Вокеият ба воситаи косметика!

     Сохтакори худ аз худ пайдо намешавад. Мардум хаёлам, ки  ин корро меомузанд. Баъзехоро холат ё вазъият мачбур мекунад, ки сохтакори кунанд, баъзехо вокеиятро дар сохтакори мебинанд ва баъзехо сохтакориро барои берун шудан аз кадом холате истифода мебаранд. Ин то чое ба як халка табдил ёфтааст-шумо худро ба  холати дигар ворид кардани мешавед, харчанд шояд намедонед, ки  хамин эхсосхои сохтаи шумо сири шуморо барои атрофиён фош мекунад ва чехраи аслии шуморо чилва медихад. Хамин гуна хар карат ин холат такрор мешавад. Сохтакори аксар маврид нишони боварии комил надоштан ба худ аст. Сохтакорие, ки дар халкаи нафарони бегона пайдо мешавад, чизи дигарест, ки шояд баъди одат кардан бо он гурух бартараф шавад, аммо ман мехохам сари сохтакорихои дигаре таваккуф кунем, ки гумонам, на факат норохаткунанда ва нозебо хастанд, балки хавф хам доранд. Ин хавф метавонад хамин бошад, ки дигар рафта-рафта хар чизи вокеиро-хох ин кадом  эхсос бошаду  хох амалу харакат, дигарон комилан бо шубха кабул мекунанд ва шояд кабул карда наметавонанд. Ман хис мекунам, ки холо атроф хама пури сохтакори аст. Онро бо сарфи маблагу бар ивази асабу ташвишхои зиёде боз ноил мешаванд. Ман сохтакориро аз кабули шахсони олимаком сар карда то холату харакат дар гурухи хурди як богчаи бачагонае хис мекунам…  

Кабул

   Рохбар албатта агар хохад, ки кор пеш биравад, хатман аз вазъи зисту кору фаъолияти зердастонаш бояд хабар бигирад. Лекин ман хайрон мешавам, ки барои чи боре кадом рохбаре эрод намегирад, ки  «ин кадар сарфу сохтакориву ороиш барои чи аст?»  Ин ё анъанаест, ки онро  «мизбонон»  намехоханд аз байн бубаранд ва ё ман хам баъди рохбар шуданам шояд хамин гуна мехохам, ки маро «гайриодди ва бо шукух»  истикбол бигиранд. Ва  шояд хама хамин гуна шавад.  Аз суи дигар омад-омади рохбар-аз  кадом сатхе, ки набошад, боиси тозаву озода шудани атроф, рангу бори деворхои хамон рох, дигар шудани сару либоси кормандон ва г. мешавад.  Наход инро «мехмон» хис накунад-а?  Айнан хамон холате сохтакори мешавад, ки бояд дар асл хам бошад, бояд хар руз хамин таваччух ба атрофу ба хамкоронро рохбарон зохир кунанд.  Вакти он нарасидааст, ки барои сохтакори хам чазо дода шавад?  Охир ин зухуроти на хуб аст!!!

 Истеъдод

     Мо аксарият  дар сохтакори кардану гайритабии будан истеъдоди хуб хам дорем. Бештари мардуме,  ки дар ВАО бо симову хулки  тамоман дигар -«фариштасон»  муаррифи мешаванд, аслан дар хаёти вокеи комилан дигаранд. Мо дар куча, дар хона, дар коргох ва дар сафар.. амалу харакатхо ва назару андешае дорем, ки аз хамдигар билкул фарк доранд. Мо бисёр чиро, ки аслан чиноят нест, хукуки шахрванди ва конунии мо аст,  хохиши мову  дар доираи имконоти мо аст, аз дигарон пинхон мекунем, бисёр сохтакори карда пинхон мекунем.  Мо гуё аз дигарон шарм медорем, гуё намехохем, ки назари атрофиёнро нисбати худамону оилаамон дигар кунем. Сабаби дигари ин холат гумонам, хамон аст, ки мо ба хама амалу харакати атрофиён эрод гирифтанро дуст медорем. Кор то чое расида, ки мардум барои худашон неву сохтакори карда барои гап наёфтани мардум  талош мекунанд, гуё барои онхо зиндаги доранд.

Бори гарон

    Вокеи ва табии будан хеле осон ва сабук аст. Сохтакори миллион маротиба гумонам, ки вазнинтар аз вазнхои худи мост. Ачоиб хамин аст, ки мо мардуми  вокеи амалу харакат доштаро мебинем, мешиносем ва  эхтиром мекунем, аммо дигар наметавонем, ки худамон хамон гуна бе сохтакори бошем.  Вокеи будан моро аз холи фикру андешаи комилан галат ва асабхаробкунанда озод мекунад. Шахсоне, ки худро вокеи ва бе сохтакори идора карда метавонанд, кадом як чизе аз тавлид шудан бо худ доранд ва боз хам дар натичаи тарбияи дуруст ба чизхои дигаре одат кардаанд, ки барои атрофиён гайритабии ва газабовар нест. Аммо онхое, ки сохтакори мекунанд, барои атрофиён макбул нестанд.  Албатта барои хамон гурухи атрофиён, ки ин чизро дарк карда метавонанд.

Фиреби назар

      Ман медонам, ки бо либоси сим-симе, ки як метраш шояд бештар аз 90 ва 100 сомони аст, касе пахта намечинад ва дар гармхонаву сахро  хам намегардад, ман медонам, ки баъзехо факат вакти кадом махфил ва вохури галстук ба гардан гирифта, то тамом шудани он худро чун ба дор овехташудае тасаввур мекунанд, ман медонам, ки аксарияти хамсарон факат дар назди мехмон ё камераи телевизион якдигарро «Шумо» мегуянду  худро ба хамдигар содику вафодор нишон медиханд,  ман медонам, ки дар богчахои кудакона аксар вакт дар хузури волидон мураббихо хеле мехрубону гамхоранд ва бо садои паст сухбат мекунанд, ман медонам, ки баъзан барои он коре, ки худамон  анчом медихем,  бояд  аз дигарон муннатдор шавем…Ва боз сад мисоли дигар овардан мумкин аст, ки ончо элементхои сохтакории мо ошкору нихон мавчуд аст. Дар оммави ва пахн кардани сохтакории мардум  бошад, накши ВАО,  махсусан  ТВ ва Радио хеле «бузург» аст!

Тафовут

  Росткори ва ростгуи ба вокеи будан ва сохтакори накардан монанд аст,  вале мегуянд, ки онхо аз хамдигар фарк доранд. Масалан, ростгу метавонад,  кучое дагалтар  бошад, аммо вокеи будан хама чо хостани ва макбул аст. (Албатта барои хамон нафароне, ки худашон самими хастанд!) Ман хайрон мешавам, ки чи гуна баъзехо сохтакори карда,  накши нафареро меофаранд, ки ба онхо тамоман монанд нест!?  Баъди гузаштани зарурат барои сохтакори боз баргашта ба «пуст»-и худ ворид шудан магар душвор нест?  Вокеи будан-ин  дагалу бепарда гуфтан нест. Инчо хам ким кадом риштае хаст, ки онхоро аз хамдигар ба андозаи як ришта дуртар нигох медорад. Ва аз хамин чост, ки вокеи будан барои хар нафар хар хел аст.  Аммо вокеан хам вокеи будан, амалу харакату андешаи бесохтакори доштан, хамонест, ки он ба атрофиён пурра писанд хам наояд, онхоро камтар ба газаб меорад.

Одатхои инфиродии мо

     Моро баъзан одату хислате, ки дорем, ба сохтакори телла медихад. Аммо холо бештар мушохида мешавад, ки вазифа моро сохтакору гайривокеи мекунад. «Ман хатман бояд дар назди рохбарам, ду се нафареро пайдо кунам, ки уро таъриф кунанд,  ман хатман бояд вакти гузаштани санчиш дар коргох хамаро огох кунам, ки коре кунанд, то газаби онхоро наоранд, хамон вакт хама бояд вонамуд кунад, ки кор дар «чушу хуруш аст» ….Шумо ин чиро хис мекунед? Хис мекунед, ки ба воситаи сохтакори баъзехо мавкеъ меёбанд? Тасаввур карда метавонед, ки сохтакорон дар асл чи гуна амалу харакату андеша доранд?

Тарс

        Мо аксаран холо ва имруз  аз окибати вокеи буданамон харос дорем, агар вокеиятро баён кунем ва ё нишон бидихем, ки вокеият чи аст, шояд имруз яке аз мо  бе вазифа мемонад, чанди дигар мавриди тамасхур карор мегирад, ба чанд каси дигар таваччух дигар мешавад… Барои он, ки мо хамаро бо сохтакори одат кунондаем, сохтакори холо эталоне шудааст, ки хамаро бо он мукоиса ва чен мекунанд. Биёед, фикр мекунем, ки чи гуна ба вокеият ва вокеиву табии  будан бояд баргашт ва оё дигар метавонем? Дар ин самт акнун аввалтар аз хама рохбарони хама зинахо бояд сахм бигузоранд.  Онхо, ки вокеи шуданд ва чонибдори муносибатхои табии ва бесохтакори, дигар тарс аз дили зердасташон берун хохад рафт,  дигар мардум дарк мекунад, ки чи гуна осон ва содда аст табии будан ва барои ояндаи хубу хушаш  самимона ва аз сидк кору зиндаги мекунад.  Аммо холо бошад (худо медонад, ки то кай!),  аксарият барои «комилан табии ва вокеи»  ба назар расидан,  хеле зиёд аз «косметика»  истифода бурда истодаанд!

Один ответ

  1. – Дуруст мегуед, Субхон! Дар хакикат хам хаминхел аст! Мо хам ин чиро хис мекунем ва мебинему медонем. Аксари мардум ин сохтакорихоро хис мекунанд, вале …
    Ба фикри ман, шояд барои ба вокеият баргаштан ва ё табии будан аз инсофи худи мо (онхо) вобаста бошад, ё худ чизи дигар … Ё гуфти Шумо ки: «Худо медонад, ки то кай» ин хол давом мекарда бошад!

    Нравится

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти