Зери хакикати абрпеч!

        Дунё баъди марги Президенти Польша, хамсари у  ва хайати баландмакоми он  чанд руз дар мавриди таёрахо ва хаводиси вобаста ба он сухбат мекард. Чанд руз пештар боз харгуше ба таёраи як хайати воломакоми итолиёи бармехурад ва хатто хавф то дарачае буд, ки он хайатро ба таёраи дигар менишонанд. Хама дар мавриди президентони худ ва таёрахои онхо фикр мекарду тахмин мезад ва чизе мегуфт. Рохи охани Точикистон дар таргиби кадом хизматгузориаш ёдрас мешавад, ки «аз наклиёти аз хама арзону бехатар истифода баред». Хамон маъни чанд руз ин чо мавкеи хосса дошт, зеро холо мо каторахои баландсуръате надорем, ки мучиби садамахои гароне гардаду  суръаташон ба хазорхо км расад. Мардум умуман дар мавриди таёрахо, муоинаи онхо, имконоти  техники, санчишу муоинахои техникии таёра ва чархболохое, ки  бо он парвозро анчом медихад, маълумоти хеле кам дорад. Аз суи дигар шояд хамин бехтар аст, зеро «хар кадар, ки бисёр бидони, хоби норохат мерави». Холо, ки ман хам дар хамин маврид фикр мекунам, дигар кариб фаромуш кардам, ки дар таёрахо чи гизо медиханд, бо чи гуна забони шикаставу хароби точики хатсайр  ва хайатро эълон мекунанд…Ин акнун дигар мухим нест ва хатто мухим хам нест, ки сарнишин ё ходими таёра  маълумотро дар мавриди парвоз бо кадом забон ва чи гуна пешниход мекунад, мухим он аст, ки моро саломат ба манзиламон бубарад. Гумонам, дар хар кучо вокеан хам мардум ба хамдигар хамин суолро дод, ки «президенти мо бо чи гуна тайёра парвоз мекарда бошад?»  Харчанд шахвандон ва умуман инсонхо новобаста ба макомашон баробаранд, вале мардум зиёдтар дар мавриди сихати ва амнияти парвози шахсони аввали давлату хукумат сухбат мекунад ва нигарон аст. Хаводиси Киргизистон мавзуи сукути тайёраи хайати воломакоми Польшаро ба як зина поён бурд. Хаводиси кишвари хамсоя низ аз руи дарачаи мухимият ва аз он, ки бештар аз 80 нафарро кушта барчой гузошт, сахл нест. Баъди сукути хайати полякхо чанд руз пештар як гурух сайёхони фаронсави аз нишастан ба таёрахои Туполев даст кашида буданд. Боз хам хамон хавф мардумро тарк намегуфт.

       Як вакт дар Интернет хам хамин гуна хабар хам буд, ки «президентони Узбакистон ва Точикистон барои худашон таёрахои махсусе фармоиш медиханд». Ва дигар маълум нагашт, ки он чи шуд.  Аммо гумонам, холо дигар  вакти таёраву чархбол нест…

        «Кунун замона дигар гашту ман дигар гаштам….» 

Холо мухимтар аз тайёра зехну дарку хиради тезраву тездав даркор аст, ки хатто пешрав аз кадом тайёра бошад….

    Чанд далелро  дар поён факат барои маълумотатон меорам, ки ба тайёрахо вобаста аст:

  • Тайёраи Путин тамгаи Ил-96-300 ПУ (М) буд, ки ПУ дар номи он ПУТИН набуд. Вай маънии онро дошт, ки он тайёра бо алокаи махсус тачхизонида шудааст. (Ё боз ки медонад!) Дар он гуна тайёрахо аз дилхох баланди ба хар кучое, ки хостед, занг зада метавонед. Он гуё офиси кории хавои аст!
  • Кимматтарин тайёра дар ФР то чанд сол пештар таёрае буд, ки онро Б. Елцин дар иттиходияи тайёрасозии Воронеж дархост карда буд. Дарозии он 55 метр буда, вазнаш 230 тонна буд.
  • То фурупошии СССР сарварони кишвархои он бо тайёрахои  Ту-134, Ту-15 ва  Ил-62 парвоз мекарданд.
  • Тайёрахи раками 1 дар ФР 8 адад буд, ки тамгахояшон Як-40, Ту-134, Ту-154М, Ил-96-300 (асоси), Ил-62 (эхтиёти) буданд. Дар мачмуъ дар  парки тайёрахои хукуматии русси 40 тайёраву чархбол мавчуд буд.
  • Харчанд, ки дар мавриди тайёрахои президенти каблии Амрико маълумот ошкор ва дакик набуд, вале тахмин мекарданд, ки Буш асосан аз «Боинг -747-200В», ки 70 метр дарози ва 375 тонна вазн дошт, истифода мебурд. Нархи онро 470 млн доллар мегуфтанд. Аз инчо як соат парвози Буш 54 хазор доллар арзиш дошт, яъне гаронтар аз  як соати парвози Путин, ки 20 хазор доллар тахмин карда мешуд. Хамон вакт мегуфтанд, ки дар тайёраи Буши хурди 12 телевизор бо видеомагнитофон ва 85 телефони хизматии давлати фаъол буд. Он тайёраро то дах Боинги дигар рохбалади мекарданду шумораи умумии мардуми чалбшуда 900 нафарро ташкил медод.
  • Тайёраи  амрикоии «Боинг-707» (раками борташ 27000) чанд муддат кабл ба «истирохат»  фиристода шуда буд. Он ба 7 президенти амрикои хизмат карда буд-аз соли 1972 аз Никсон сар карда то Буши хурди. Дар мачмуъ он тайёра 1.5 млн км парвоз кардааст. Он дар осорхонаи «Боинг Филдз», дар Сиэтл чойгир аст. Мардуми тамошобин ба ончо ворид гашта, ба курсии президент мешинанд ва ба чойхоби президенти ворид шуда мебелхо ва сохти онро тамошо мекунанд.
  • Дар кишвархои аврупои ва умуман гарб тайёрахои сарварони давлатхо ба авиация харби шомил аст.

     Холо харчанд чанд тан аз сарватмандони точик метавонанд чархбол ва хатто тайёра бихаранд, ба хар сурат «дур»- ро андеша карда ин корро намекунанд. Ё хадди акал дар Точикистон дар пеши назари мардум ин корро намекунанд. Вале доштани тайёрахои хусуси барои мардуми сарватманди хоричи, барои мисол ФР- ин аллакай чизи нав ва дигар хангома хам нест.

Чанд маълумоти дакику на он кадар дакики дигар вобаста ба тайёрахои сарватмандони дунё: 

  • Як вакт расмхои дохили тайёраи султони Бруней дар Интернет пайдо шуда буд, ки ба  киштии кайхони шабохат дошт. Мегуфтанд, ки нархи он бештар аз 1 миллиард доллар будааст.
  • Харчанд худи Абрамович «бозичахо»-и дошташро реклама кардан намехохад, вале тахмин мекунанд, ки у ду то тайёраи хусуси дорад- Boeing 737 ва Boeing 767.
  • Ходорковский  хам  то «чазир шудани кору бораш» дар тайёраи хубе парвоз мекардааст — Gulfstream 5. Онро мегуянд, ки вазири молияи ФР Кудрин баъдтар харидори мекунад. (Онро вазирони молия ки нахаранд, дигар ки метавонад бихарад -нархи он 40 млн доллар бештар аст).
  • Актери Холливуд  Джим Керри хам хамин гунна тамгаи тайёраро интихоб карда будааст- Gulfstream 5.
  • Филлип Киркоров барои павозхои худаш тайёраи  Cessna Citation III-ро интихоб карда будааст. Он 8 чой, ду махаррик дошта бештар аз 10 млн доллар арзиш доштааст.
  • Овозхон Стинг хам тахминан бо хамин гуна тайёра парвоз мекардааст- Cessna V, ки суръаташ 2480 км/соат будааст.
  • Михаэль Шумахер-варзишгари машхур бо тайёраи тамгаи  Falcon 2000 EX парвоз мекунад, ки 28,5 миллион евро нарх доштааст. Дар як соати павроз дар он тайёра ба 1300 евро бояд сузишвори бирезанд.
  • Тайёрахои сарварони давлатхо дар катори нишону парчаму суруд ва асъори миллии он як рамзи давлатдори ба хисоб меравад. Дар ин самт дилхох маблагро сарфа намукунанд. Кимматтар аз хама чиз амнияти шахсиятхои аввали хамаи давлатхо аст, новобаста ба он, ки баъди чор панч соли давлатдори бо онхо чи гуна муносибат мекунанд.
  • Соли 2002 шохи  давлати чануби африкоии Свазиленд-Мсвати сеюм тайёраеро бо киммати 170 миллионов фунт харидори кардани мешавад. Агар  худуди 230 хазор нафар аз мардуми он давлат аз гуруснаги азият намекашид, ин кор шояд бад набуд, ки барои амнияти шох гамхори зохир мешавад. Он вакт ин харидкуни кариб боиси инкилоб мешуд. Парлумон сарвазир Сибусио Дламиниро барои ин гуна исрофкориаш бозхонда буд. Он маблаг 5 карат зиёдтар аз карзи умумии он давлат буд. Нахуствазир он вакт иддао пеш оварда буд, ки «мухимияти ин тайёра он аст, ки шох бо он барои чалби сармояи хоричи ба давлат кушиш кунаду кумак дарёфт намояд.»
  • Ющенко дархол баъди интихобаш ба макоми президент тайёраи руссии Ил-и меросгирифтаашро бо тайёраи истехсоли Украина иваз карда буд.
  • Як вакт таёраи DC8-и 36 солаи собик нахуствазири Британия кариб буд, ки ба садама дучор гардад. Баъди ин у таёраи дигари Airbus 319 Corporate Jet-ро харидори мекунад.
  • Як вакт дуртар аз шахри Тела таёраи Cessna-и  президенти Гондурас- Риккардо Мадуро, ки дар он духтараш низ парвоз мекард, ба бахри Кариб афтида буд. Сабабаш аз кор модани мухаррик буд. Онхоро начот медиханд, вале худи президент чанд муддат дар беморхона бистари мешавад.
  • Калонтарин тайёра дар дунё аэробус А-380 метавонад, ки аз 500 то 900 нафарро чо кунад. Вазни он 300 тонна буда, дарозиаш 73 метр аст. Ин дар холест, ки  Боинг-757-300 метавонад хадди аз хама зиёд 280 нафарро дар худ чо кунад.
  • Дарозтарин хатсайр хангоми хуб будани вазъи боду хаво Сингапур-Лос анчелос аст, ки аз 16 то 18 соат давом мекунад.
  • Дар баъзе кишвархо, масалан ИМА, Канада, Мексика ба кудаконе, ки дар тайёрахои он давлатхо таваллуд мешавад, шахрвандии кишварашонро медиханд. Вале ширкатхои хавонаварди дар ин самт барои модари оянда, ки тифлро интизор асту мехохад ба кучое парвоз кунад, як катор шартхоро  мегузоранд. Бояд мохи таваллуд набошад (барои ин баъзе ширкатхои хавонаварди хатто маълумотномаи духтур ва хатто духтурро ро хам талаб мекунанд).
  •  Барои духтарчаи навтавлидшудае, ки модараш бо тайёрахои Кувейт парвоз мекард, дар ширкати Ал-чазира ваъда карданд, ки то балогаташ  тамоми чиптахоро барои парвозаш бепул дастрас хохад кард.
  • Шахсиятхои машхур ба …стюардессахо нигоху таваччухи хосса доштаанд. Масалан, хамсари собик президенти ФР ва нахуствазири кунуни В. Путин дар гузашта рохбалади хатсайри хавоии отряди Калининград будааст.
  • Собик нахуствазири Исроил- Беньямин Нетаньяху хамсари худро аз миёни стюардессахо дар фурудгохи Амстердам интихоб карда буд. У он замон стюардессаи ширкати хавонавардии исроилии El Al буд.
  • Хамсари Садом Хусейн хам рохбалади тайёрахои ширкати хавопаймоии Iraqi Airways будааст.

Чанд далели дигар:

  • Эхтимолияти садамахои хавои хамаги 0,00001%-ро ташкил мекунад.
  • Хамаруза дар дунё кариб 25 хазор тайёра ба парвоз меояд. Дар як сол онхо худуди 10 миллион парвозро анчом медиханд.
  • 85% садамахои наклиёти ба кишвархои «чахони сеюм» рост меояд. Як катор ширкатхои хавонавардии Африко, Индонезия, Амрикои лотини ба руйхати «сиёх»-и Иттиходи Аврупо ворид карда шудааст ва онхо наметавонанд, ки ба кишвархои он Иттиход парвозхоро анчом бидиханд
  • Агар шумо хар руз тули 13 сол бо тайёра парвоз кунед, эхтимол ки ба садама дучор мегардед. Он вакт аз 9 холат якеаш марговар хохад буд.
  • Эхтимоли дар рох ба суи фурудгох ба садама дучор гаштан ва ба халокат расидан аз худи садамахои хавои 3 маротиб бештар будааст.
  • Дар 20 соли охир бо сабаби ба тайёрахо бархурдани паррандахо дар дунё 200 нафар ба халокат расидааст. Аксарияти он ходисахо ба авиацияи хурд рост меоянд
  • Дар фурудгоххо хати паврози тайёрахо бояд ба самти вазидани шамол мувофикат кунад. Барои ба парвоз омадани тайёрахо самти харакати шамол ва суръати он низ накш дорад.
  • Хангоми парвоз кушодани дари тайёрахо номумкин аст, зеро ончо рельехои барометри хастанд, ки вакти суръат гирифтани тайёра онхо ба таври худкор баста мешаванд. Онхо хамон вакт кушода мешаванд, ки фишори дохили тайёра ба фишори берун баробар шавад. (яъне вакти ба замин нишастан!)
  • Барои тайёрахо хар кадар баландтар парвоз кардан, аз чанд чихат хуб аст. Он вакт хангоме, ки садама рух медихад, имкони бештари чорачуи мавчуд аст, дар баландихо мухаррикхо зиёд  гарм намешаванд, сузишвори бо ин тартиб сарфа мегардад, зеро дар хавои сардтар муковимати хаво  бо тайёра камтар аст, гузашта аз ин дар баландихои бештар паррандахо нестанд, ки ба тайёрахо бархуранд, ончо хавое, ки ба хар чониб ва бетартиб харакат мекунад, камтар аст;
  • Хатто хангоми аз кормондани хамаи мухаррикхо хам тайёрахо бо режими авторотация  кор мекунанд. Он вакт неруро барои харакати мухаррикхо аз сели хавои ба он воридшаванда мегиранд. Бо ин тартиб имкон будааст, ки тайёраро то 100 км идора кард ва онро дар наздиктарин фурудгох ба замин нишонд.        

     Барои хамаи Шумо парвози баланду бехатар ва  хам «парвози баланду бехатар» — ро орзу мекунам!!!

 Хакикат мисли осмон аст ва абрхо дар он гуё андешахо..

Жозеф Жубер

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти