Алиҷон Ҷалилов: «Идеяҳо баъзан тасодуфан, аксаран бадоҳатан ва аҳёнан аз ҳеҷ куҷо пайдо мешаванд…»

Филми мустанади коргардони ҷавони тоҷик — Алиҷон Ҷалилов бо номи «Алиф.До.Ре.Ми» дар 10-умин Кинофестивали байналмиллалии нахустфилмҳо ва филмҳои донишҷӯён «Бастау» (Международный фестиваль студенческих и дебютных фильмов «Бастау»), ки аз 29 ноябр то 3-юми декабри соли 2022 миёни 60 филм аз 40 кишвари дунё баргузор шуда буд, сазовори Ҷоизаи таваҷҷӯҳи махсуси ҳакамон (Особое упоминание жюри) гашт. Маротибаи аввал ин филми мустанади 18 дақиқагӣ дар шаҳри Алма Ато дар фестивали минтақавии «MediaCAMP» намоиш дода шуда буд. Ҳамин мустанад дар моҳи октябри соли 2022 дар ҷашнвораи дигар — Lift-Off Global Network (Британияи Кабир) интихоб ва намоиш дода шуда буд. Филм дар доираи лоиҳаи «Формати хурд» -и Интернюс (2022) дар Тоҷикистон таҳия гашта, аз ҳайёти як муаллими мусиқӣ нақл мекунад. Ин мустанад санаи 25-уми ноябри соли 2022 дар Душанбе, дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров рӯнамоӣ шуд.

Филми мустанаде, ки шумо таҳия кардед, дар Қазоқистон соҳиби ҷоиза шуд. Ба назаратон ҳакамон вақти хулосабарорӣ чиро ба назар гирифтаанд?

Шояд барои он филми мо дар фестивали БАСТАУ таваҷҷӯҳи махсуси ҳакамонро соҳиб гашт, ки мавзуъи ҷолиб ва дар қолаби шавқовар пешниҳодшуда буд. Дар ҷомеаи суннатӣ ҳамеша миёни ҷонибдорони мусиқӣ ва дин назарҳои мухолиф мавҷуд аст. Филми мо бошад, баёнгари он буд, ки истифодаи оқилонаи ҳама чиз, аз ҷумла мусиқӣ барои расидан ба орузҳои деринтизор ва амалӣ гаштани хостаҳои инсонҳо на фақат халал намерасонад, балки ҳатто кумак ҳам мекунад. Кори нахустини коргардонии мо, шавқовар будани қиссаҳои ҳаётии қаҳрамон, гуногун ва рангоранг будани саҳифаҳои зиндагии як муаллими мусиқӣ аз музофот — сабабҳои дигаре буданд, ки шояд барои ҷалби таваҷҷӯҳи ҳакамон мусоидат карданд.

Кӣ аст қаҳрамони филми шумо ва ӯро шумо чӣ гуна пайдо кардед?

Қаҳрамони филм муаллими фани мусиқӣ аз Файзобод аст. Ӯ дар хонаи ятимон ба воя расидааст ва то балоғат чандин хона интернатро иваз кардааст. Бо даъвати директори вақти мактаби мусиқӣ — У. Комилов ба Файзобод омада, инак бештар аз 42 сол аст, ки онҷо ба тарбиятгирандагони боғча ва мактабиён аз мусиқӣ дарс мегуяд. Як вақт замоне, ки дар хонаи бобоям ба меҳмонӣ рафта будем, падарам дар бораи ҳамин муаллим бо ному насаби Ҳайдар Мирзоев қисса кард. Чун боғчаи кудаконаи Файзобод дар ҳамсоягии хонаи бобоям ҷойгир аст, таваҷҷӯҳи ман ба зиндагии ин муаллим ва рӯйдоду тазоду воқеяҳои ҳайёти ин шахс барои ман шавқовар шуд ва ман фикр кардам, ки ӯ метавонад барои филми аввалини ман қаҳрамони хубе шавад. Баъди сӯҳбат бо қаҳрамон ман ҳис кардам, ки идеяи мустанад дар бораи ӯ барояш хеле ҷолиб буд. Ҳамин шавқ шояд буд, ки филм самимӣ ва диданӣ баромад. Ҳамин гуна мо як муддатро барои омузиши мавзеъҳои сабт, як чанд вақтро барои таҳияи сенария ва як муддати дигарро барои сабту банду баст ва садогузорӣ ба ин мустанад сарф кардем. Сармоягузорӣ шудани филм аз ҷониби Интернюс дар Тоҷикистон кори моро хеле осон кард ва суръати сабтро тезонид.

