росту дуруг  ва овозахо сухбат кардан манъ аст!»   

Миёни мо мардуми зудбовар ва хамачибовар (агар чунин гуфтан мумкин бошад!) зиёданд.  Яъне миёни мо кам нестанд, онхое, ки андешаи хоси худро  сохиб нестанд,  кобилияти тахлили ин ё он масъаларо надоранд.  Ба он маъни,  ки хар кас чизе гуфт, кабул мекунанд,  дуруст ва рост гумон мекунанд. Агар мушохида карда бошед, сари чанд вакт овозаву гапу калочаи гуногун дар Душанбе ва атроф пахн мешавад, ки дар як лахза тамоми Точикистонро фаро мегирад. Дар замин пайдо шудани чизе, дар осмон намоён шудани навиштае, чумбидани замин, харому халол будани сахмияхо (Рогун дар назар аст)  ва боз чандин овозаву гапу хабари дигар аз хамин кабиланд. Вобаста ба хар мавсим ва вокеахо бадхохону  душманони  иттилооти, ки аллакай медонанд, ки аксарият зудбовар хастем, хамин гуна хабару хангомахои беасосу баъзан хандаоварро пахн мекунанд.  Аз рузе, ки мардум барои бунёди Рогун камари химмат бастааст,  инак ман чандумин овозаро мешунавам. Охиринаш хамин аст-  «пулхои мардум, ки ба телефони мобилиашон гузаронида мешавад,  хамааш гирифта мешавад.» …Дархол фахмидам, ки боз касе шояд  хамон СМС икдоми кадом як ширкати алокаро нодуруст фахмидааст. Ё онро ба таври дигар чилва додааст.  Ин факат як мисол буд.

Мо бештар вакт ба баъзе назархое бовар мекунем, ки  натичаи хулосаи нодуруст ва  «сардастаки»-и ким кадом шахси  суханчину гаправ аст.  Чаро мо ба хама чи аввалтар аз хама бо назари тахлил ва шубха наменигарем? Аввал бояд худамон онро санчем, пурсем аз касе, ки медонад. Ва баъд хам гумон мекунам, ки хомуш нишастан бехтар аст. Агар  ин амри маъруф бошад,  ман бояд хомуш нанишинам, зеро он кори ман боиси аз рохи бад гаштани чанд  нафаре  мешавад  ва хам ин савоб аст,   вале вакте ки гап дар бораи ким кадом гапу хабари хануз тасдикнашудае меравад, магар дуруст нест, ки ман хомуши ихтиёр кунам? Гумонам, ки хамон маколи  «дахони пушида сад танга»  махз барои хамин гуна холатхо аст. Мушохида мекунам, ки баъзе нафарон  хатто аз тачрибахои гузаштаи  рузгор сабак намегиранд. Чи гуна мумкин аст, ки як нафарро бо хамон як  «сценария»  чанд бор фиреб бидиханд?  Аз суи дигар дар миёни мо кам нестанд нафароне, ки аз ягон чиз рози нестанд.  Табиаташон хамин гуна аст.  Онхо дар бораи хама кас, дар атрофи хама мавзуъхо ва вобаста ба хар холат  бояд ягон чиз гуянд,  росту дуруг.  Хомуш наистанд.  Шояд доимо хомуш истодан хуб набошад,  вале ки гуфт, ки доим гап  задан ва  «баромад»  кардан хуб аст?  ВАО бо хама неру ва кудрате,  ки имруз дорад,  холо натавониста  истодааст, ки сари вакт перомуни хама гапу калочаи миёни мардум мавод тахия ва пахшу нашр кунад.  Як овоза то дарачае  миёни  мардум  «мегардад»,  ки кариб хама ба он бовар мекунанд. Дигар вакти инкораш мардум шубха мекунад, ки кадоме  росту ки дуруг мегуяд.  Масалан, хамин шабу руз вакти он аст, ки сарварони ширкатхои мобили садо боло кунанд ва бо забони содда ва одди ба мардум дар бораи икдомхои некашон гуянд ва фахмонанд, ки тартиби кор чи гуна аст, гуянд, ки оё   «просто так» мешавад, ки  шартномаву карору коидахои дигарро нодида гирифта,   пули мардумро дуздид?  Одамоне, ки ин ё он овоза ва гапу калочахо ба онхо дахл дорад,  аксаран миёни мардуми одди нестанд. Сабаб хам хамин аст, ки дертар вокуниш нишон медиханд. Ё умуман гофил мемонанд. Хамин гуна  вобаста ба хама чизи дигар агар сари вакт бефарк набошем,  факат ба манфиат хасту ба фоидаи кор. Мо агар чонибдори  ороми ва субот хастем,  бояд дархол ба хар шахси вохимачи ва суханчин чавоби санчида бидихем.

          Гузашта аз ин коидахои дигаре хам хаст, ки  боиси нарафтани обру  мешавад.  Маколи  «забони сурх сари сабзро ба бод медихад»- дуруг нест. Хамон сартароши итолиёи, ки дар огози хамин матлаб дар борааш гуфтем, кори баде накардааст.  Зеро дар Точикистон хам  маълум аст, ки нуктахои ороиши муй, бозорхо, ошхонахо, нуктахои таъмир, чойхонахо, масчид….ва гайра чои  хар гуна «гапу хабар»  аст.  Ва дар мавриди чанд тартибе, ки санчидашудааст. Бояд лоакал хомуши ихтиёр кунем, агар дидем, ки гап дар бораи ин чанд чиз меравад ва мо далелу маълумоти кофи ва дуруст надорем:

  • миллату халкият                                                 
  • сиёсат
  • рохбарият
  • накша ва ниятхои нав
  • мавзуъхои шахси ва оилави….

Сухан хамеша таъсирбахш аст. Он метавонад хам таъсири мусбат гузорад ва хам манфи. Дониста гуфтан кори мардуми  боаклу масъулиятшинос аст. Мардумони  бохиради дигар  дар холатхои хассос чанд бор  перомуни чизе фикр карда, баъд хомуш менишинанд.  Суханеро,  ки боиси халалёбии ороми ва субот  ва рафтани бовари мешавад,  факат бадхохи миллат пахн мекунад. Агар мо ба он бовар  кунем ва онро аз дахон ба дахон то дурихои дур  барем,  хаммаслаки онхо нестем?

комментария 2

  1. — Гапатон маъкул, Субхон..!

    Нравится

  2. БРАВИСИМО!!!

    Нравится

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти