Ман рузи якшанберо дуст медорам. Барои он, ки ин руз дар кучахои рузхои дигар пургалогула ва хатто дар кучаи лулихо хам ороми хукмфармо мешавад. Махсусан вакти сахар! Ва ман аз хамин фурсат истифода мебарам ва ба куча мебароям. Он вакт хаёлам, ки дар ин шахр факат ман ягона нафари хушбахтам , факат ман дар он ороми ва сукут аз шоди ва фарах бе садо фарёд мезанам, он вакт ман гумон мекунам, ки ба микдори хамон чанд соате, ки ману писаронам дар кучахо мегардем, вакт ба умрамон изофа мешавад…
Имруз дар мавриди рохи занхо аз руи даст ба гардан, вазифаи асосии шароб, никохи духтараки 11 сола, мачаллаи Вазорати меллиорация ва хочагии об бо номи «Кади чуйбор» ва «ксерокопия»-и пулхо навиштаам.
-
Дар Зеландияи нав аввалин шуда ба занхо хукуки ширкат дар интихоботро додаанд (1893)
Дуруст кардаанд! Ба зан бояд хама гуна хукук ва имконияту озодиро дод, уро ба руи даст бардошт. Ба гардан бошад, онхо худашон мешинанд!
-
Бори аввал дар таърих дар Белгия озмуни зебои баргузор шудааст (1988)
Занхо ва духтарон безеб намешаванд! Факат баъзан шароб ками мекунад!
-
Хунарпешаи шоистаи Точикистон Барзу Абдураззоков таваллуд шудааст (1959)
Садсола шавад рафики озодаи мо,
Хамсухбату хамнишину хамбодаи мо.
Бингар ба сари баланду руи сурхаш,
Чашме нарасад ба ин худододаи мо!
-
Дар Квебек (Канада) бори аввал никохи ду нафар- М. Седильои 11 сола ва Ж. Обушон ба кайд гирифта шудааст (1654)
Никох! Яъне чи? Яъне ки «дидагихо пушаймону нодидахо дар оромон!»
-
Дар СССР мачаллаи «Милиция» таъсиси ёфтааст (1922)
Биёед, як бор бинем, ки агар макомоти дигар хам мисли милисахо мачаллаи худро медоштанд, он тахминан чи ном медошт:
-
Вазорати молия — «Кисса» ё «Сварка»
-
Вазорати мелиорация ва хочагии об — «Кади чуйбор»
-
Вазорати кишоварзи — «Арчахорак»
-
Вазорати иктисод ва савдо — «Мухаббати чек ва касса»
-
Вазорати маориф — «Nokia» ва ё «Samsung»
-
Вазорати мехнат ва хифзи ичтимои — «Уф-фф»
-
Кумитаи кор бо занон ва оила — «Обручалка» ё «Гадалка»
-
Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёхи — «Трамплин»…
-
Честер КАРЛСОН-физики амрикои, ихтироъкардаи чараёни нусхабардори (ксерокопия) вафот кардааст (1968)
Ки медонад, ки у вафот кардааст ва ё хангоми «ксерокопия»-и пулхо уро хамсояхои бепул ва гуруснааш куштаанд?
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Барзу, Милиция, вазоратхо, интихобот, ксерокопия, никох |













Салом акаи Субхончон, ба рости бароям донистани сину соли хамон марде, ки бо духтараки 11 сола акди никох бастааст, хеле ачиб менамояд…Дар мавриди номгуии мачаллахои вазорату кумитахо низ хеле оли ва шухиомез навиштаед… Ба хусус мачаллахои «Кади чуйбор»-и ВМХО, «Обручалка» ва «Гадалка»-и КЗО ва «Арчахорак»-и ВК …Саломат бошед акаи СУбхончон, бо навиштахои хазлометазон ба рости ки касро то чанд муддат болидарух месозед. Муваффак бошед!!!
НравитсяНравится