Чаро(ғ)?! Дар охири роҳрав.

Онхоро имруз дар кучахои шахр дидан мумкин аст, ки бе назорат мегарданд.  Шумораи онхо кам нест.  Хамаашон сокини Душанбе набошанд хам,  Душанберо имруз макони  «сайру гашт»  карор додаанд. Ки кафолат медихад, ки онхо касеро наметарсонанд ва ё мавриди хамла карор намедиханд ё  захми намекунанд?  Ман ходисаеро медонам, ки як чунин зан  ба  хамсояи худ бо корд дарафтида буд.  Бе гунох… (У дар беморхона ба халокат расид!) Мо ин навбат дар  бораи беморони рухи ва нафароне, ки  иллатхои равони доранд, сухбат хохем кард.

Мувофики конунхои чори ва хам конунхои нонавиштаи одамият ва зиндагии инсонхо онхо хам инсон хастанд ва бояд хукукхояшон хатто замоне, ки худашон дар ин бора намедонанд, риоя гардад. Тахкир ва пастзании эътибору шарафи  онхо мумкин нест.  Вале…

Онхоро ки бояд  назорат кунад? Муассисахои махсус? Наздикону пайвандонашон? Ки? Барои чи нисбат ба онхо хатто наздиконашон бепарво хастанд? Оё баъди аз бемористон чавоб додани онхо касе барои назорати онхо муваззаф мешавад?  Ки бояд хамин чараёнро назорат кунад?  Дар Душанбе аз субх то шому хатто шабона  гаштугузор кардани ин гурухи одамон магар нишони беахамиятии наздикон нест? Рост аст, ки онхо шояд дигар хамон гуна тавону кудрати дар хона нигох  доштани баъзеи онхоро надошта бошанд.  Аз дар берун рафтани онхо боиси чанд соат ё   руз осудани  наздикон аст. Вале  ин рохи хал нест ку?!  Мувофики омори Агентии амрикоии  AHRQ  хар 5 -умин нафаре, ки дар Амрико бистари мешавад, иллати равони ва рухи дорад. Яъне  факат зиндагиро чун сабаби асосии  гирифтории мардум ба ин бемори  донистан, то чое нодуруст низ хаст. Мардуми серпулу тинчу осудаи амрикои хам гирифтори ин гуна беморихо мешавад.  Созмони чахонии тандурусти  гуфтааст, ки  шумораи нафарони  гирифтори беморихои рухи дар дунё ба 200-300 миллион мерасад. Ва ин шумора дар холи афзудан будааст. Зиёд мешунавем, ки касе бо ярок ба богча ворид шуду ба магоза ё  касе чанд танро гаравгон гирифт. … Хамин гурухи одамон асосан ба ин гуна амалхо даст мезананд. Кишвархо аз  солхои хеле кабл барои нигохдории ин гурухи одамон  муасисахои махсусро месохтанд. Масалан,  дар шахрхои калони  Белоруссия дар охири асри 15 ва аввали асри асри 16 нуктахои махсусе вучуд доштааст, ки ончо беморони рухиро нигох модоштаанд. Дар Точикистон низ ин гуна муассисахо хаст. Нафаре дар як сухбат гуфта буд, ки мардуми гирифтори иллатхои  рухи дар ин гуна муассисае дар нохияи Рудаки ба сокинони атрофи он муассиса  «кумак»  мерасонанд-барои онхо об меоранд, огилилхонахои онхоро тоза мекунанд…. Ин то кучо рост буд,  намедонам.  Гумонам, ки дуруг набуд…  Имруз  зарур аст,  ки ин гуна муассисахо ва тартибу нигохдории беморони рухи  тачдид  шавад.  Нигохи мардуми мо хам ба ин гуна одамон ба дарачаи зарури хуб нест.  Созмонхои гайридавлатие,  ки дар ин самт кор мекунанд, мисли хамаи дигарашон аз дигар самтхо, дар мавриди аввал барои азхудкунии маблагхои хангуфт ва  таксими онхо талош мекунанд. Агар чунин нест, барои чи сафи  онхое, ки дар кучахо мегарданд, иллатхои равони ва рухи доранд,  кам намешавад?  Имруз ва хамаруз  мо бояд интизор нашавем, ки кай як нафар тамоман беёд ва бехуш шаваду баъд мо ба табобати у сар кунем. Мардум бояд  бо эхсос кардани нишонахои аввали ин гуна беморихо нахандида, барои кумак ба у мусоидат кунад. Ман духтур нестам ва барои хамин сари роххои тиббии ин бемори намегуям. Факат он чизеро мехохам пешниход кунам, ки дар андешаи Шумо хам хаст: Чи бояд кард, ки мардум ин гуна бемор нашаванд ва оё метавон барои ин ягон коре кард?  Ахволи ояндаи ин гуна шахсон чи гуна хохад буд?

Наздикону пайвандони нафарони гирифтори иллатхои рухи дар холи беназорат монондани ин гуна нафарон гунох ва хатои азими дуюмро  содир мекунанд.  Хатои якуми онхо ин буд , ки онхо дар вакаташ  нисбат ба дигаргунихо дар хаёти он  пайвандашон бетараф ва бепарво буданд.  Он вакт шояд начот додани як нафар аз иллати якумраи равони ва рухи имконпазир буд. Вале бояд гуфт, ки аксар нафарон тагиротро дар амалу харакат ва сухбати наздиконашон тез хис намекунанд.  Барои хамин ман дар поён чанд нишона ва холатро  аз www.doctorsan.ru хохам овард, ки барои муайянсозии холати рухии наздикон ва пайвандон мусоидат мекунад:

  • хис мекунед, ки у бо худ гап мезанад, мисли он ки ба суоли касе чавоб дода истодааст;
  • механдад,  бе кадом сабаби хандаоваре;
  • хомушии якбора, мисли он ки гуё ба сухбати  касе бодиккат гуш карда истодааст;
  • холати парешони ва мушавваши, у ба мавзуи шумо ва сухбати хозираатон хеч ворид шуда наметавонад;
  • эхсос мекунед, ки  у чизхоеро мебинад ва мешунавад, ки шумо намебинед ва намешунавед:
  • у пинхонкору  дамдузд мешавад;
  • суханхое мегуяд, ки аз хакикат дуранд ва мантики дигаргунае доранд:
  • эхсоси тарс-онхо дару тирезаро баста пардахои онхо мепушонанд;
  • аз хурок даст мекашанд ва ё пеш аз хурдан месанчанд ки дар он чи хаст- чи дорад, чи не?
  • одати шикоятнависи пайдо мекунанд,  масалан, аз руи хамсоя ба милиса  шикоят мебаранд, ки шабона дарашро сахт мепушад ва гайра ва хоказо;
  • дар бораи худкуши ва ба он монанд гапро мекушоянд;…

Ин факат як руйхати нопурра буд. Нишонахои дигаре хам хаст, ки бояд хар нафарро бетараф нагузорад. Зеро бо бетараф гирифтани худ шумо ва пайванди Шумо гирифтори проблемахои зиёди ичтимои мегардед. Дар мавриди аввал,  ин як монеаи равони хохад буд, ки  бо будани он шумо ба хамкорону дустонатон гуфта наметавонед,  ки  дар оилаатон  хамин гуна бемори рухи зиндаги мекунанд. Ё агар онхо фахмида бошанд,  хангоми  мехмони омадани онхо шумо кушиш мекунед, ки он узви оилаатонро, ки бемор аст, ё дар хонаи алохидае пинхон кунед ё ба хонаи хамсоя ё хеши дигаратон  бифиристед.  Зеро холо фахмиши мардум дигар нашудааст,  онхо холо нафахмидаанд, ки иллати рухи мисли хамон артрит ё бемории меъда ва бемории канд  аст. Мо ба кариби бо дархости як ташкилоти гайридавлати ролики ичтимоие дар мавриди муносибот бо беморони рухи таёр кардем. Маълум мешавад, ки онхоро ба мусофиркашхо рох намедодаанд.  Сабаб  шояд хамин аст, ки чанд бемори дигар дар воситахои наклиёт ба мардум дарафтида буд, ё мардум медонанд, ки онхо метавонанд шуморо бе сабаб дашном бидиханд ва г.  Зеро на хамаи онхо пайваста дар назорати духтурон хастанд ва на хамеша онхо бо наздикону пайвандон мегарданд. Рост аст, ки мо масъалахои мубрам ва мухиме дорем, ки аввалтар аз хама бояд ба онхо ахамият дод. Вале сихатии чомеа ва насли оянда аз мавзуъхои мухимест, ки онро намешавад инкор кард. Агар дар оилахо ин гуна нафарон ба сар мебаранд, бояд:

  • назорат кард, ки онхо чиноят содир накунанд;
  • бояд сари вакт ба мушкил ва бемории онхо расидаги кард, ки фардо шояд дер мешавад;
  • дар холи чанд руз набудани онхо бепарво хоб нарафт;
  • барои сихати ва ояндаи онхо имруз бояд ягон чиро  дарег надошт;
  • ба сару либос,  муй ва тозагии онхо бояд ахамият дод, охир онхо хам инсонанд;
  • барои онхо машгулияти шавковаре  бояд пайдо кард;
  • дар вакти табобат аз холи онхо бояд хабар гирифт, кумак кард;
  • набояд гузошт, ки онхо дар хар кучо танхо пайдо шаванд. Бовар кунед. ки агар онхо як ду бор дар пахлуи шумо меоянд, нигохи мардум ба онхо  комилан дигар мешавад. Ин кор аз сад проекту пулсафкунии донорхо бо максади нест кардани дискриминатсия дида натичаи бехтар медихад;…

Бо сахфагардон кардани сахафоти таърих маълум мешавад, ки дар гузашта хам чавобгари барои харакатхои нодурусти мардуми гирифтори беморихои рухи ва иллатхои равони аввалтар аз хама ба души пайвандонашон, баъд ба души мардуми алохида ва хатто коргоххо будааст. (!)  Масалан, хануз  соли 1425 дар Олмон ба зане барои нигохубини бемори рухие шахрдори пул медодааст.  Аммо холо мушохида мешавад,  ки аксари гирифторони беморихои рухи мавриди тамасхур карор мегиранд. Худи истифодаи калимаи «девона»  нисбат ба онхо ва наздиконашон зарбаи сахте  аст.  Бояд донем, ки ин бемории онхо  подоши амалу кору фаъолияташон  набуда,  барои ин бемори онхо хеч гох гунахкор нестанд. Шояд медонед, ки бештари мардуми дар санъату адабиёту илму ихтироот машхур аз иллатхои рухи ва равони азият мекашиданд.  Вале агар ахволи онхо хам мисли ахволи баъзе беморони имрузаи мо мебуд,  ба гумонаст, ки онхо ин кадар ганчинахо меофариданд ва човидон мегаштанд.

 «Эхсос мекуни, ки гуё бо рохрави дарозу торике рафта истодаи ва намедони, ки кай рушнои пайдо мешавад. «

Нил Леннон, футболбоз.

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти