Умедвор хастам, ки дар оилаву дар зиндагии Шумо дар чанд рузи охир ва имруз ороми ва хуши хукмфармо буд. Имруз, ки хануз шукухи тачлили истиклоли кишвар дур нашудааст, боз Ид аст, иди Фитр. Ва ман боз хам мехохам, ки он ба манзили мову Шумо баракату саъодат биёрад! Аз имруз кушиш кунед, ки ба сари меъдаи тули як мох ба низом ва тартиб одаткарда якбора хама намуди гизову нушокаро нарезед…(Инро ба ман як табиб гуфт :))
Аммо ман ин навбат дар бораи танкхои хусуси, хирс ва давандахо, накши дакикахои охирин ва дунёе навиштаам, ки ба театр монанд аст !
-
Рузи танкчиён (Руссия)
Танк чизи хуб аст. Афсус, ки доштани танки хусусиро ичозат намедиханд. Хис мекунам, ки баъзехо аз хама чи хаста шуда , хеле мехоханд, ки танки хусуси дошта бошанд. Шумо аз рондани мошинхои хоричи хаста нашудед?
-
Джим Хайнс-варзишгари амрикои таваллуд шудааст (1946). Бори аввал махз у масофаи 100 метрро дар камтар аз 10 сония тай кардааст.
Олимони точик исбот карданд, ки одам ин масофаро, яъне 100 метрро — метавонад, ки дар 5 сония тай кунад, агар аз пушти у як ду хирси гуруснаи боги хайвоноти шахри Душанберо сар дихем!
-
Тими мунтахаби СССР оид ба баскетбол дар Олимпиадаи Мюнхен дар бозии финали бар тими Амрико бо хисоби 51:50 голиб омадааст.Туби халкунанда дар дакикаи охирин зада шудааст.
Дакикахои охирин аслан халкунанда ва мухим мешаванд, масалан дакикахои охири дар батни модар будан, дакикахои охири хаёт, дакикахои охири мучарради…
-
Дар Руссия бо фармони Елизавета аввалин театр кушода шудааст. Махз дар хамин фармон бори нахуст калимаи «актриса» истифода шудааст.
«Дунё театр аст ва мо хама актёрем, аммо касе, ки актёр нест, вай актриса аст.» Ин сухани касе буд ки номашро фаромуш кардам. Аммо ба назари ман, ки дунё имруз театр нест, агар театр мебуд, ончо ороми хукмфармо буд ва кам нафарон ба у таваччух мекарданд…
-
Вазири энергетикаи Канада Ж. Кретьен таъин мешавад. Хамон нафаре, ки баъдтар ба макоми сарвазир расида буд.
Чи механдед?
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: вазорати энергетика, давидан, иди фитр, танк, театр |












Добавить комментарий