Чанд руз пештар (29 апрел) Рузи байналмилалии Ракс буд. Барои ман дубора шавковар шуд, ки ин сана ба рузи таваллуди як марди фаронсавии раккос -Жан Новер (1727) вобаста будааст. Як зани раккос не, як мард! Ва ман баъди ин дар мавриди ракси мардона боз амиктар фикр кардам. Маълум аст, ки на факат точикон ракси мардона доштаанд, аксари миллату халкиятхои дунё ракси ба худашон хоси мардона доштаанд ва холо хам доранд! Ман албатта пеш аз хама аз мардхои раккоси точик узр мепурсам, вале мехохам пурсам, ки барои чи ракси мардони мо баъди хама гуна талошу кушишхо хам кариб ки хамон ракси занона аст? Ё ин хамин гуна ба назари ман метобад?
Барои чи вакте ки марди кавкозие ракс мекунад, покубиву харакати мардонааш хатто сахнаро ба ларза меорад? Фикр кардаед, ки барои чи мардхои точик, ки ракс мекунанд, хамаги кади паст, чуссаи баъзан хеле хароб, харакатхои дигар доранд? Ё ман баъзе нозукихои сахнарову раксро намефахмам мегуед? Рост хам мегуед! Ман раксу сахнаро мисли устодони ракс намефахмам…Ман кариб ки ягон чиро намефахмам, вале хамчун тамошобин мехохам, ки дар ракси мардона мардоне бошанд, ки чуссаи пахлавони дошта бошанд, харакату чехраву нигохи мардона ва берун аз сахна сухбату табиати сирф мардона дошта бошанд! Намедонам, барои чи, вале факат дар вакти ба ёд овардани хамин мавзуъ ва ё замоне, ки ракси мардеро дар сахнаву дар кадом тарабхонае мебинам, порае аз филми «Ашк ва шамшер» ба ёди ман меояд, ки дар он кахрамони филм-Восеъ гуё дар туйи духтараш ракс мекард. Ана он ракс хаёли ман, ки сирф ракси мардона буд! Чусса, харакат, нигох… хама чизи мардона!
Ба кариби рузи байналмилалии саломати кайд карда шуд ва мо барои баргузории он вобаста шуда будем. Ончо бояд ракс хам мебуд. Ман бо як гурухи раксие сухбат кардаму ба ташкилкунандахо гуфтам, ки се духтари зебо ва як чавонписар ончо рози шуданд, ки ракс кунанд. Онхо баъди фахмидани калимаи «чавонписар» дархол норизои баён карданд. Нахостанд! Гуфтанд, ки бигзор чор духтар бошад! Ва бовар кунед, барои он не, ки он чавонписар хунари хуб надошт, НЕ! Факат барои он, ки ташкилкунандагони он махфил дар мачмуъ миёни ракси у ва ракси духтарон ягон фаркиятро намедиданд!
Ман фикр мекунам, ки дар ракси мардона ин кадар нозу карашмаву абрупаррони шарт нест ва хатто онро безеб хам мекунад. Он ракси мардона аст, бигзор каме дагалтар бошад, зеро дар асл хам чунин аст. Дар туйе ягон бор ракси «лезгинка»-ро дар ичрои баччахои
точик тамошо кардаед? Бовар кунед, ки бо точики набуданаш баъзехо хамин гуна бо махорати баланд ракс мекунанд, ки кас халоват мебарад. Хис мешавад, ки он ракси мардон аст…
Акнун дар ин самт санъатшиносон бояд факат вариантхои бехтаринро пайдо кунанд. Як марде метавонад, ки аъзои кадом ансамбли ракси набуда хам мардона ва хеле зебо ракс кунад. Гумонам дуруст мебуд, ки агар дар махфилхои дохили ва берун аз кишвар хамин гуна истеъдодхоро пайдо карда ба сахна орем. Аз он раксе, ки «колаби» асту «коидави» асту аъзои кадом ансамбле онро ичро мекунад, вале мардона нест, барои ман-чун тамошобин, ракси бе балетмейстер таёршудаи як марди дехкони пахлавончуссаи харакату нигоху чехраи соф мардона дошта шавковартару макбултар аст!!!
Filed under: Uncategorized | Tagged: Восеъ., ансамбли ракси, раккоса, ракси мардона, сахна, тамошобин, точикон |












Добавить комментарий