Дар Хитой бо истифода аз макому мансаб кумак расонидан ба хешу пайвандон манъ карда шуд. Имруз ман дар доираи барномаи сахарии «Субхи Ватан» бо хамин гуна пурсише ба шунавандахо мурочиат кардам, ки «Кадоме аз мансабдорони точикистони аз вазифахои худ бо максади кумаку дастгирии наздиконашон истифода намекунанд ё барои онхо акалан вазифаву мансаби худро камтар истифода мебаранд?» Чанд нафар андешаи худро баён карданд ва ин гуна руйхат пайдо шуд:
- бо назардошти менталитети мо мансабдорони точик асло ба наздикону пайвандон кумак накарда наметавонанд;
- ягон нафари онхо;
- факат он мансабдоре, ки хешу табор надорад;
- агар ба хешу табораш он мансабдор бо истифодаи макомаш кумак накунад, аз маъракахои хешу табор ронда мешавад;

Кариб, ки чавобхои якхела. Ва чизи дигари ачиб хамин буд, ки касе номи нафареро аз мансабдорону вазифадорон нагирифт. Мегуед, мардуми мо эхтиёткор шудаанд? Ба гумони ман онхо шояд боз гами Радиои моро хурданд, ки «мабодо, боз касе онро хам ба суд надихад ва товони хангуфте талаб накунад!» (холо ин муд аст-ку!)
Тасаввур кунед, ки агар ин гуна конун дар Точикистон чори шавад, чи ходиса рух медихад?
- кудакони баъзехо он вакт бояд бо наклиёти чамъияти ба мактабу литсей ва колечхо раванд;
- хамсарони вазиру раису …калонхоро хам дар мусофиркашхо кам-кам дидан мумкин мешавад;
- дигар кори касеро факат барои он, ки додар ё чияни кадом мансабдоре аст, бе навбат дар кучое «буд» намекунанд;
- ба хонахо дигар «тухфа»-хо камтар меояд ё умуман намеояд;
- касе дигар парво намекунад, ки холо барои ичро кардани кадом як коре ба у «аз кучое касе» занг мезанад;
- чияну додару писару духтархои хама баробар ба имтихони дохилшави ворид шуда, факат аз руи дониш ба макотиби оли дохил мешаванд;
- дигар дар бинохои истикомати барои хама баробар баркро хомуш мекунанд ва медиханд; (барк факат як мисол аст!)
- дигар ронандахои мошинхои хизмати барои «гирифтан»-и касе аввал ба коргохе, баъд ба мактаби миёнаву баъдтар ба мактаби олие намераванд ва акнун баъзехо он вакт бояд баъди бозори кардан борхалтахояшонро бо такси то хонаашон расонанд;…
Ин руйхатро метавон идома дод. Вале инчо фикр мекунам, ки агар ман ба чои ОНХО бошам, хамин корхоро намекардам? Шояд бадтар аз онхо мекардам? Боз хам ба фикри хамон нафароне, ки дар пурсиши сахари «менталитет ва урфу одат»-и моро сабаб оварданд, бовар мекунам ва рози мешавам. Чи хел ман -мансабдоре, ки мошини хизмати дорам, ба писарам гуям, ки «бо автобус ба дарс рав!» Ё барои бо ахли оила рафтан ба аёдати волидон ба деха чаро ман бояд такси киро кунам ва пул дихам, вакте ки ман мошини хизмати дорам ва барои он хар субх бензини бепул медиханд?
Боз дар акси хол эроду гапу шикояти наздикону пайвандонро намегуед? Дархол мегуянд, ки «худашро гирифтаст , дигар на хешу табору на наздикону пайвандон…» Акнун хайрон мешавам, ки баъди он тагирот мансабдорони хитои чи кор мекарда бошанд? Гумонам, хам дар ончо ва хам дар инчо усули пинхониро кор хоханд фармуд. Мисли он, ки як вакт дар Точикистон истифодаи мошинхои хидматиро дар туйхо манъ карда буданд, мисли он ки барои сарфакори ва бехтар шудани вазъи мардум танзиму камхарч будани маъракахоро пешниход карданду баъди он мардум «лату пут»-и арусро пинхони ба хонаи домод мебаранд…
Шояд баъзехо фикр кунанд, ки пас ман барои чи ин кадар талошу кушишу захмат кашида ба макоме расидан мехохам, вакте ки он вакт бояд ба наздикону пайвандонам кумак накунам? Вале инчо метавон гуфт, ки барои чи бояд аз авлоди шумо факат шумо кушишу талош кунед, ки ба макому мансабе бирасед?
Чаро дигарон аз имруз барои расидан ба макому мартабае талош накунанду донишу тачриба наомузанд? Шояд факат хамон вакт конун кумакрасони ба наздикону пайвандонро бо истифода аз макому мансабу вазифа манъ кунаду он вокеан хам ичро гардаду риоя шавад. (Яъне, замоне, ки хама дарк мекунад, ки бояд худаш МАН бошад, барои хар кори содда бояд назди хешу табори мансабдору вазифадоштае наравад!) Дар акси хол (хаёлам, ки хам дар Хитой ва хам дар кишвари мо!) он факат болои когаз хохад буд!
Filed under: Uncategorized | Tagged: Субхи Ватан, авлод, кумак, мансабдорон, хешу табор |











Добавить комментарий