Ин икдоми нав аст. Агар барои шумо (ва аввалтар аз хама барои худам!) писанд ояд, онро давом хохам дод. Инчо хамон ходиса, вокеа ва санахои дигаре оварда мешаванд, ки ба хамин руз иртибот доранд! Агар тавонам, ман ин сахифаро бо хамин тартиб хар руз барои Шумо пешниход мекунам! Акнун Шумо хам ваъда бидихед, ки хар руз ба ин сахифа ворид мешавед…
Рузи шахтёрон (ИДМ)
-Дар кишвари мо ин чашнро хамчунин мардуме ки дар таххонахо зиндаги мекунанд, метавонанд кайд кунанд!
- Рузи кинои руси
-Хамон кинохое, ки инак наваду чанд сол аст, ки дар шабакахои ТВ-ии мо намоиш дода мешаванд. Хамон кинохое, ки шояд худи коргардонхояшон дар бораи онхо фаромуш карда бошанд…
- Наталья Гончарова (1812), хамсари А. Пушкин
-Ачоиб, агар Наталья Гончарова шоири махбуби руси мебуд, мардум дар бораи шавхари зулфдарози у-А. Пушкин хамин гуна баъди дусад сол ёд мекарданд?
- Огози фаъолияти автобусхои байнишахри дар Англия (1900)
-Дар Точикистон кай автобусхои байнишахи пурра ба фаъолият сар мекарда бошад? Гумонам, ки баъди дар атрофии автовокзали Душанбе пайдо шудани боз 5-6 «особняк»-и дигар…
- Дар Олмон нахустин тайёраи реактиви ба парвоз омадааст (1939)
-Аммо дар Точикистон холо барои «парвоз» ва «паридан» тайёра ва чархбол лозим нест. Зеро лозим шавад, «мепаред», бе тайёра ва бе чархбол «мепаред!»
- Дар Прага иттифоки байналмилалии донишчуён таъсиси ёфтааст (1946)
-Аммо ба кариби гумонам дар Точикистон Иттифоки мактабиён таъсис меёбад. Ва он иттифок масъалаи чангу чанчоли миёни мактабиёни шахри Душанберо ба танзим дароварда, шояд барои он кор толори алохида хам месозад. Он вакт хама имкони тамошои шоу-чанчолхои мактаббачахои шахриро пайдо мекунанд!
- Дар Амрико курсии худкори катапультшавандаи сарнишини тайёра аз санчиш гузаштааст (1946)
-Чи хел ачоиб мешуд, агар олимони точик хамин гуна курсихоро барои мансабдорон ихтироъ мекарданад, ки дар холи кори гайриканоатбахшашон ба таври автомати аз болои бинои хамон коргохаш парида мерафтанд…
- Нахустин нашри китоби рекодхои Гиннес (1955)
-Онхо барвакт ба нашри ин китоб сар карданд, мо точикион омада набудем! Ин нораво аст, дуруг аст вай…
- Кайхонаварди рус Сергей Авдеев дар самти буду бош дар кайхон рекорд гузошт-у 742 руз дар ончо буд (1999)
-Кайхон чи гуна буд? Ончо барк, газ, оби тоза, замини кишту кор ва хонасози, богу бустонсаро нест-а ба фикрам?
Ман дар хамин гуна «кайхон» чанд дахсола аст, ки зиндаги мекунам. Ходимони китоби рекордхои Гиннес, шумо дар кучоед?
Барои хамаи Шумо руз ва шаби хуш таманно мекунам. Аммо фаромуш накунед, ки руз ва шаби хушатон аз ин таманнои ман он кадар вобаста нест!!!
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Гиннес, автобус, кино, мактаб, таквим, таърихи руз |












Салом!!! Икдоми бенихоят ачиб…яъне як ходисаи дар хоричи кишвар ба вукуъ пайвастаро бо Точикистон тавъам мекунед, чи гуна ин фикрхо ба саратон меояд…..ман ба истеъдоди шумо коили коил….туф-туф чашм нарасад. Бароям махсус хамун тайёраи реактиви ва курсии худкори катапултьшавандаи сарниши тайёра маъкул шуд…Ваъда медихам, ки акнун хар руз ба ин сахифа назар хохам кард. САломат бошед!!!!
НравитсяНравится
Салом. Тасмими бисёр олӣ. Шумо тақвими гузаштаро гуфтед, акнун бо ичозаатон ояндабинӣ мекунам
27 августи соли 2011. Сарояндагони эстрадаи тоҷик бо баргузории як ГАЛА консерти муштарак ба хотири ёдбуди овозхонҳои асили тоҷик дастаҷамъона қасам мехӯранд, ки дигар ба шеърҳои бемаънӣ оҳанг намебанданд, ба тақлиди кур-курона хотима медиҳанд ва сурудҳои дигаронро моли худ гуфта реклом намекунанд;
*** 27 августи соли 2017 якбора чанд депутати тоҷик барои иҷро накардани барномаи пешазинтихоботияш дар назди интихобкунандагон аз ваколаташ ихтиёрӣ даст мекашад. Ин тасмим барои дигар мансабдорон намуна шуда, якбора 4 вазири бахшҳои калидии ҷумҳурӣ низ бо хоҳиши худ истеъфо медиҳанд;
*** 27 августи соли 2515. Тими миллии Тоҷикистон дар мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳон оид ба футбол дар давлати Сомалӣ ғалаба мекунад;
*** 27 августи соли 3588. Олимони тоҷик баъди заҳматҳои зиёд муваффақ мешаванд, ки киштии кайҳонии «Аспи ҷавмаст»-и made in Tajikistanро созанд;
*** 27 августи соли 3589 бошад, аввалин ҷавони тоҷик ба кайҳон сафар мекунад (ногуфта намонад, ки то ин сол аллакай шаҳрвандони тамоми давлатҳо дар кайҳон котеҷу кушк сохтаву тобистонҳо дамгирӣ мераванд);
НравитсяНравится
Саломалейк…..Ба худо, як иедеяи ачоиб пайдо шуд….:) Саломат бошед…
НравитсяНравится