Ман баъди хатми мактаби миёна як сол ба мактаби олие дохил нашуда, кор кардаам. Дар мавсими нави дохилшави ман ба хулосаи омадам, ки ба Академияи Милиса дохил шавам. Зеро таёрихои маро барои дохилшави ба факултаи хукукшиноси бисёрихо бефоида мегуфтанд. Ва ман бовар кардам, ки (шояд) ба он факулта ман дохил шуда натавонам. Омадам ба Душанбе. Кариб як мох барои дохил шудан дар Комиссияи Тиббии Низоми (ВВК) аз муоинаи духтурон гузаштам. Ин яке аз шартхои
учатсупори ба ин гуна муассисаи таълими аст. Баъди чанд руз дар кучае, ки ман муваккатан зиндаги мекардам, бо устоде сухбат кардам. У дар мавриди факултае, ки баъд ман онро хатм кардам сухбат кард. Кафедраи тозатаъсиси он аз руи имконияту доираи фарогириаш ба ман писанд омад. Хамин гуна, ман донишчуи Академияи Милиса неву донишчуи Донишгохи Давлатии Точикистон шудам. Хамон бастаи хуччатхое, ки барои дохилшудан ба Академияи Милиса таёр карда будам, то чанд муддат пештар дар кучое махфуз буд.
Имруз Рузи Милисаи точик аст! Рузи онхое, ки барои тартиботу волояти конун кор мекунанд. Вокеан хам, чанд вакт аст, ки филми туркии «Хомиён» бо тарчумаи хеле олии точики дар фуруш аст. Ман хама кисмхои онро тамошо кардам. Ончо хам гап дар бораи фаъолияти як шуъбаи пулис меравад. Ман тамошои он филмро барои тамоми кормандони макомоти кудрати, аз чумла милисахо, тавсия медодам.
Мардум ба кормандони милиса назари гуногун дорад. Баъзехо бо бовари ба онхо мушкилашонро мегуянд, баъзехо бовар намекунанд, ки хамаи онхо вазифаи худро содикона ичро мекунанд…. Шумо хам шунидаед, ки мардум баъзан дар дуо бо хазл мегуянд, ки «худо ба милисаву больница гирифтор накунад..» Ба фикри Шумо барои чи?
Ман гумон мекунам, ки имрузхо аз хар вакта дида кормандони милиса бояд бедортар ва хушёртар бошанд. Чанд руз пештар кормандони милиса (нозирони минтакави ва намояндахои идораи мухочират) барои дидани хуччатхои сокинони махаллаи мо омада буданд. Маро ин тадбир хурсанд кард. Ин кор на факат бояд баъди мурочиат ва супориши Вазири Корхои Дохили мешуд, балки ин амал бояд пайваста сурат бигирад. Он вакт мардум дар симои нозирони минтакахо нафарони огох ва боварибахшро хоханд дид. Он вакт нозир медонад, ки дар кучо ки зиндаги мекунад, он вакт хар сокини Душанбе метавонад озодона ба нозири минтакаш занг бизанад, мушкилот ва шубхахояшро бигуяд, он вакт мушаххас аст, ки сафи чиноятхо камтар мешаванд. Маро хатто, чун як шахрванди Душанбе ичоранишинони тасодуфи ва шубханок, мехмонони ду се руза дар хонахое, ки аксаран махкам хастанд, шахрвандони давлатхои дигар, ки баъзан ба манзили ичорагирифтаашон меоянд ва ё бо зани точике оиладор хастанд, дар кучаву пасткучахо пайдо ва чамъ шудани мардуми ношинос …..ба шубха меорад ва ба худ меандешам, ки аз ин холат нозири хамин минтака огах хаст ё не? Худо медонад, ки ичоранишине, ки баъзан шахрванди мо нест, ба чи кор машгул аст, чавонони бекор дар андешаи чи хастанд ва амсоли ин…. Вале ман гуфтани нестам, нозирони минтака бо хар бахона аз ин пас ба зиндагии шахсии мардум дахолат кунанд ва онхоро бо шубхахои беасос гумонбар донанд. НЕ! Факат барои амнияти мардум ва зиндагии орому осоиштаи онхо бояд бефарки ва бепарвои ихтиёр накард! Мо дар боло хам ишора кардем, ки кормандони милиса хамаги як хел нестанд, дар як сухбати ба наздики дар Радиое баргузоркардааш Вазири Корхои Дохили хам гуфтааст, ки аз ру чанд корманди милиса, ки чиноят содир кардаанд
ва рафтору амали гайриконуни доранд, ба хазорхо нафар корманди покдилу масъулиятшинос бахо додан лозим нест. Вале ба хар сурат, бигзор кормандони масъулиятшиноси милиса бигуянд, ки:
- корманди милиса факат бояд кавоки ва тундгуфтор бошад?
- бояд мардуми одди (масалан як аробакаш, садогар, мусофир дар катора ё таёра…) аз милисахо битарсанд?
- барои чи кудаконамонро аз омадани милиса метарсонем? Барои чи онхо боз бовар мекунанд, ки агар ором нашинанд, милиса омада…..?
- барои чи аксари ронандахо ба корманди БДА назари самимона надорад? Бо шубха ва тарс менигаранд? Хатто дар сурате, ки хама хуччатхояш дурустанд.
- агар корманди милиса хоксору хушгуфтор бошад, ин ба кор ва барои кушода шудани чиноятхо халал мерасонад?
- нозирони минтакахоро мардум бояд шиносад ё ба ин зарурат нест?
- бовари доред, ки мардум хукукхои худро вобаста ба макомоти кудрати ва махсусан, кормандони милиса медонанд?
- кадом филмхои замонавии хуччатиро медонед, ки он дар бораи мардонаги ва матонати милисахо накл карда, дар он симои кормандони асли ва вафодори милиса нишон дода шудааст, ки боиси тавачух аст?…
- ба назари Шумо будани «план» ё накша барои натичаи кори дуруст аст? Яъне, бояд дар фалон муддат фалон шумора кори тафтиши огоз кунед…
Ин руйхатро давом додан мумкин аст. Чанде пештар мусохибаи Вазири Корхои Дохилиро хондам. Таввачух кардан ба саволхое, ки мардум додааст, кофи аст, то пай бубарем, ки вазъ ва нигохи мардум, боварии мардум чи гуна ва дар чи сатх аст? Чанд намуна аз он суолхо:
- Said аз: Dushanbe
Уважаемый господин министр.
Когда перекратьятся беспридел со сторони сотрудникоа БДА. Вы хот один раз сездите в республикански БДА, чего творят, разговоривають грубо когда хотять откривають когда хотять закрывають свои кабинети. Кругом корупсия, даже чтобы сфотографироваться для водительских права надо комуто заплатить чтобы без очереди, такое ошушение что специально тянуть очередь -
Аламдил аз: Кургонтеппа-Хатлон Таклиф. Мехостем, ки дар Вазорати корхои дохили сайти озод бошад, то ин ки шахрвандон арзу шикотхояшонро бе ном, хам бошад равон кунанд ва онхо санчида дида шавад. Дар шароити хозира ёрдамчиёни халќ метарсанд, ки руи рост гап зананд.
-
Firdaws аз: Tojikiston Шумо кай ба кормандонатон мефахмонед ки на мо мардум балки онхо дар хидамати моянд ва онхо бахри озоду бе мушкил хаету фаъолияти мо шахрвандонанд. магар чунин нест? Дар Россия аллакай фикри реформаи чиддии милисаро доранд дар чо чи? Ташаккур.
-
Фаридун аз: Россия Илтимос чаноби Вазир, дар аэрапортхо ва роххои охани Точикстон тартибу интизом ва конунро сахт чори намоед, ки аз тарафи коркунони милисаву гумруку дигару-дигараш, хукукхои садхо хазор шахрвандони бечораи Точикистон, дагалона ва ё золимона вайрон мешаванд.
- Саъодат аз: Душанбе Уважаемый господин Министр, Вы знаете, что, если Ваши участковые в день хотя бы 2-3 раза обойдут свои территории, то количество преступлений уменьшиться в 2-3 раза?
И потом, как Вы смотрите на то, чтобы поощряли участковых не только за поимку преступников, но и в большем размере за то, что на его участке не совершено преступлений?
Если это организуете, то Вы будете Министром с большой буквы.
Спасибо!
Уммед хаст, ки нигохи мардум ба кору фаъолияти кормандони милиса ва ин макомот охиста-охиста хубтар мешавад. Бовари боз хам зиёдтар хохад буд. Захмату бедорхобихои Шумо боиси фарохам омадани зиндагии орому осуда ва хаёти шоистаи мардум хохад буд. Худи хамин боварии мардум ба Шумо гумони ман, ки бехтарин подош ва тухфа аст. Худованд низ Шуморо барои адолат хушсухани ва мехрубони хатман сарфароз хохад кард. 85 солагии милисаи точик муборак бошад! Хамеша саломат ва адолатп
арвар бошед! Ин таманнои нафарест, ки як замоне дар бораи Академияи Милиса ва кори муфаттиши орзу мекард!!!
PS:
- Аввалин чаласаи комиссарони халкии корхои дохилии Чумхурихои хайати СССР дар Маскав, аз 13 то 16 июли соли 1924 баргузор шудааст.
- дар охири солхои 1920 НКВД-и Чумхурии АСС Туркистон 34 шуъбаи шахри, 26 шуъба дар уездхо ва 92 шуъбаи милиса дар нохияхо дошт.
- соли 1921 Хукумати Бухорро карореро дар бораи ташкил кардани макомоти милиса иборат аз 3000 нафар ба тасвиб расонидааст.
- 7 декабри соли 1924 дар Точикистони Автономи комиссариати корхои дохили ташкил карда шудааст. Дар дастгохи НКВД он вакт 20 нафар кор мекард.
- Мувофики суратмачлиси №2 аз чаласаи Кумитаи Инкилобии Точикиситони Автономии Шурави аз 14 декабри соли 1924 Абдулло Ёрмухаммадов -комиссари халкии корхои дохилии Точикистон интихоб шудааст.
- 15 декабри соли 1930 баъди ба Чумхурии алохидаи Шурави табдил ёфтани Точикистон, комиссариатхои халки бархам дода шудаанд.
- милиса-калимаи лотинии militia аст.
- 6 феврали соли 1925 аввалин отряди милиса бо рохбарии Абдулло Ёрмухаммадов аз Бухоро ба Душанбе омадааст
- 6 феврали соли 2010 ба Вазири корхои дохилаи Точикистон Абдурахим Каххоров рутбаи генерал-полковник дода шуд.
Filed under: Uncategorized | Tagged: иди милиса., милиса, нозири минтакави, тартибот |












Добавить комментарий