Парле. Гуем ё нагуем?

      Имрузхо омодаги ба интихоботи парлумони огоз шудаву идома дорад. Дар деворхои магозаву… нуктахои телефон акси баъзехоро хам мебинем. Мардум кам-кам дар бораи интихобот ва номзадхо гап мезананд. Масалан, мегуянд, ки барои чи баъзехо боз маротибаи дуюму чандум  депутат шудани хастанд: барои амали сохтани ягон накшаи бузурги ин давр огозкардаашон  ба манфиати мардум ё барои он ки «чои хуб» будаст? Мегуянд, ки барои чи баъзеи онхоро касе намешиносад….?  Ногуфта намонад,  ки дар анчоми кори парлумони феъли ин гуна сару садохо дар мавриди он, ки шумораи ками депутатхоро мардум мешинохтааст, дар матбуот пайдо шуданд. Сухбатхои мардумро низ аз ВАО дар мавриди парлумони оянда ва намояндаи онхо мешунавем. Навакак  маводеро хондам, ки дар он хабарнигор аз ноогохии мардум хатто аз номи пурраи хизбхои сиёси мегуфт. Парлумон тули фаъолияташ ба чи муваффак шуд ва чи корро накард, инро бигзор онхое бигуянд, ки ба тахлил ва омузиши амики ин масъала машгул хастанд. Мувофики конунхои чори дар Точикистон интихобкунандхо дар холи каноатманд набудан аз кору фаъолияти номзади интихобкардаашон  хукуки бозхонии уро доранд. Аммо тавре медонем, касеро холо бо ин тартиб аз салохияти номзадиаш махрум накардаанд.  Яъне, хамаги аз кори онхо рози будем?

Чавонон имрузхо дар мавриди интихобот, накши хамсолонашон, номзадхои чавон… баъзан назари худро  мегуянд. Вале мушохида мешавад, ки намояндахои насли «бузург»  ё худ НА чавон фаъолтаранд. Як вакт мусохибаи як номзади чавонтарини Думаи Маскавро хондам, ки барояш як  хамсоли дигараш суол додааст, ки  «дар Думаи Маскав дедовщина нест?  Яъне хатто чавони Маскав хам аз такдири ояндаашон дар парлумон нигарон будаанд. Инро шояд нишони  масъулиятшиноси хам метавон унвон кард.  Яъне онхо фикр мекунанд, ки ман метавонам ончо намояндаги кунам, ман хамин гуна кудрату донишу имкон  ва….дорам, ки шарманда нагардам? Чавонони мо чи хел фикр мекарда бошанд? Мушохида мешавад, ки баъзехои арзанда аслан ба ин майдон ворид шудани нестанд, барои он, ки гумон доранд, «ракобат ва талошхоро» тахаммул карда наметавонанд. Барои баъзехо имконият даст намедихад, шояд аксарият намедонанд, аз чи огоз кунанд, аммо кам нестанд, нафароне, ки комилан бефарк хастанд. Аз сухбату мусохиба ва назаргуихо маълум мешавад, ки баъзехо фикр мекунанд, депутатхо бояд барои тозагии чуйборхои кучаи онхо талош кунанд, роххои онхоро асфальтпуш кунад  ва амсоли ин. Аз суи дигар худи намояндахо хам шояд бо хамин гуна ваъдахо, ки аксаран аз доираи салохият ва имкони онхо хатто замони депутатиашон хам  берун аст, дар магзи мардуми одди хамин маъниро чо кардаанд. Ва акнун аксарияти онхоро душвор аст, бовар кунондан, ки депутат аслан масъулияту вазифаву…  одди карда гуем, кору бори дигарро бояд анчом дихад. Агар ки парлумон аз ин пас макони бузурги омодасозии кадрхои пешбар барои хама самтхои чомеа гардад, пас бояд ба ончо мардуме ворид гарданд, ки донишманд хастанду дар ниходи онхо хамин гуна  неру, лаёкат ва истеъдод хаст.

      Подшохе писарашро ба назди раммолони машхуре ба шогирди мегузорад. Баъди  як сол мехохад, ки дониши  уро имтихон кунад ва фахмад.  Яъне дар ин муддат писари подшох агар содда карда гуем, бояд  хамабин ва гайбдон  мешуд. Ангуштарашро гирифта ба кафи даст пинхон мекунад ва аз писараш дар хузури устодонаш мепурсад, ки у чиро пинхон кард? Писар мегуяд, ки он чизе аст, гирд ва дарунаш сурох. Вакте подшох номи он чизро мепурсад, писараш мегуяд, ки санги осиёб аст он.  Подшохро ин чавоб ба газаб меорад ва  аз устодони писараш эрод мегирад, ки онхо натавонистанд нозукихои ин хунарро ба писари  у омузанд. Онхо чавоб  медиханд, ки  мо хар чизе, ки ба ин илм вобаста буд ба писаратон омухтем. Яъне, у муайян карда тавонист, ки он чизе ки шумо пинхон кардаед, гирд асту сурох. Аммо донистани он ки санги осиёб ба кафи даст чо намегирад, ин аз акли у  вобаста буд.

Дар интихоботи навбати хам чанд тан аз чавонон ширкат мекунанд. Ин аллакай  хуб аст. Ва бояд коре кард, ки нигохи мардум ва хама ба чавонони сохибандеша ва эчодкор дигар шавад. Давраи ба мардум шинос шудан ба гумонам, ки бояд тулони бошад. Пайваста бо ибтикору бо пешниходи барои манфиати мардум равонашуда худро ба онхо муаррифи кардан мумкин аст.  Хама корманди ТВ ё Радио буда  наметавонад-ку то мардум онхоро  шиносанду ба чонибдориашон  овоз бидиханд.  Аз суи дигар,  чавонон бояд имруз дониши мукаммали сиёси ва иктисоди дошта бошанд, ки онро хам ба назарам, мо  дар мактабу Донишгох намегирем. Ман мехостам, ки шумо як бор ба ин руйхати нопурра назар афканед. Шояд ман чизеро галат мегуям ё чизе сарфи назар мешавад, вале ба хар сурат бояд сабаби андеша кардан шавад:

  • чавононе, ки аъзои ин ё он хизби сиёси хастанд, оё хуб медонанд, ки максад аз аз хамрахихо бо кадом хизбе чи аст?
  • чанд фоизи чавонони аъзои хизбхои сиёси худашон-бе тавсия, пешниход ва мачбуркунии касе ба он хизб аъзо шудаанд?
  • чанд фоиз чавонони мо сарварони ташкилоту созмонхои чамъияти хастанд ва тачрибаи мустакилона кор кардану тасмим гирифтан доранд?
  • кадоме аз онхоеро, ки донишу истеъдоди хуб доранд,  танхо будан, хешу табори машхур ва пулдор  надоштан ба ташвиш намеорад?
  • то замони интихобот кадоме аз чавонони мо дар мадди назари мардум хастанд, киро аз чавонон аксарият мешиносанд? Бо кадом амалу кору акидаву навгонихо моро мардум метавонад,  ки ба хотир орад?
  • чанд фоиз аз чавонони моро барои кор ва фаъолият ба кадом вазорату идора даъват мекунанд ва оё каблан даъваткунанда даъватшавандаро мешинохт?
  • чанд фоизи чавонону хамсолони мо  медонад, ки бо кадом рох худро бояд муаррифи кунанд ва ба максадхояшон бирасанд?
  • хамсолони мо ба дигаргунихо ва тагирот дар дохили хизбхо, манъ будани баъзе хизбу харакатхо  чи назар дошта бошанд?
  • чанд фоиз фикр мекунад ва бовари дорад, ки дар ёфтани чои кори хуб ва мавкеъ  мухим акидаи сиёси ва узвият ба кадом хизбе набуда, истеъдоду донишу тачриба аст?….

 Гузашта аз ин хис мекунам, ки аксарияти  мо чавонон  ба комёбихои худамон бовари надорем. Имруз хам мушохида мекунем, ки бо доштани хукуки овоз додан хам мо  хануз барои овоз додан ва чидди кабул кардани ин маърака таёр нашудаем. Зеро шунидам, ки гурухе мегуфтанд ки  «мебинем-да, агар вакт ёбем овоздихи меравем…» (?)

      Рост аст, ки дар интихоботу овоздихихо ширкат накардан хам то чое баёни мавкеъи хамон шахс  буда метавонад,  вале муайян будани мавкеъ, устувор будан дар акидаи дурусте макбултар ва  бехтар аст.

Парламент аз ибораи англисию франсузии парле буда, маънояш гап,  гуфтан аст.  Дар ИМА органи олии намояндаги Конгресс, дар Руссия – Дума, дар Олмон – Бундестаг, дар Шветсия – Риксдат, дар Полша ва Литва – Сейм, дар Точикистон — Мачлиси Оли, дар Мугулистон – Хурал, (Хурултай),  дар Австрия-Ландтаг, дар Афгонистон-Луи Чирга  ном дорад.

Ман мехостам, ки шумо дар поёни ин матлаб руйхати нафаронеро бинависед, ки  ба назари Шумо метавонистанд, дар парлумон чо ёфта барои пешрафти давлату миллат кушиш кунанд ва сахмгузор бошанд.

комментария 2

  1. Медонед ман ба хамаи андешахои Шумо эхтиром дорам, вале шояд бас мекардем хамон чавонону «старикон » гуиро чунки мо комилан аз фазои фаьолияти онхо вокиф нестем охир онхоро низ мо бояд фахмем чунки аз болои онхо боз хастанд ки,,, А чавонон бошанд бехтараш чизеро ба таври ОРИГИНАЛИ «исбот кардан»-ро хубтар омузанд!!!

    Нравится

    • Саломалейк! Инчо бахси сари чавонону пирон набуд ку. Ман фахмидам, шумо чиро дар назар доред. Хамон услуби баходии яктарафа ба ман хам писанд нест ва ман на дар эфир ва на дар чои дигаре ин гуна мукобили хам гузоштани ду наслро «ташкил» накардаам. Факат мехохам, ки ба идеяхои хуби чавонони боистеъдод, мисли Шумо такя кунем!

      Нравится

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти