Гуфтаи ногуфта!

      Дар мактабе, ки ман тахсил карда будам, директори мактаб, чонишини у оид ба кисми таълим ва ду муалим хамсари рус доштанд. Хамчунин аз мансабдорони замони шурави хам, ки дар хамсоягии мо зиндаги мекарданд, онхое,  ки хамсари рус доштанд, кам набуданд. Ин холат дар айёме, ки аз маркази кишвари шурохо кушиш мекарданд, ки 60 %-и  ахолии шахрхои калон намояндагони миллати рус бошанд, ходисаи гайримукаррари набуд. Саргузашти мардхое, ки бо занхо ва духтарони рус хаёти худро пайвастаанд, гуногун  аст. Яке бо хамсараш ба ким кучо куч баст, дигаре баъди вафоти хамсари русаш бо зани точик оиладор шуд ва сеюми холо хам бо хамсари гайриточикаш зиндаги мекунад. Холо, ки ин суханонро менависам, хаёлам банди муйсафеди 76 солаи хамсояам аст, ки дар бистари маризии лоилоч мехобад.  Ва хам пеши чашмам симои хамсари гайриточики у меояд, ки дар балкон бо келини хаммилати худаш  сухбат мекунад…

 Дар замони шурави доштани хамсари гайриточик муд буд. Ва хам ин барои расидан ба макоми баландтаре мусоидат мекард. Баъзехо тавониста буданд,  ки хамон вакт хамсари гайриточики  худро ба дину ба фарханги мо моил кунанд, аммо баъзехо худашон он кадар вориди хамон зиндагии гайриточики ва ба хаёли худашон «замонави»  гардиданд, ки хатто забони модариашонро фаромуш карданд. Фарзандони онхо аксаран номхои точики дошта бошанд хам, бештар зери таъсири фархангу забони модарии модарашон мемонданд.

Акнун  замона дигар гаштааст ва  хам хамон гурухи мардуми дар замони шурави хамсари гайриточикдошта  ба пири расидаанд. Мисли хамон муйсафеди хамсояи ман, ки чанд дахсола кабл ба духтари руси аз ятимхонаи кадом шахри Руссия ба Точикистон фиристодашуда оила бунёд карда буд. Шояд барои хушбахти миллати хамсар  накши асоси надошта бошад ва шояд он гурух, ки хамсари гайриточик доранд, аз зиндаги рози  ва каноатмандтар аз дигарон бошанд. Аммо мардум хис мекунад, ки дар охирин нафас  ба хамин гуна мардхо чизе намерасад, ба назар мерасад, ки онхо аз точики ва дар доираи ислом назистанашон алам доранд, гам мехуранд, кас хис мекунад, ки мухаббати зани точику модари точик дар охирин лахзахои умр хам фарккунанда аст-гармтар аст, табии аст…

Як зан-ходими илмии пажухишгохи равоншиносии АУ ФР бо ном ва насаби Ольга Маховская гуфтааст, ки дар ФР шумораи духтароне, ки шавхари мусулмон кардан мехоханд, зиёд шудааст. Ва хам у илова кардааст, ки  «агар дар огози сохои 90-ум духтарони рус дар пайи ёфтани шавхари амрикои ва аврупои буданд, баъди ходисахои чудошави ва судбозиву дури аз фарзандонашон  холо онхо дарк кардаанд, ки бо  мардхои мусулмон оила бунёд кардан бехтар аст. Он вакт ин гуна духтарон худро пушти девори оханин эхсос мекунанд». Гуфтаи дигари ин хонумро айнан меорам:  «В обыкновенной русской православной семье мужчина если и является главой, то лишь формальным. Вообще же православный муж, как правило, исполняет либо роль подкаблучника, либо – тирана». В православной психологии главенство в семье рождается через психологическое противоборство супругов: кто сильнее – тот и главный»…

Аммо дар оилаи марди мусулмон шароит тамоман дигар аст. Марди мусулмон хатто замоне, ки ба гулуяш охирин катрахои обро мечаконанд, аз кисмати ояндаи кудаконаш  осуда аст. Хамон вакт хам хамсараш  ва фарзандонаш канори уро тарк намекунанд. Вакте ки ман аз хамон пиразани хамсояам дар мавриди хамсари бемораш мепурсам, у чавоб медихад, ки  «хоб аст.. дар боло! (дар ошёнаи 3, танхо…!)».  У метавонад, ки хамсари пирашро дар холате ки  «пеши Худо аст», танхо гузошта ба ким кучо равад ва фарзанди у метавонад, ки хатто дар хамин холати падараш хам пахлуи у набошад…

Холатхои гуногун дар зиндаги рух медиханд, ки хамин андешаи маро ботил мекунанд: хамсарони мехрубоне хам хастанд, ки хам дини мубини исломро кабул кардаанд ва хам бехтар аз баъзе занхои точики эхтироми шавхару наздикони уро ба чо овардаанд. Вале имруз ман дар дигар бора навиштан мехостам-оё хамин гурухи мардхо, ки хамсарони гайриточик доранд, аз умри рафтаи худ каноатманданд? Агар фарзанди онхо ва ё наздикону пайвандони онхо  хохиши оиладори бо духтари гайриточик-масалан рус дошта бошанд, онхо чи тавсия медода бошанд?

Фарзандони аз ин никоххо ба дунё омада аввалтар аз хама бо модарашон мехрубонтар ва наздиктар мешаванд ва баъдтар ояндаи онхо аз хамон гаравиши онхо ба ин ё он фарханг вобаста мегардад. Дар фарханги мо ба чанозаи падар дар катори мехмонон омадан нест, мо одати баъди мустакилият дар хаёт фаромуш кардани волидонро надорем, мо дилсузтар ва мехрубонтар хастем…

Шунидам, ки аксарияти мардхои точик, ки хамсари гайриточик доштаанд, дар охирин лахзахои умрашон баъзан ошкору баъзан пинхони аз хамин гуна оиладори ва зистанашон, ки як замон хаваси чанд касро меовард, пушаймони хурдаанд.

Зиндаги таззодхои зиёде дорад. Ба сари фарзанди инсон холату ходисахои гуногуне меоянд. Инсон амалу харакатхое мекунад, ки  дуруст ва нодурустиашро  баъзан баъди чандин дахсола дарк мекунад. Мардуми мо дониста мегуяд, ки  «худо касро дар пири хор накунад». 

Ман намегуям, ки нафарони хамсари гайриточикдошта дар пириашон хор шудаанд ва ё хор мешаванд, факат  тахмин мекунам, ки онхо хамеша дар дил кадом асрорро нигох медоранд ва ба  лаб ким- кадом харфи ногуфтае доранд, ки эхтимол дорам хамин аст, ки ман гуфтам!!!

комментариев 6

  1. Cалом…ба Худо ки бехтарин ва ачибтарин мавод. Ба навишатаи худатон шумо харфи ногуфтаи нафарони хамсари гайриточикдоштаро дар блогатон навиштед…Гумонаи харфхои ногуфта зиёданд ва умед хам хаст, ки ун харфоро танхо Шумо хохед гуфт…Саломату комёб бошед акаи Субхончон!!!

    Нравится

  2. Салом бародарам Субхон,ин маводе ки ман холо хозир хондам барои ман як таконе хам буд зеро замоне хурд будам яке аз хамин суханони боло навиштаатро дар нафаре мушохида карда будаму аммо то ба имруз дарк накарда будам ки он мард худ ба худ чи мегуфту лабчунбониаш дар холати танхоияш чиро мефахмонид,аммо имруз пас аз мутолиаи ин мавод дарк кардам…оре дарк кардаму гуфтам ки шояд ана хамин чизро худ ба худ аз хаёлаш мегузаронд…. шояд… Гохо худам хам хаста мешаваму хар гуна фикре ба сарам меояд яъне замони мухочир буданамро фикр мекунаму баъди каме таваккуф шукрона мекунам..бале шукрона мекунам… Ахсант бародар бехтарин маколаро навишти ман ба дигар чавоное ки сайри блоги ту доранд тавсия мекунам ки ин маводро хонанд зеро агар дар сар фикре нисбат ба гирифтори гнамудани зани гайри точикро дошта бошанд дур мешавад…. ва агар марди точик бимирад , дар назди зани точик бояд бимирад ба он хотир ки пас аз марг Худо хохад ки фарзандон хор намешаванд…. Ва бояд гуям ки Худованд тавфики хамаи занону модарони моро дихад …Омин…

    Нравится

  3. Салом!Бехтарин акаи Субхон.

    Нравится

  4. Салом. Хамон муйсафеде, ки ман дар ин мавод аз у ёдрас шудам, дируз аз дунё чашм пушид. Ман дар чанозаи у ширкат карда натавонистам, дар нохияи Восеъ будам. Аммо аз суханони наздикони он мард гуфтанд, ки дар охирин лахзахои умраш он мард хамин суханонро дар мавриди оилааш ва усули зиндагиаш гуфтааст…У мехостааст, ки точикона зиндаги кунад. Акнун наздикони у боалам ва гиря хамин чиро ёдрас мешаванду халос…

    Нравится

  5. Асалом акаи Субхон. Навиштаи хуб. Дуруст кайд кардед, ки баъзе занхои рус бехтар аз зани точик эхтироми шавхарро ба чо меоранд. Ман хам чанд зани русро дидаам ки дини исломро кабул кардаанд ва руза хам медоранд.
    Вале як чиз маро ба хайрат овард, шумо дар бораи хамсари рус навиштед, вале худи шумо хамчуноне ки дар Акспардоз мебинам хамсаратон зани рус будааст. Оё хамсари шумо низ дини исломро кабул кардааст???
    Чунки аз либоспушиаш ба зане ки мусулмониро кабул карда бошад хеч монанди надорад. Ва хамчунин ба дини мубини ислом чи кадар эхтиром доштани шумо хам пас аз дидани ин гуна суратхои ба назари ислом номакбул хабар медихад.

    Нравится

    • Саломалейк…Аввалтар аз хама ташаккур барои таваччухатон ба блоги ман! Баъд ин ки хамсари ман зани рус нест, точик аст! Ман дар «Акспардоз» расми уро умуман нагузоштаам! Он зане, ки расмаш шуморо хуш наомадааст, факат як хамкори ман аст. Шумо эхтиромро ба дин факат ба сурат вобаста кардаед, ки ин нодуруст аст. Дин факат сурат, сохтакори ва руймола дар гирди манах печондан нест! Бояд гуям, ки ман дар сахифаи «Акспардоз» зиндагии худамро бо суратхо ифода кардаам. Дар зиндагии ман хамин гуна лахзахое буд ва хаст, ки дар он расмхо омадааст. Табиист, ки ончо хаёлбофии ман аст ва шояд ба шумо писанд наомадааст. Ман метавонистам, ки ончо факат суратхои дар зиёратгоххову масчидхо гирифтаам, хамчунин расмхоямро бо рухониёни шинохта гузорам ва вонамуд кунам, ки ман супер-покизаву тоза хастам.Он вакт шумо боз шояд бовар мекардед, ки «а, раз вай кати фалон муллои калон сурат дорад, значить одами хуб аст..» Психологияи мардум хамин гуна аст. Аммо ман дустдори сохтакори ва колаб нестам. Дар «Акспардоз» зиндагии ман бо суратхо ифода ёфтааст. Андеша ва хаёлу расму блоги миллион кас шояд ба ман писанд нест, аммо ман андешаи худамро ба сари онхо бор намекунам ва онро ба дилам наздик хам кабул намекунам. Хаёлбофии ману шумо метавонад тафовут дошта бошад. Ва ин чизи мукаррари аст. Дар мавриди либос хам кушиш кунед, ки яктарафа бахо надихед, зеро либос факат либос аст. Ман хама чиро инчо навишта наметавонам!
      Вобаста ба чумлаи охиратон бояд гуям, ки хеч гох аз руи кадом блог, андешарони дар эфир ва кадом овоза ба инсонхо бахо надихед. Ман дар эфир андешаеро метавонам гуям, ки ба он мувофик нестам ва барои шавковар шудани он бахш онро мегуям, дар блог метавонам, ки чизхоеро чо дихам ва биорам, ки меъёри мусулмон будан ва набудан набуда, факат барои таваччухи дигарон аст. Инхо меъёр нестанд!!! Ман метавонам дар дискокулуб кор кунам, вале 5 вакт намозамро гузорам, мефахмед…? Сурат дигар аст, сират дигар, андешахо бояд доимо тахрик бихуранд, хушку яхбаста набошад. Чумлаи охиратона хамин гуна навиштед, ки гуё ки ман агар суратхои дар Самарканд, Дубай, Бухоро, Мазорхову Мавзеъхои мукаддаси кишвар гирифтаамро дар сахифаи «Акспардоз» мегузоштам, бихишти будам?! Шумо он вакт хам табиист, ки ба ман аз руи хамон суратъхо бахо медодед! Хатои худро акнун фахмидед ?
      Тани одами шариф аст ба чони одамият,
      На хамин либоси зебост нишони одамият.
      Агар одами ба чашм асту дахону гушу бини,
      Чи миёни накши девору миёни одамият….

      Нравится

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти