Такрор модари дониш аст ё аз биниш?

      Телевизион якбора бо чанд максад хизмат мекунад. Шахс дар назди он нишаста чанд эхсосро  дармеёбад. Тамошои хар гуна барномахои чолиб аз  «он кутти»  барои инкишофи чанд чизи дигар низ  замина мегузорад.   Читать далее →

Нигох аз толор!

     Чанд руз пештар (29 апрел) Рузи байналмилалии Ракс буд. Барои ман дубора шавковар шуд, ки ин сана ба  рузи таваллуди як марди фаронсавии раккос -Жан Новер (1727) вобаста будааст. Як зани раккос не, як мард! Ва ман баъди ин  дар мавриди ракси мардона боз амиктар фикр кардам.  Маълум аст, ки  на факат точикон ракси мардона доштаанд,  аксари миллату халкиятхои дунё ракси ба худашон хоси мардона доштаанд ва холо хам доранд! Ман албатта  пеш аз хама аз мардхои раккоси точик узр мепурсам, вале мехохам пурсам, ки барои чи ракси мардони мо баъди хама гуна талошу кушишхо хам кариб ки хамон ракси занона аст? Ё ин хамин гуна ба назари ман метобад? Читать далее →

Театр! Вакти либосивазкуни шудааст!

      World Theatre Day. Рузи 27 март дар тамоми дунё хамин гуна руз тачлил мешавад, яъне рузи чахонии театр! Он дар хама чо зери шиори «Театр чун воситаи хамдигарфахми ва устувории сулх миёни мардумон» кайд карда мешавад. Ин руз  бо ибтикори ширкаткунандагони конгресси IX  Институти байналмилалии театр дар назди Юнеско соли 1961 тасдик шудааст. Ин сана хамчунин чун иди касбии хамаи онхое, ки дар театр кор мекунанд, дониста мешавад. Чанд руз пештар дар барномаи сахарии ман нафаре савол медихад, ки «хамин театри опера ва балет дар кучо аст?».  Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти