Ӯ вақте ба деҳа баргашт, ки кам касон қиссаи зиндагиашро ёд доштанд. Ҳамон касони кам ҳам ба ин назар буданд, ки ӯ наомадааст, балки ӯро шояд овардаанд. Кӣ? Касоне, ки бурда будандаш! Ба ҳар сурат, ба ин фарзия он вақт ва ҳоло ҳам мардум, ки қиссаи пушти кӯҳи Қоф бурда шудани боз ким-касони дигарро аз ҳамин деҳ аз даҳони мардумони калонсол шунида буданд, бештар бовар мекарданд. Ин пиракии ришу салладор аз он ҷавоне, ки чандин сол пеш асроромез аз ин деҳа ғайб зада буд, фарқ дошт. Ӯ акнун баракси худаш буд — баракси сирату сурату нигоҳҳояш, баракси худаш дар чанд соли пештар, баракси он ҷавони содаву зудбовари тракторчӣ
Читать далееFiled under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Мираҳмад, девона, мӯйсафед, подабон, қисса | Leave a comment »









