Дуруг аст!?

      Як дустам гуфт, ки бародараш дар ким кадом ширкате ба тоза кардани раками мухлати истифода дар куттихои ширини машгул будааст. Кадом вакте. Фикр мекунед, ки холо он ширкат ин корро бас кардааст?  НЕ!! У он вакт тавсия дод, ки агар барои худат ва кудаконат ширини мехари,  бубин, ки мухлати истифодааш дар шакли мухр (бо ранг) неву бо хаккоки дар он махсулот навишта шуда бошад.

Дар аксари махсулоти хурока ва дорувор мухлати истифода дуруг аст!?

     Як вакт дар газетае навиштанд, ки кормандони истирохатгохи Шохамбари чанд сол аст надидаанд нафареро, ки акалан 1 сатил оби маъдании он мавзеъро барои таёркунии оби маъдании газнок бурда бошад. Оби Файзободро дар  хамон сарчашмаву нуктаи  тайёркуниаш  бинушеду обхои дигареро, ки хар сари кадам хаст. Фаркро дархол хис мекунед. (Ин барои он, не ки он об дар зодгохи ман аст!)  «Фасл»-и санчишу манъ кардани обхои одди ва хатто хавфноки «маъдани ва газдор» фаро расидааст.

Об хам дуруг аст!?

     Мо дар аксар маврид хангоми кабулу гусели мехмонон аз кудакону наврасон истифода мебарем.  Дар сухбатхо, вохурихо, чашнхо…… Онхо хатман даст пеши бар меистанд. Хайрон мешавам! Ин кори калонсолон фахмо! Аммо ба рухияи он кудаку наврас ин таъсир намекарда бошад?  У ба хамин гуна сархамиву итоаткори барои хама одат намекунад? Дар холе маълум аст, ки мо аксар вакт мехрубонии сохта ва гайритабии дорем!

Дастхои пеши бари аксарият дуруг аст!?

    Хама намедонад, ки барои ин ё он семинаре, ки у рафту нишасту кахва нушиду омад, чанд доллар чудо шуда буд?! Инро ман хам намедонам! Вале медонам, ки аксарияти он нишасту семинархое, ки кадом ташкилоти чамъияти баргузор мекунад, натича ва таъсир надорад!!!  На хама тачрибае, ки дар кишвархои дигари дунё-махсусан Гарб аст, инчо хам таъсирбахш аст!

Семинару нишастхо аксаран дуруг аст!?

    Нафаре гуфта буд, ки  «вакте ки Шуморо таъриф мекунанд, фикр кунед, ки арзанда хастед ё не? Агар арзанда нестед, пас онхо бо таъриф ба холатон хандидаанд!»  Ё Шумо мегуед, ки бо таъриф ба холи касе хандида намешавад?  Аммо таваччухи маро чизи дигаре чалб мекунад:

Бештари таърифхо дуруг аст!?

      Барои баъзе хамкасбони мо мавзуъхо ягон вакт кухна намешаванд. Барои баъзеи онхо  бошад, мавзуъ мисли равгани зард ва асал аст, ки хар кадар кухнатар шавад, ба он талабот бештар мешавад. «Дусти» аз хамин кабил мавзуъхо аст. Мавзуи «саридасти» аст барои бисёрихо! Аммо касе намегуяд, ки чаро «Фарзин»  буду пош хурд,  «Икбол» чанд бор ба хам омаду пароканда шуд,  «дугона ва хамсояхо»  чаро кахри мешаванд, «дуэтхо»-и як вакт машхур чаро дигар аз наворхои якчояашон ба газаб меоянд, «хамкорони тичорати» чаро тичорати якдигарро «буги» мекунанду аз худ мекунанд……?

Дусти ва ошнои дуруг аст!?

   Зан ва кудаки аксарияти мо  шомгохон хамон вакте  ба хона  медарояд, ки омадани моро хис кунад,  кормандон бубинанд, ки раис омад, гурехта ба утокхо чо мешаванд, то рафтанаш вонамуд мекунанд, ки «машгуланд», хамин ки рафт, мераванд, тафтиш омадани шуд, коргари одди маошашро мегирад ва музаи нав хам мепушад……Ин хаёлам шакли на наву на кухнаи эхтиром аст-эхтиром аз тарс!

Эхтиром аз тарс дуруг аст!?

     Рафтан ба Варзобу Ромит, оббози, чизе хурдан ва каме дар сохил нишастану руи кате, ки онро ба ичора гирифтаед,  хобидан! Хамин аст тарзи истирохати аксарияти мардум! Дар боги як вакт ба номи Ленин хам хол бехтар набуд, имруз дар Кули Чавонон хам баъзе пешхизмати ошхонаву дукони маводи хурокаро дида, иштихоятро на факат гум мекуни, балки метарси чизе бихури ё ба кудакат бидихи!  Гичир-гичири баъзе  артаксион ба дилат хавф меорад. Кудак аз кучо медонанд, ки умри баъзеи онхо баробари умри бобокалонаш аст! «Мешинам»- мегуяд, тамом!!! Мешини дигар!!! «Истирохат»  омадаи!!!

Истирохат дуруг аст!?

     Телевизион ва Радио хам касро бо гуруру бо викору фохир мекардааст. Яке камтар ва дигаре зиёдтар! Агар мисли мардуми дар боло гуфтаам нашави, хамаро  ба шубха меори! Холо касе гурури нолозим дораду  «фахр» мекунад,  аз чониби чанд бечораи дигар чун «босаводу машхуру ивазнашаванда» кабул ва дониста мешавад. Мебинам, ки аксарияти хамин гунахо наврасон ва чавонон хастанд!!! Акнун кор кори мурча аст дигар, мурча факат ин холатро бартараф мекунад!!!

Викору баландназари дуруг  аст!?

   Ман намедонам, ки дар Душанбе чанд гузаргохи руизамини аст, вале хеле мехостам, ки дуртар аз онхо, лоакал вакти мактабравии кудакон ва бозгашти онхо як корманди БДА-бигзор «когази аст, картони ё чуби»  аст,  бошад!  Сарфаи бефоидаи ранг хастанд аксарияти онхо! Бовар кунед, ки ронандахо факат коидаро барои махрум нашудан аз хуччати худ ва чанд сомонии худ вайрон намекунанд!

Гузаргоххои руизамини  дуруг аст!?

      Як вакт бо гузаргохи сархадие ба воситаи нохияи Мастчох ман ба чумхурии хамсоя рафта будам. Дар он гузаргох хамон ду газетаи точикиро, ки ман онро аз фурудгохи Душанбе харида будаму тули 45 дакикаи парвоз то фурудгохи Хучанд хонда будам, «можно я почитаю?» гуфта гирифта буданд. Лекин ман  «хурсандам», ки  дилхох нашрияи кишвархои хамсояро ин чо метавонам дарёфт кунам ва «бихонам»!

Симхорхо дуруг аст!?

Ман мехостам,  ки  дар ягон гушаи ин шахр  барои «САМИМИЯТ» мучассама гузошта шавад. Ваъда медихам, ки  атрофи онро гулкори мекунам ва хар руз  мерубам!!!

Один ответ

  1. Аз инаш ба фикрам хабар дореду аммо худро нодида мегиред: О ин дунё хамаш дуруг аст ку!!!
    Ё не???

    Нравится

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти