Дар мактабе, ки ман тахсил карда будам, директори мактаб, чонишини у оид ба кисми таълим ва ду муалим хамсари рус доштанд. Хамчунин аз мансабдорони замони шурави хам, ки дар хамсоягии мо зиндаги мекарданд, онхое, ки хамсари рус доштанд, кам набуданд. Ин холат дар айёме, ки аз маркази кишвари шурохо кушиш мекарданд, ки 60 %-и ахолии шахрхои калон намояндагони миллати рус бошанд, ходисаи гайримукаррари набуд. Саргузашти мардхое, ки бо занхо ва духтарони рус хаёти худро пайвастаанд, гуногун аст. Яке бо хамсараш ба ким кучо куч баст, дигаре баъди вафоти хамсари русаш бо зани точик оиладор шуд ва сеюми холо хам бо хамсари гайриточикаш зиндаги мекунад. Холо, ки ин суханонро менависам, хаёлам банди муйсафеди 76 солаи хамсояам аст, ки дар бистари маризии лоилоч мехобад. Ва хам пеши чашмам симои хамсари гайриточики у меояд, ки дар балкон бо келини хаммилати худаш сухбат мекунад… Читать далее
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: бемори, гайриточик, мансабдорон, марг, пири, хамсари рус | 6 комментариев »











