28 августи соли 2010

     Хамин руз як пиразани руси хамсояи ман зодруз дошт. Мо чанд рузи мавлуди уро дар хонааш якчо бо наздикону дугонахои у тачлил мекардем. У донандаи хуби сурудхои миллии русси буд, факат дар рузи мавлуди худаш у онхоро месароид…Садои хуб хам дошт.

        Аммо шумо дар ин сахифа дар бораи аввалин ронандаи бадбахте, ки ба чаримагбанди мусоидат  кард ва асос гузошт, дар мавриди мадхия ва фантастика, дар бораи дуэл барои ким кадом духтар, махбасии 365 сола ва гайра маълумот мегиред!

  • Аркадий Стругатский-нависандаи фантастиканависи шурави таваллуд шудааст

-Инчо ба назари ман аксарияти шоирони мо фантастиканавис шудаанд. Шумо шубха накунед, «фантастика» ва «мадх»  холо ба назари ман ки як  чиз аст!!!

  • Дмитрий Ровинский (1824) -хукукшиноси рус, ислохотчии системаи судии руси, аввалин прокурори Маскав.

-Ачоиб, холате мешуда бошад, ки прокурору судяхоро шабона барои кадом амалу харакаташон хоб набарад? Гайр аз холати гурехтани махбусон да…

  • Нашри фармони Президиуми совети олии СССР дар бораи аз Повольже кучонидани олмонихо (1941). Онхо барои дар миёни худ нигох доштани чосусону диверсантхо гунахкор дониста мешуданд.

— Яъне, агар бо андешахои хамон вакт роич буда ба масъалаи мухочирати мардум бархурд кунем, мебояд барои мардуми минтакахои Дангараву Рашту Бадахшонро ба Турсунзодаву Кабодиёну  Шахритус овардан онхоро бо ягон айб гунахкор кард. Вагарна ё намераванд ва ё рафта боз баргашта меоянд…

  • Дар Амстердами нав (холо Нью Йорк) яхудихо аз хизмат дар сафи кувввахои мусаллах озод шудаанд (1655)

-Хаёлам, монанд ба замони мо, ки фарзандони  мансабдорон аз хизмати аскари «озоданд»! 

  • Дар Щвецария дар дуэль аз чониби номзади дустдоштааш кушта шудааст рохбари сотсиалистхои олмони -Фердинанд Лассаль (1864)

-Агар дар кишвари мо хамин гуна дуэлхо ичозат дода мешуд, гумонам, ки мансабдорону сарватмандон факат барои духтарони корманди ТВ ба дуэль мебаромаданд. Хато кардам?

  • Дар  Ньюпорте (ИМА) нахустин ронандаро барои аз меъёр баланд кардани суръати мошинаш  ба хабс гирифта будаанд (1904)

Маълум мешавад, ки хануз бештар аз сол сол пеш  ин ронандаи амрикои дар мавриди ронандахои ТАНГЕМ дар Душанбе ба мо хушдор дода будааст…

  • Тими футболи «Локомотив»-и Маскав аввалин барандаи Чоми футболи СССР мегардад (1936)

Яъне маълум мешавад, ки он вакт тубро аз пеши пойи хама гирифтан мумкин будааст…

  • Амрикои-Джерри Уитвортро барои чосуси ба манфиати СССР ба муддати 365 сол аз озоди махрум мекунанд (1986)

-Агар хамин хукм хамин шабу руз мешуд, чаноби Уитворт зик нашуда, чи кор карданашро хуб медонист …

  • Саддом Хусейн бо як фармони худ хамаи кудакону духтарони хоричиро, ки дар асорат буданд, озод мекунад (1990)

—Вале ба хар сурат хохиши уро хоричихо (амрикоихо!) баъди чанд сол ичро накарданд. У хохиш карда  буд, ки хамон бандро хангоми ба дор овехта шуданаш ба гулуяш неву ба миёнаш банданд…

 

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти