Имруз барои ман ва мо рузи одди ва мукаррари нест! Имруз Ватани мо рузи Истиклол дорад, имруз мо тантанаи озоди ва сохибихтиёри дорем! Ин чашн барои мардуми азизи Точикистон муборак бошад! Сарбаланду комёб бошед!Биёед, барои пешрафти ин Ватан хама якчоя ва бо масъулияти баланд талош мекунем, биёед, аз ин пас барои хар чизи чузъи ва ночиз якдигарро танкиду сарзанишу маломат намекунем, биёед, хамватани дар тичорат муваффакамонро ба шикаст ру ба ру намекунем, биёед бегонапараст намешавем, биёед, факат дар мавзуъхои чидди ва мухиму такдирсозу ояндасоз бахс мекунем, биёед, ба кадри мардуми фарзона ва фидоии халку миллат замони дар кайди хаёт буданашон мерасем, биёед, эродгирии хандаоварро ба хамдигар бас мекунем, биёед, Точикистонро машхури чахон мекунем!
Аммо ин навбат дар мавриди ба рузи мустакилияти давлати мо рост омадани рузи зебои, даргузашти Ахмадшохи Масъуд, нуктаи аз хама сердаромади Вазорати аз хам сердаромади Точикистон, таксими як империя аз чониби писарони император, аввалину охирин консертхо ва нархи як «букка» навиштаам.
-
Имруз рузи истиклоли давлатии ТОЧИКИСТОН аст!!!
Саропоям умеду оромони Точикистон аст,
Хама буду набуди ман аз они Точикистон аст…
Истиклоли Ватани азизу озод ва озодаро барои хамаи Шумо самимона табрик мегуям!!!
- Надежда Сергеевна АЛЛИЛУЕВА хамсари дуюми Сталин таваллуд шудааст (1901)
Холо хам ман ба ин назар хастам, ки мардхои дува ё се сезанаро чазо додан даркор нест, зеро якто занро хама хам дорад!!!
-
АхмадШохи Масъуд хамин руз вафот кардааст (2001)
АхмадШох Масъуд-рамзи часорату мардонагист! У чанговари бохуш ва далере буд, ки хуб ба дарки сиёсату идора мерафт. АхмадШох-кахрамони точикон!!!
-
Рузи чахонии зебои аст имруз.
Кай бояд ин рузро тачлил кунанд? Дуруст мекунанд, ки дар рузи истиклоли Точикистон ин корро мекунанд. Зеботар аз Бадахшону Зарафшону Варзобу Ромит ва … Файзобод 🙂 дар ягон чои дигар гушаи зебое хаст? Нест!
-
Луиджи Гальвани –донишманди итолиёи, асосгузори омузиш дар бораи барк таваллуд шудааст (1737)
Ба барк ва истехсоли он аз солхои аввали ихтирои он факат мардуми боаклу ояндабине таваччух мекарданд. Дигарон намефахмиданд, ки як замон барк мавкеи калиди меёбад ва коргохе бо номи «сбит» ба сердаромадтарин нуктаи кори табдил меёбад, ки барои ба он чо ворид шудан бояд….бояд…..бояд… хулоса, ки …бояд «зур» бошед!
-
Се писари император Константин миёни худ империяи Римро таксим карданд (337)
Офарин! Фарзандони боакл хамин гуна мешаванд! Хама гуна империя ва давлат худаш хамин се шоха дорад-суди, ичроия ва конунбарор! Хамин ки хуб таксим шавад, самтхои дигар мисли тичорат, сармоя ва саноъат таксимшуда хисоб аст!
-
Композитор Л. ван Бетховен маротибаи охирин консерт баргузор кардааст (1825)
Консерти аввалин аз охирин ба фикри Шумо бо чи фарк мекунад? Ман фаркияташро не, умумияти консертхои аввалину охиринро дар Точикистон медонам: дар хар ду консерт хам фонограмма истифода мешавад !!!
-
Дар Амрико як букка бо нархи рекордии 2.5 миллион доллар фурухта шудааст (1974)
Ачоиб-ку! Он «букка» то вакти нагурехтанаш дар кучо кор кор карда бошад?
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Ахмадшохи Масъуд, Сталин, Точикистон, барк, зебои, истиклол |












Добавить комментарий