Факат падаре метавонад, ба фарзандаш мухабати Ватанро талкин кунад, ки ин гуна мухаббат дар вучуди худаш аланга дорад.
Монтескье
Ман имруз аз хар вакти дигар дида, ба сухбату амалу харакатхои мардум бештару амиктар зехн мемонам. Мукоиса мекунам, ки кадом гурух дар гуфтору рафтор дигар шудаанд, тагир хурдаанд ва ё бетагир хастанд. Ва диккати маро як чизи мухиме чалб мекунад. Чаро онхое ки дар ин Ватан зиндаги мекунанд, ба воя расидаанд, тахсил кардаанд, холо вазифахои хуб хам доранд (яъне чои корашон бад нест), бадгу ва баднигох хастанд? Миёни мардум истода сухане мегуянд, ки аз он буи уммед ба ояндаи хуб намеояд. Чанд руз пештар ман дидам, ки чи гуна як марде, ки маълум буд аз чои кораш » хеле рози» аст, хангоми пахши гузоришхои телевизиони дар мавриди харидории сахмияхо, лукмахое мепартофт, ки ба корманди ватандуст ва
масъулиятшинос тамоман хос набуд ва намезебид. У бовар надошт, ки мардум пасандоз дорад. У гумонам, хаёл мекард, ки барои пул доштан бояд мисли у бошанд. У бовар надорад, ки мардум ватанашро ин гуна дуст медорад! Ин факат як мисол буд. Бештар хайратзада мешавам…. Чаро дар вакти ба кор гирифтани касе мо дар баробари донишу тачрибаи кориаш дар хамон самт ба ватандусти ва мухаббаташ ба ин сарзамин ахамият намедихем? Ё шумо фикр мекунед, ки ин мухим нест? Маълум аст, ки дар мавриди аввал шояд инро фахмидан душвор бошад. Вале гумон намекунам, ки санчидани ин тамоман номумкин бошад. Бигзор дар тамоми сохторхои давлати (лоакал ончо!) нафароне кор кунанд, ки ватандусти вокеи бошанд, факат барои худашон кор накунанд. Ва бигзор ваъда ё касам барои содик мондан ба Точикистон, эхтироми манфиатхои Ватан, забону пул ва мардумаш расман барои ба кор кабул кардан дар хама чо чун меъёр ворид шавад. Ин факат ба манфиати кор аст. Бовар кунед, ки вакте як корманди идораи давлати дар кучое сухане мегуяд, ки оханги тамасхур ва таънаро дорад, у бояд дигар хукуки кор кардан дар хамон макомашро надошта бошад. Бигзор вай дарбон бошад, вале фикр кунед, ки дар майнаи чанд тани дигар аллакай аз сухбати у маълумоти нодуруст чо шуд.
Чизи дигаре, ки хис мекунам, хамин аст, ки кариб хама нафароне, ки хамин гуна дуандешаги доранд (дар коргох дигару дар асл дигар!), аксаран зодагони минтакахои алохида ва мардуме хастанд, ки кадом умумияте онхоро муттахид мекунад. Масалан, ё зодагони як махаланд, ё гайриточиканд, ё волидонашон дар гузаштаи на чандон дур «раис» буд, ё точиконе хастанд, ки забону урфу одатро гум карданд ва амсоли ин. Аллакай маълум аст, ки дар хонадони онхо хамин гуна усули тарбия аст. Абераашон хам мисли онхо фикр мекунад. Онхо имруз хама чиро доранд, ба чуз ватандусти ё худ мухаббат ба ин марзу бум. Инсонхо баробар нестанд ва андешаи онхо хам пайваста дигар мешавад. Инро намешавад инкор кард! Ман фардо метавонам аз як нафаре, ки имруз дастгириаш мекунам, ру битобам, вале дар хама холат барои ман манфиати Ватан, эхтироми мукаддасоти Ватан бояд ивазнашаванда бошад. Гумонам, имруз бояд андешаи мо дигар шавад. Бояд наврасон ва чавонон гумон накунанд, ки дар чомеаи «сорт»-и чандум зиндаги доранд. (Хамон бадгухо хамин гуна андешаро дар зехни чавонон чо мекунанд!) Ватандусти хамин аст, ки барои аз рохи рост расидани худамон ба зиндагии шоиста ва нуфузи Ватан талош кунем.
Хаёл мекунам, ки решаи «бевафоихои забони»-и имруза, яъне нони ин Ватанро хурдану боз бадгу будан, аз дурихо об мехурад: Имруз хам кудакони моро мураббияхои гайриточик тарбия мекунанд, (мардум, боз авватар аз хама хамон идоранишинхо, кушиш мекунад, ки фарзандонашон дар богчахои русси тарбия ва дар макотиби русси таълим гиранд!), имруз хам мо натавонистаем, ки тачлили Навруз, Иди Истиклол, ё кадом иди миллиро ба дарачаи Соли Нави масехи расонем, имруз хам забони точикиро надонистани корманди воломакоме шармандаги нест ва хатто ташвишовар хам, имруз хам миллату халкиятхои сокини кишвари мо Точикистонии комил нашудаанд ( ки садои суруди милли оби дидагонашонро чори кунад!), имруз факат онхое, ки ба дехахо пайвандие доранд, чанд анъанаву урфу одату касбу хунари миллиро медонанд, имруз хам мо оммави барои пайдо кардани шачараи худ, ёфтани бобову бобокалонхои худ сар накардаем, имруз хам як сарояндаи нимбарахнае, ки хамон матни точикиро ба зур азёд мекунад, аз як гуруглисаро ва фалаксаро «маком»-и балантаре дорад, имруз хам агар ба мо пул бидиханд, бо хар забоне, ки сохибони мол хостанд, рекламаашонро дар ТВ ва Радио пахш мекунем…
Ва хамин гуна нафароне ба воя мерасанд, ки дилсуз нестанд. Табиист, ки онхо бояд дар кучое кор кунанд. Хар кучое, ки кор накунанд, коргохи мухим аст ва зарури. Он вакт хамон дуруяги, яъне дар кор дигару дар асл дигар будани онхо факат бар зиёни миллат хохад буд. Начоти миллат дар тарбияи насли огох, бедор ва ватандусту миллатдуст аст!
Бигзор хар сокини ин Ватан (новобаста аз миллату мансубияти динниаш! ) хангоми ба кор кабул шуданаш барои садокат ба Точикистон ва мукаддасоти он касам ёд кунад ва дар холи шикастанаш чавобгар дониста шавад!!!
Filed under: Uncategorized | Tagged: Точикистон, ватандусти, касам, мерос |











Бехтарин.Агар хама аз як гиребон сар барорем душмани беруна хазар мекунад..
НравитсяНравится