Ин афсонаро ба ман на модаркалонам накл кардааст ва на бобокалонаму бобоям. Ин афсона дар китобхои афсона низ нест. Ин афсонаро ман навакак фикр кардам!
Буд -набуд як марди мехнаткаш буд. Зиёд хурок хурдан мехост. Ва аз тез-тез кушодаву пушидани дари яхдонаш кариб ки хар руз лампочкаи он месухт…
…Он марди мехнаткаш исрофкор набуд. Масалан, баркро хеле сарфакорона истифода мекард. Мегуянд, ки нозирони барк уро бад медиданд. Хисобкунакаш ба микдори 80 дирам дар як мох кор мекардааст. У чароги баркиро факат барои ёфтани гугирд фурузон мекардаасту халос! Чи хел дилат мешавад, ки лампаи керосинии аз бобокалонат мондаро партои?
….Он марди мехнаткаш рузхои истирохат дар тарабхонахои шахр туйю маъракахоро мекофтааст. Сохиби туй ончо аз мехмонон хуччат намепурсад-ку…Як бор сирри у фош мешаваду уро аз як туйи марди мехнаткаши дигар пеш мекунанд. У ба сохибони туй мегуяд «заб туйе будааст, равед-э, бо ин туйю маъракаи камбагалиатон! Маро аз хар маъракаву туйхое пеш кардаанд, ки ин туйи Шумо дар пеши онхо хеч чиз аст….»
…Он марди мехнаткаш аз хар се занаш ягон 9-10 кудак дошт. Хар вакте ки уро кудаконаш мачбур мекарданд, ки онхоро ба боги хайвонот барад, у аз хамин шахр онхоро пиёда то дехаи Лангар мебурд. Хонаи бобояшон. Фаркаш чи будааст-хару гусфанду буз, мург, аспу мор, укоб, кабку кафтар дар хонаи мусафеди Каландар хам ёфт мешавад! Бе пул тамошо кардан мумкин аст….
…Он марди мехнаткаш дар ошёнаи 9-уми бинои 12 кабата зиндаги мекард. Боре хангоми дуруст кардани мавчрабояш ба поён афтид. Вакте ки ба тирезаи ошёнаи 9-ум-хонаи худаш наздик шуд, бо тамоми овозаш фарёд кард: «занак, барои ман тухм бирён нак-ууун, накун тухм бирё-ёён..» У фикр кард, ки дар поён афтида зинда намемонад. Вале ташаккур ба табибон….Он вакт онхо хеле масъулиятшинос будаанд!
…Он марди мехнаткаш тез-тез касал мешуд. Аммо ба духтурхона намерафт. Ва хатто ба духтури калони хамсояи дар ба девораш хам мурочиат намекард. Доим аз хонаи у асал, равгани зарди кухна, шурпахта, киёми зирк, тахач, шир, решаи ширинбуя, барги зуф ва кокути, киёми арчахорак….бурдани он духтури калон ва хамсари уро дида, ким чи хел пояш барои рафтан ба духтурхона пеш намерафт…
…Он марди мехнаткаш кариб ки хамаро-хам рафиконашро аз идорахои дигари хамсоя, хам хамкурсонашро, хам хешу табори наздику дури худашу хамсарашро факат нимаруз хабаргири мерафт. На субх ва на шом. Мегуфт, ки аксарият субх чой нахурда ба кор мераванд, шом бошад духтурон «гизои зиёд нахуред» гуфтаанд, ки хама аз руи он амал мекунад. Аммо нимаруз дар хама чо гизои гарм хаст. Хамонхое, ки асрори ин марди мехнаткашро хуб намедонистанд, хаёл мекарданд, ки уро хушдоманаш вокеан хам дуст медорад…
….Он марди мехнаткаш 2 вакт намозашро аз 5 вакти умумии намозгузори дар масчид мехонд-намози шом ва хуфтанро! Хамон рузе, ки кадом корманди хукумати шахр омаду мачлис кард ва хурокхуриро дар масчид манъ кард, он марди мехнаткаш ба хулосае омад, ки аз ин пас шомгохон бояд бо писарчааш дарс таёр кунад, вактхои охир у факат бахои ду мегирад….
….Он марди мехнаткаш на факат аз берун кардани «Тангем»-хо аз кучахои шахр хурсанд буд, балки мехост, «Газел»-хо, «Хундай»-хо, автобус, тролейбус ва таксихоро хам аз шахр берун кунанд. У мегуфт, ки хавои шахрро махз онхо вайрон мекунанд. У рисолаи на он кадар илми хам дошт -«Пиёдагарди дар кучахои мошингард ва манфиати он ба мехнаткашон»…
….Он солхо халола кардани занхо дар кишвари он марди мехнаткаш муд будааст. У ки табиатан дилсуз ва гамхор буд, кумаки худро ба чанд марди мехнаткаши дигар расонида буд. Сари кафидаву дасту пойи шикастааш дар як ду мох сихат шуда рафт, судбози хам тамом шуд…Гунохашро наёфтанд. Хамсари никохиро баъди чанд соати никох талок надодан аз руи Сарконун ва Конунхои дигари он давлат чиноят дониста намешуд!
….Он марди мехнаташ боги калону сермевае дошт. Вакти чамъоварии хосил «насихати пири богбонхо аст»-гуфта ягон касро намегузошт, ки ба бог дарояд. Хатто кормандони идораи андозро хам аз дари бог бо як ду халта себу нок гусел мекард. Худаш бошад, хар вакте, ки ба бог ворид мешуд, хатман нос мекашид, то боз ягон себу ноку анорро нахурад….
….Он марди мехнаткаш дар 18 соли Истиклолият сохиби боз 7 фарзанди дигар шуд. Шаш нафари онхо дар хона таваллуд шуданд. Вакте ки уро дар таваллудшавии як писараш аз таваллудхона рост ба магозаи «Молхои хочагии кишлок» барои овардани 5 литр солярка, 5 дона фурузонаки каммасраф, ду пачка шамъ, 10 дона батарейка, як тагораи обнорасида, 4 чуфт дастпушаки резини… фиристода буданд, дигар дилаш аз кормандони таваллудхона монда буд. Аламовар хамин буд, ки вакте момодоя ба дасташ хамон пораи когазро дод, у фикр кард, ки ончо руйхати дорухои барои таваллуд зарури аст. Факат доруфуруш ба у фахмонд, ки дар он руйхат номи ягон дору нест. У бояд ба дигар чо равад….
….Он марди мехнаткаш барномахои «Лаззат» ва «Кошона»-ро умуман тамошо намекард. Гизову шириние, ки ончо тайёр карда мешуд, ба гуфти у ба сихати зарар дошт. У факат уммоч, ширчою ширкаду, нишоиста, ордбирён ва тухму картошкабирён мехурд. Махсулоти тозаи экологиро! Чанд бор кушишхои у барои дар хавлиаш кишт кардани сатилчахои майонез, пайванд кардани сосискахои ирони, парвариш намудани ванилин, разрихлитель, магги, ролтон….бефоида анчом ёфта буд!
…..Он марди мехнаткаш дар болои кух хона дошт. Рузи туяш уву хамсари фаранчипушашро гургону сагони дайду сур карда буданд. Агар хамин куллаи кух намебуд, харду пора-пора мешуданд. У чанд сол пуштихам бузу гусфанд намекушт, баъзан мург кушта барои кудаконаш гушти онро бирён мекард… Мург буву тафи камтар дорад. Вай як рама гусфанду буз дошт. Вале хамин, ки буйи гуштро гургону сагони дайдуи поёни кух мефахмиданд, аккос мезаданду уллос мекашиданд. Хайрият, ки он марди мехнаткаш чанд саги калону нотарсе дошт. Вагарна….
….Он марди мехнаткаш зиёд хаставу монда мешуд. Вакте ки хама «Атлантида» тамошо мекарданд, вакте ки баъзехо бо дустдоштахояшон дар тарабхонахо тиллохои меросии бобокалонашонро гузошта истирохат мекарданд, замоне ки духтарони зебо бадани урёни худро ба намоиш гузошта «машхур» мешуданд, вакте ки кадом мансабдори дарбор пораро ба воситаи писари кадом марди мехнаткаши дигар мегирифт ва ба сагаш, ки хавлии дакадангашро бони мекард, гуштро аз махаллаи 33 мехарид…у хоб буд…Он марди мехнаткаш хоб буд…Бепарво хоб буд. Дари хавлиашро махкам намекард, зеро хавлиаш дар надошт. Гирдаш хам девору симхори 3 метра набуд. Руи пусти ягона бузаш мехобид, ки соли гузашта аз пири кариб буд, ки харом мемурд ва уро халол карда буданд. У баъди чанд соат бояд он пусти бузро холи мекард, серфарзанд буд, дигарон хам бояд хоб мекарданд- ку…
….Он марди мехнаткаш на хешу табори дарбори дошт, на замин, на раммаву на дукону касобхонаву гулом ва на мансабу макому маблаге. Хеч чиз надошт! Сабабаш хамин буд, ки у харро чаппа савор шуда буд…
Баччахои азиз! Хеч гох Шумо харро чаппа савор нашавед! Вагарна рузатон факат ба маош мемонаду хамон маошатон аз сатхи поёни бахр хам поёнтар мешавад….
Иди Мехнат ва Мехнаткашонро барои Шумо-мардуми мехнаткаш самимона табрик мегуям!!! Акнун хезеду рафта кор кунед, бо дар Интернет нишастанатон манфиат намеёбед!
Рузи насиби кас ба нишастан намешавад,
Бояд чу осиёб зи пайи обу дона рафт….
Filed under: Uncategorized | Tagged: 1 май, афсона, богбон, боги хайвонот, духтур, каммасраф, марди мехнаткаш, намоз, осиёб., таваллудхона, хар, хоб, хурок |











Рахмат барои киссахо-афсонахо ва дигар хабархое, ки тез-тез нав мекунеду моро аз фикри дури аз ватан озод мекунед!!
НравитсяНравится
Хело хам як акидабофии печ-дар-печ ва бисёр оли мо интизори афсонахои нав ба нави » дар китоби афсонахо набуда» — и Шемоем.
НравитсяНравится
Киссаи хандонбоб, дилсуз, ва бо маъне Офарин!!!!
НравитсяНравится