Шумо мустанади худро дар куҷо сабт кардед ва чӣ қадар вақт барои ин лозим шуд?

Филм пурра дар Файзобод сабт шудааст. Ҳама омодагиҳои пешакӣ, наворбардорӣ ва банду баст дар умум се моҳро дар бар гирифт.

Бори аввал буд, ки мустанад сохтед. Душвор набуд? Чӣ мушкилот садди роҳи шумо мешуд?

Мо аз нигоҳи омодагӣ ва таҷҳизот мушкил надоштем. Фақат кор ин гуна суратгирифт, ки дар рафти ба наворгирӣ қаҳрамони мо маълумотеро гуфтанд, ки мо интизор набудем ва хеле ҷолиб ҳам буд. Ҳарчанд жанри мустанад МУШОҲИДА буд, вале барои мо ба самти мушаххас ва тарафи барои мо зарур раҳнамун сохатни қаҳрамон душвортар буд. Ӯ чун 74 сола аст, ҳодиса ва руйдодҳоро ҳамон гунае нақл мекард, ки ба ёдаш мерасид. Тартиби ҷойгир сохтани он гуфтаҳо ва наворҳоро бошад, мо вақти тадвин дуруст мекардем. Дандонҳои сунъии қаҳрамон ҳис мешуд, ки вақти суҳбат барояш мушкил эҷод мекунад ва шояд баъзе калима ва мафҳумҳоро нофаҳмотар талаффуз мекунанд. Аз ин рӯ ҳоло дар андешаи он ҳастем, ки баъдтар дар қатори зернависи англисии филм ба ҳар сурат варианти русии онро ҳам гузорем. Вале ин ба муҳтавои филм таъсири манфӣ нарасонида, балки баёнгари воқеъиятҳои зиндагии як муаллимии музофотӣ аст.

Бо ин филми мустанад шумо чӣ мақсад ва паёме ба мардум доштед?

Мақсади мо аз таҳия ва пешниҳоди ин мустанад ҳамин буд, ки аввалтар аз ҳама бо нишон додани зиндагии як муаллими мусиқӣ, ки дар бораашон хеле кам мегуянду менависанд, барои заҳматҳояш арзи сипос кунем ва баъдтар дар филм вобастагӣ ва робитаву бархурди дурусти мусиқӣ, анъанаҳо, арзишҳо ва чизҳои дигарро нишон бидиҳем. Зиндагии қаҳрамон ҳам ҷолиб буд ва ҳам то ҷое омӯзанда. Паёми дуюмини филм ҳамин буд, ки талошҳо ва меҳнати бардавому муҳаббат ба касб ҳатман ба шахс обу рӯ меоранд ва касро соҳибэҳтиром мегардонад. Устувор будан дар муқобили мушкилоти зиндагӣ — ҳарфи дигарест, ки мо хостем онро ба тамошобин баргашта талқин кунем.

Ҳоло мардум бештар дӯстдори филмҳои ҳуҷҷатианд, ба назари шумо мустанадҳо чӣ бартарӣ доранд?

Бартари ва авлавияти филмҳои ҳуҷҷатӣ ин аст, ки онҳо воқеъияти кул ҳастанд, яъне, дар онҳо сохтакорӣ нест. Табиӣ будан, аз ҳайёти мардумони одӣ, ки дар канори мо зиндагӣ мекунанд, қисса кардан, нишон додани талошҳои мардумони касбу кори гуногун ва мисли ин ҳатман филмҳои мустанадро ҷолибу диданӣ мекунад. Ман ҳамеша дар бораи филмҳои ҳуҷҷатӣ ва мардумоне, ки қиссаҳои ҷолиб доранд, фикр мекардам. Ширкат дар мактаби филмҳои мустанад ва пайдо шудани сарпараст барои таҳияи филм орзӯҳои маро зудтар амалӣ сохтанд.

Идеяи номи филм «Алиф.До.Ре.Ми» чӣ тавр пайдо шуд ва он чӣ маъниро ифода мекунад?

Мо ростӣ, барои ин филм номҳои гуногун ва зиёд фикр накарда будем. Аз рӯзи аввале, ки мо дар андешаи таҳияи ҳамин филми мустанад шудем, фақат ҳамин як ном — «Алиф.До.Ре.Ми» дар зеҳни мо пайдо шуд. Агар до, ре, ми — ишора ба мусиқӣ ва самти асосии кори қаҳрамони филми мо бошад, Алиф ишора ба зиндагии баъди 63 солагӣ ва рӯ овардани қаҳрамони филми мо ба дини Ислом аст. До, ре, ми аз сӯйи дигар дар ин филм пасту баландиҳо ва шебу фарози зиндагии як шахсро ҳам ифода мекунад. Яъне, бо дигар шудани оҳангу нотаву садоҳо дар зиндагиаш қаҳрамони мо агар дигар шуда бошад ҳам, сӯйи беҳӣ дигар шудааст. Алиф бошад, инҷо ба маънии аввал будан, рост будан ва зиндагии шоиставу арзанда доштан ҳам ҳаст.

Шумо чун коргардони ҷавон ба кадом филмҳои мустанад таваҷҷӯҳ доред ва чӣ филмҳои ин жанрро тамошо мекунед?

Ман филмҳои мустанади зиёдеро дидаам ва ба тамошои онҳо рағбату шавқ дорам. Миёни онҳо беҳтаринаш — филмҳои таҳия кардааи Сайф Раҳимзоди Афардӣ аст. “Жакон” дар бораи гуруғлихон Ҳикмат Ризо ҳам намунаи хуби мустанадсозӣ аст. Усулҳои таҳияи филмҳои мустанад, қаҳрамонҳои онҳо, рӯйдоду ҳаводиси зиндагии қаҳрамон ва тартибу пайдарҳамии онҳо дар вақти тадвин — ҳамеша барои ман ҷолиб буд. Аз ин чизҳо то кадом андоза ҷолибу диданӣ шудани филм вобаста хоҳад буд. Аз коргардонҳо ва мустанадҳои хориҷӣ филмҳои «Милана» (Мадина Мустафина, Қазоқистон), «Для Самы» (истеҳсоли Британия ва Сурия) ва мустанадҳои гуногунмавзӯе, ки онҳоро BBC таҳия мекунад, барои ман ҷолибанд.

Аз филмҳои бадеӣ ба кадоме аз онҳо таваҷҷӯҳ доред?

Ман дар умум дӯстдори филмҳои хуб ва корҳои эҷодии шавқовар, нав ва ҷолиб ҳастам. Хушбахтона солҳои охир филмсозӣ дар кишвари мо рӯ ба рушд дорад ва умедворам, ки барномаи нави рушди синамо ин равандро боз ҳам суръат медиҳам ва натиҷаҳои дилхоҳ ба даст меоянд. Тамошои филмҳои ҳунарие, мисли «Ситораҳои сари танур», «Падари маҳтобӣ», «Илҳоқ», «Охирин сайди сайёд», «Такси» (аз Ҷаъфар Паноҳӣ), «Бачаи обӣ», «Дов» ва «Додараки фариштаҳо» барои ман ҳамеша ҷолибу хостанӣ аст.

Дар бораи филми мустанади ояндаатон фикр кардаед? Он дар бораи кӣ ё чӣ бояд бошад?

Ман ростӣ ҳоло нақшаи мушаххасеро дар бораи филмҳои ояндаи худ надорам. Омодагӣ ва нақшаи пешакӣ албатта хуб аст, вале ман фикр мекунам, беҳтарин идеяҳо баъзан тасодуфан, аксаран бадоҳатан ва аҳёнан аз ҳеҷ куҷо пайдо мешаванд.

Шумо дар факултаи иқтисодӣ таҳсил мекунед, вале аллакай рӯ ба коргардонии филмҳо доред. Чӣ робита инҷо буда метавонад?

Иқтисод ва донистани нозукиҳои он барои намояндагони ҳама касбу кор муҳим аст. Доштани чанд касбу ихтисос албатта монеи кори эҷодӣ намешавад,шояд кӯмак ҳам расонад. Бо назардошти он, ки ҳоло яке аз мушкилоти асосии синамоофарон пул ва сарпараст аст, огоҳ будан аз иқтисод ва доштани маълумоти иқтисодӣ дар идома шояд барои ман дар дарёфти сармоягузорон, дуруст тақсим кардани буҷаи филм, танзими бозорёбии филмҳо ва мисли ин кӯмак ҳам расонад. Коргардонӣ, филмофарӣ ва эҷодкорӣ аслан истеъдод аст, ки ҳатман бояд бо омӯзиш ва табодули таҷриба сайқал дода шавад. Ин кор ҳам бе вазъи беҳтари иқтисодӣ албатта анҷом намеёбад ва амалӣ намегардад. Хулоса, иқтисод ва эҷод — ду боли муҳиме барои парвозанд.

Тасмим доред, ки дар оянда баъди хатми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон маълумот ва дипломи касбии филмсозӣ ва коргардонӣ бигиред?

Маълумот ва диплом албатта муҳим аст, аммо муҳимтар аз ҳама истеъдод аст. Мо зиёд медонем ҳунармандон ва филмофаронро, ки ихтисоси донишгоҳии онҳо когардонӣ нест, вале беҳтарин филмҳоро офаридаанд. Донистани қоидаҳои оддитарин ва умумиву ҳатмии филмофарӣ албатта муҳим аст, аммо баъзан дониставу надониста берунтар рафтан аз қолабҳо натиҷаи хубтар медиҳад. Таҷрибаҳо дар олами синамо борҳо ин чизро собит кардааст. Ман шояд дар оянда барои таҳсил дар муассисоти таълимии хориҷии филмсозӣ тасмим бигирам. Ва умедворам, ки ин ба ман даст медиҳад ва боиси пайдо шудани филмҳои беҳтару хубтар мегардад. Доштани дипломи ихтисосӣ агар аз муҳимоти рақами як ҳам набошад, рақами ду ҳаст ва хондану таҳсил кардан ҳамеша ба манфиати шахс аст.

Таваҷҷӯҳатон ба синамову ҳунару эҷод аз куҷо маншаъ мегиред? Чӣ ба ин сабаб шуда ба назари худатон?

Ман аз кӯдакиву наврасӣ дар фазои эҷодӣ ба воя расидаам. Саҳнаҳои кудакона бо лухтакҳо, сабт дар диктофон барои радио, бозиҳои кӯдакона дар ҳавлии бино, сабти онҳо ва бандубастҳои соддатарини он наворҳо, баъдтар фаъолият дар радио, ширкат дар дубляжи филмҳои ҳунарии кӯдакона ва тасвирӣ дар ТВ Баҳористон ва студияи Ҳамсадо аз намунаи фаъолияти ман буданд, ки дар идома барои интихоби роҳи коргардони ва филмофарӣ шояд таъсир расонидаанд.

Медонем, ки шумо дар дубляжи филмҳои тасвирӣ ва ҳунарӣ ҳам таҷриба доред. Ин аз кадом вақт буд?

Ман замони мактабхонӣ, шояд синфи 7 ё 8 таҳсил мекардам, дар дубляжи филмҳо дар ТВ Баҳористон ширкат мекардам. Филми «Маугли» аввалин дубляжи ман буд. Ман онҷо ба нақши асосӣ овоз дода будам. Ба ёдам ҳаст, ки садогузорӣ ду ҳафта идома дошт. Баъди ин бошад, акнун ки таҷриба доштам, барои дубляжи як филм ман шояд ду соат ё бештар аз он вақт сарф мекардам. Шояд фақат дар «Баҳористон» дар дубляжи ҳудуди 20 филми тасвирӣ ва ҳунарӣ ширкат кардаам.

Дар ЮТУБ ҳам фаъол ҳастед ва саҳифаи худро доред. Мақсади шумо ҳам аз ин шабака ба даст овардани даромад буд?

Ютуб аввалтар аз ҳама барои ман на барои ба даст овардани манфиат, балки барои гирифтани таҷрибаи корӣ, барои омӯхтани нозукиҳои истифодаи ин шабака буд. Ман бо сохтани чанд навору пурсиш, гирифтани мусоҳибаҳо аз шахсиятҳои маъруф, мисли Ҳайёт Неъмати Самарқандӣ нозукиҳои корро дар саҳифаи Ютуб омухтам. Баъдтар чанд саҳифаи алоҳидаро дар дохили саҳифаи асосии худ кушодам. Ҳамон вақт буд, ки ман банду басти наворҳоро аз руйи барномаи мухталиф, мисли Адоб Пример, Аудишн, илюстратор, фотошоп ва Вегас ёд гирифтам.

Саҳифаи ҷолибтарини саҳифаи ютубии шумо кадом буд?

Як саҳифаи ҷолиби саҳифаи ютубии мо — DESTINY (Тақдир) буд, ки баъди таваққуфи мо чанд намунаи он дар ютуби тоҷикӣ ҳам пайдо шуд. Он пешгуфтори дуру дароз, саволҳои такрорӣ ва обшӯста, хайрухуши болохонадор ва мисли инро НАДОРАД. Як муддат бо шуруъ шудани дарсҳо дар донишгоҳ ва бо бештар шудани кор дар коргоҳе, ки ман фаъолият доштам ба кори ютуб таваҷҷӯҳи камтар зоҳир кардам. аз сӯйи дигар доимо гардон кардани он сомона, боз ҳам дар ҳоле, ки даромади пулӣ надорад, барои ман ҳадафи асосӣ нест. Вале ин ба он маънӣ нест, ки мо аз баҳри он гузаштем. Он корро мо дар оянда ҳатман идома хоҳем дод.

Ҳоло аз самти эҷоду филмсозӣ ба чӣ корҳо машғул ҳастед?

Ман ҳоло сари таҳияи чанд мустанади дигар фикр мекунам. Дар ин фосила, то расидани имкон барои таҳияи онҳо бо коргардони машҳур Муҳаммадрабӣ Исмоил дар сабту банду басти як филми ҳунарӣ бо номи «Се хоҳарон» ширкат дорам ва баъзе корҳои дигари ба навору синамо робита доштаро иҷро мекунам.

Шумо писари Субҳон Ҷалилов, ровии шинохтаи Радио ва ТВ кишвар ҳастед. Шояд касе фикр кунад, ки дастоварди шумо имрӯз ва дар оянда аз кору тасмиму кумакҳои падаратон воаста бошад. Оё воқеъан ҳам ҳамин гуна нест?

Падари ман медонад, ки ман чӣ қадар истеъдоду шавқ ва хоҳиш барои анҷоми корҳои эҷодӣ дорам. Ман ҳам кӯшиш мекунам, ки интизориҳои ӯро бароварда кунам. Падарам ба ман дар коргарди идеяҳо, пайдо сохтани мавзӯъҳо, баррасии имконият ва зарфиятҳои ман кӯмак мерасонад. Ман аз таҷрибаи ӯ васеъ истифода мекунам. Нигоҳ доштани ҳадд ва сифату дараҷаи кори эҷодӣ бо будани шахсони таҷрибадоре, мисли падарам, агарчи душвор ҳам бошад, ҳатман ба даст омада, натиҷаи дилхоҳ хоҳад дошт.


Як муддат дар радио ҳам фаъолият доштед. Чӣ буд самти асосии кори шумо?

Ман чанд сол дар радио ҳам таҷриба омӯхтам ва ҳам дар таҳияи барномаҳое, мисли «Пайраҳа» ва «Сафдар» саҳм доштам. Кори ман асосан тадвин буд. Вале дар радио зарур аст, ки шумо ҳам тарҷума карда тавонед, ҳам банду бастро бо барномаҳои овозӣ балад бошед ва ҳам садои худро сабту коркарди садоӣ карда тавонед. Нутқи хуб бошад, аввалтар аз ҳама аз донишу заминаи саводи мактабӣ, омӯзиш, пайваста кор кардан, худро шунидану ислоҳ кардани камбудиҳои худ вобаста аст. Пештар аз радио бошад, ман ҳамеша дар чорабинӣ ва маҳфилҳои мактабӣ ровӣ будам ва ин кор дар баробари афзоиш додани ҳавас, боиси андӯхтани таҷриба ҳам шуд.

Ҳоло чаро дар радио нестед, саҳифаи ютубии худро ҳам нав накарда истодаед?

Кори эҷодӣ вақти зиёдро талаб мекунад. Аслан, бо машғул шудан ба эҷодкорӣ, ин хоҳ барномасозӣ бошаду хоҳ сабту тадвин, шумо барои анҷоми кору машғулияти дигар вақти камтар хоҳед дошт. Гузашта аз ин кори фикрӣ шахсро аз кори ҷисмонӣ дида, бештар хаста ва монда мекунад. Ҳоло вақти бештари ман дар Донишгоҳ мегузарад.

Чӣ нақшаву тарҳҳои дигаре доред, ки имрӯзҳо дар бораи онҳо бештар фикр мекунед?

Ман ҳоло дар курси сеюми Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон, ихтисоси идоракунии сармояи хориҷӣ таҳсил мекунам. Мехостам аввалтар аз ҳама соли таҳсилро бо натиҷаҳои хуб ба поён барам. Баъдтар нақша дорам, ки табодули таҷрибаро дар самти филмофарӣ дар хориҷӣ кишвар анҷом бидиҳам. Бо даст додани имкон ҳатман мехостам дар самти филмсозӣ маълумоти касбӣ ба даст орам. Оҳиста-оҳиста ният дорам, ки худро дар сабту таҳияи филмҳои кӯтоҳи ҳунарӣ ҳам бисанҷам.
Бо истифодаи аз имкону фурсат мехостам ба устодонам аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, устодонам аз Мактаби фимҳои мустанад (Георгий Дзалаев, Шаҳриниссо Яковлева, Комил Карим, Файзулло Файз), МД «Тоҷикфилм» дар шахси Маҳмадсаид Шоҳиён, Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон дар шахси Сафар Ҳақдод, Зулфия Содиқова, Муҳаммадрабии Исмоил, Ҳабибуллои Мирзошариф, Наврӯз Саидов, ташкилоти «Интернюс», падарам — Субҳон Ҷалилов ва ҳамаи онҳое, ки дар ин ҷода маро дастгирӣ мекунанд, самимона изҳори сипос кунам. Ман дар идома кӯшиш мекунам, ки бо эҷоди филмҳои диданӣ барои муаррифии фарҳангу санъати миллӣ, табиати афсункор ва инсонҳои наҷиби ин сарзамин то ҷое, ки имкону истеъдоду тавон дорам, саҳмгузорӣ кунам.

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти