17 сентябри соли 2010

    Мавзуи истирохат дар ин руз хам пайдо шуд ва ман боз хам хамон гапи кухнаро навиштам, ки  «чи гуна мардуми мо худаш ба  мавзеъхои истирохати ва табобатии ватанаш дастраси надошта, уро мачбур мекунем, ки дар хама чо дар мавриди туризми байналмилали харф занаду вобаста ба чалби сайёхони хоричи андешарони кунад? «  Ба хар сурат, зинда бод, «туризми дохили»-и  Точикистон!  Бигзор рохи Шумо барои аёдати писари дар  «облава» дастгиршуда»-атон то кисми низомии у, рафтан барои хезум ба кухху пушта  (ки мо фурухтани онро дар афсона мешунидем ва мехондем!), давидан барои як «справка» ба сад дару ку ва раставу утоки кори, пиёда гузаштан аз гузаргохи пулакии роххои мошингард, ба нияти шифо аз сад кучаву деха чустани як  дамгару шикастабанд, хулоса, ки як табиби хуб….муборак бошаду бехатар ва нек!

  • Осоишгохи  Хоча-Обигарм аввалин истирохаткунандагонро кабул кардааст (1934)

Кариб 1000 сомони додан дар кишвари худат барои камтар аз ду хафта  таваккуф дар ин истирохатгох магар  истирохат аст?

Пора хам дар баъзе мавридхо  чизи баде нест…

  • Хунарманди мардумии Точикистон, барандаи чоизаи ба номи Рудаки -Фаррух Косимов таваллуд шуда буд (1948)

         Вокеан хам шахсони бузург мисли ситора хастанд, ки ба онхо хангоми афтиданашон хубтар таваччух мекунанд!

  • Дар СССР омузиши хатмии кори харби барои хамаи шахрвандон чори карда шуд (1941)

         Холо хам бояд баъзе кору амалро мачбури чори кунем-масалан, духтарони шахри хатман бояд курси кашонидани обро аз масофаи дур ва мутобикшави бо хаёти бе ванна ва бе чакузи омузанду барои духтарони дехоти харакат кардан дар назди камераи ТВ ва рохгардиро дар кучахои серодам ёд бидиханд. Ки медонад, ки баъди чанд сол  чи ходисахо рух медихад!

  • Дар Лондон табибон тахмин карда буданд, ки агар шумораи лунатикхо хамин гуна афзоиш ёфтан бигирад, баъди 40 сол шумораи камаклу беаклхо дар руи замин аз шумораи боаклхо бештар мешавад (1910)

         Маълум мешавад, ки пешгуии олимони англис на баъди 40 сол, балки баъди сад сол ва тамоман дар гушаи дигар олам дуруст баромад!

  • Джеймс ФОРРЕСТОЛ чун аввалин Вазири мудофиаи Амрико касам ёд кард. Баъди камтар аз ду сол у худро аз тиреза бо садои «Русхо меоянд!» ба поён хаво дода буд!   

         Ин  чиз холо ба ягон вазир тахдид намекунад. Ягон вазир гумонам бо дарки баланди масъулият аз тирезаи утоки аз таъсири кондиционер салкинаш худро бо садои «Хитоихо меоянд!»  ва ё  «Мухочирату катли точик то ба кай?»…  ба поён хаво намедихад!!!     

                                                                                                                           

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти