Телевизион якбора бо чанд максад хизмат мекунад. Шахс дар назди он нишаста чанд эхсосро дармеёбад. Тамошои хар гуна барномахои чолиб аз «он кутти» барои инкишофи чанд чизи дигар низ замина мегузорад.
- Тамошобин бо тамошои телевизор худро ба чои кахрамони он
сахна тасаввур мекунад. Комёбии уро кариб, ки чун комёбии худаш кабул мекунад ва хангоми мушкилоти у пешниходи худашро баён кардан мегирад. Яъне, хар сахна дар алохидаги уро ба фикр кардан водор месозад; - ТВ эхсоси танхоиро бартараф мекунад. Кас бо тамошои намоишномаи хубе худро иштирокчии бевоситаи он хис мекунад;
- Маълумоти дакику заруриро кас метавонад вобаста ба хар чиз, ходиса, вокеа аз хар барнома ва сухбатхо бигирад;
- Дар мачмуъ, вакти фарогати худро боз хам хубтару хуштар мегузаронад;
Ин факат руйхати нопурраи таъсири ТВ ба тамошобин буд. Ман рости гап, факат вакти гизохури фурсати тамошои телевизор, махсусан шабакахои дохилии Точикистонро меёбам ва намоиши дустдоштаи ман хамон ахбори криминали аст. Холо намехохам, ки дар бораи мухтавои барномахо нависаму хатои кадом «шоумен»-ро гуяму мавзуи наве пешниход кунам. Зеро дар ин маврид ман нафаронеро медонам, ки моххо ТВ-хои дохилии моро тамошо карда, кариб хама чиро омухтаву чандин сахифаи газетахоро хам пур карда буданд.
Аввал он, ки имрузхо кормандони ТВ-хои мо ва рохбарияти онхо кушиш мекунанд, ки чизи наве «Эчод» кунад, «Тадбир» мечуянд, ки дар ин «Чор су», ки барномахои наву ровихои чавону рангинхаёл ба эфир меоянд, «Самт»-и бехтарро ёбанд, то бинанда аз тамошои онхо «Лаззат» бубарад.. Аммо дар бештари маврид «Зиндаги» нишон медихад, ки «Мову Шумо» яъне «Сохибватан»-он, ки дустдори
колабшикани ва навгуи хастем, кам метавонем «Шомиёна» дар «Кошона»-и худ бо дидани хар чизи хубу шавковару нав- бе фикри «Чи бояд кард?» рохат бошем ва «Навид» бишнавем. «Оё медонед», ки як сабабаи давомдор набудани «Робита»-и тамошобин бо телевизор холо ба гумони ман дар катори сабабхои дигаре , ки дар боло ба онхо як ишора шуд, такроршавии кахрамонхои барномахои телевизиони аст! Ин холатро шумо хам шояд борхо мушохида кардаед, ки як нафар кариб дар хама барномахо ба хайси иштирокчи, кахрамон ва гайра сухбат мекунад. Чизи дигари тамоман ба «чодугари ва сехргари» монанд хамин аст, ки хатто дар пурсишхои сарирохии кормандони ТВ хам аз кучое боз хамон «кахрамонхои доими» пайдо мешаванд!
Пешниходи силсилабарномахо бо ширкати як кахрамон ин чизи нав нест, аммо кариб дар кулли барномахои хамаи ТВ-хо ширкати як ё ду нафаре, ки «як ду чиз»-ро медонанд, ин тачрибаи тамоман нав ва made in Tajikistan аст!
Рост аст, ки барои тахияи барномахои хуб дар баробари мавзуъи нав- сенария, ороиш, кахрамони барнома… хам мухим аст. Ёфтани хамсухбат ва суолгузории хуб, кушодани мавзуъ ва дар мачмуъ тахияи як барномаи хуб кори хар кас набуда, осону сабук хам нест!
Бояд гуфт, ки накши ТВ дар «Сарнавишт»-и мардум, огохи ва бедории онхо, «Пайванд»-и онхо бо «Чахони муосир» андак нест. Аз «Субх» то «Шом…» барномахои гуногун бо максади «Нигохи комил» ба хама масоили рузгор ва дар мачмуъ ба «Мароми зиндаги»-и мардум тахия мегардад. «Рисола(т)и таърихи»-и ТВ хам хамин аст, ки дар «Шакл»-гирии афкори мардум сахм гузорад, «Тамос»-ро миёни мардум ва хукуматдорон баркарор кунад ва дар «Лахзахои гуворо»-и бинанда «Як тарона»-еро пахш кунад, ки у мехохад ва дуст медорад. Хулоса, ки «Завк» -и инсонхоро ТВ бояд баландтар бардорад. Аммо..
Як-ду нафари сухандону хозирчавобро ба тамоми барномахо даъват кардану дар тамоми бахсхо хамрох кардан, хуб нест. Гузашта аз ин холо як анъанаи «насихатдихии чавонон» муд шудааст. Хар кас барои гуфтани назару акаидааш хукук дорад, аммо он бояд аз насихатгуи фарк дошта бошад! Ин назари ман аст.
Маро хамин ду чиз руз ба руз аз назди ТВ дуртар мекунад. Ман аз муаррифии номи мавзуъ ва мехмонон аллакай тахмин мекунам, ки
идомаи он барнома ва сухбат чи мешавад…
Боз хаста ва норохат мешавам, агар дар як шаб хамон як «чавони вундеркинд»-ро дар чанд барнома ва дар чанд «накш» бубинам!
Filed under: Uncategorized | Tagged: Сафина, Точикистон, Шабакаи аввал, барнома, бахористон, журналист, насихат, made in Tajikistan, тамошобин, чавонони точик., чахоннамо, шоу барномахо |











Салом. Хело ачоиб навиштед. Офаринатон! Ман низ хелехост, ки мехохам аз нигохи як бинандаи одди барномахои ТВ-и чумхуриро ба барраси бикашам. Икрор мекунам, ки кори маро дар ин самт хело осон кардед, акнун ман ба чехрахои «такрори»-и ТВ-оямон чидди тамаркуз намекунам, зеро дар ин маврид хама чиро шумо аллакай гуфтед. Ман бехтараш ба пахлухои дигар чашм меандозам. Боки, барор!!!
НравитсяНравится
Боври надорам ки бе тамошои шояд пайваста хам набошад матрах намудани мавзуъ имконпазир бошад мавзуъе ки дар маколаатон дакиккор ва омузанда баудани шуморо дар «хар як гардиш » нишон медихад, Бинед чигуна ботартиб ва бохадаф омадаанд номгуи барномахо, ки ин аз гуфтахои мо дар боло дарак медихад. Аммо бояд икрор шуд ки гуфтахои шумо ба кавле илман асосноканд
НравитсяНравится
Саломалейк…. Ман дар огози ин матлаб гуфтам, ки «факат вакти гизохури имкони тамошои ТВ-ро дорам», хамин чиз шуморо ба шубха овард. Вале бояд гуфт, ки вакти хурокхурии ман хам дар як руз 4 карат аст 🙂 Аз инчо дар як хафта ман 28 карат дар як мох 124 маротиба «дида ба дида»- и ТВ хохам буд..Ин кам нест 🙂
НравитсяНравится
Акидахои шумо дар маврид дуруст аст он чизеро ки мехостам баён кунам шумо дар ин чо дарк кардаед. Ба Шумо барори кор хохонам боки саломат бошед.
НравитсяНравится