Душанбе-Вашингтон-Ноксвил-Нэшвил-Портленд (13)

Сафари ман дар доираи барномаи Эдвард Марроу бо дастгирии Департаменти Давлатии Амрико, Бюро оид ба масъалахои маориф ва фарханг ва барномаи байналмиллалии лидерон дар ИМА идома дорад.  Портлендро пиёдаву савора чанд руз аст, ки  тамошо мекунам. Миёни вохурихо ва баъди соати 16 мо фурсати истирохату тамошо дорем. Ман мисли хар сафари дигарам ба хама чиз таваччух мекунам, мехохам хар чизи бароям шавковарро аз тарчумону аз хамсухбатон бипурсам.  Имруз мо се вохури дорем. Субх мо бо Карла Акстман –мухаррири блоги «Blue Oregon» вохурдем. Шакли сухбату вохурии мо одди аст: аввал хамсухбат хар чизе, ки барои худаш ва мо шавковар аст, онро байён мекунад ва баъд мо бо саволу пурсишхои худ ба у мурочиат мекунем. Чун мухтавои аксари вохурихои мо барои нашр нестанд, ман баъзан умумигуйи мекунам.    Читать далее →

19 сентябри соли 2010

        Ман рузи якшанберо дуст медорам. Барои он, ки ин руз  дар  кучахои рузхои дигар пургалогула ва  хатто дар кучаи лулихо хам ороми хукмфармо мешавад. Махсусан вакти сахар! Ва ман аз хамин фурсат истифода мебарам ва ба куча мебароям.  Он вакт хаёлам, ки дар ин шахр факат  ман ягона  нафари хушбахтам ,  факат ман дар он ороми ва сукут аз шоди ва фарах  бе садо фарёд мезанам, он вакт ман гумон  мекунам, ки ба микдори хамон чанд соате, ки  ману писаронам дар кучахо мегардем, вакт ба умрамон  изофа мешавад… 

Имруз дар мавриди рохи занхо аз руи даст ба гардан, вазифаи асосии шароб, никохи духтараки 11 сола, мачаллаи Вазорати меллиорация ва хочагии об бо номи «Кади чуйбор» ва «ксерокопия»-и пулхо навиштаам. Читать далее →

Дуо. Барои ки?

    Мардум хамеша дар  интизори навгонианд. Хар чизи навро бо харорат кабул мекунанд. Хатто замоне, ки аслан он чизи нав он кадар нав ва арзандаи хамон гуна эхтирому таваччух набошад хам.  Муаллифони кариб хама навгони ва тагирот комёб шудаанд ва натичаи хубро ба даст овардаанд. Бубинед, ки як харфи гайриодди, як амали гайриодди, як тагироте, ки тули чандин солхо набуд, чи кадар ба мардум таъсир мерасонад. Ман ба чараёни таблигу вохурихои пешазинтихобии намояндахо таваччух карда истодаам. Читать далее →

Парле. Гуем ё нагуем?

      Имрузхо омодаги ба интихоботи парлумони огоз шудаву идома дорад. Дар деворхои магозаву… нуктахои телефон акси баъзехоро хам мебинем. Мардум кам-кам дар бораи интихобот ва номзадхо гап мезананд. Масалан, мегуянд, ки барои чи баъзехо боз маротибаи дуюму чандум  депутат шудани хастанд: барои амали сохтани ягон накшаи бузурги ин давр огозкардаашон  ба манфиати мардум ё барои он ки «чои хуб» будаст? Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти